Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дар умрам театр нарафтаам". Чаро намоишномаҳо тамошобин надоранд? ВИДЕО


Акс аз саҳнаи яке аз намоишномаҳои тетарӣ дар Тоҷикистон
Акс аз саҳнаи яке аз намоишномаҳои тетарӣ дар Тоҷикистон

7-уми ноябр театри тоҷик 92 сола шуд. Ба ин муносибат қарор аст дар театрҳои кишвар намоишҳои идона баргузор шаванд ва дар маҳфилҳо аз бурду бохти ин бахши фарҳангу ҳунари Тоҷикистон суҳбат кунанд.

Солҳои охир нигарониҳо аз вазъи театри тоҷик зиёд мешавад. Ҳунармандон аз толорҳои холӣ ё маҷбуран овардани тамошобин норозианд. Чандин нафар аз ҳамсуҳбатони мо дар Душанбе ҳам гуфтанд, дар умри худ боре ба театр нарафтаанд. Чаро чунин аст ва донандагони вазъ чӣ мегӯянд?

Шарифӣ: вақте тамошобинро маҷбурӣ меоранд, розӣ нестам

Мегӯянд, чанд даҳсола пеш театр дар Тоҷикистон онгуна сербинанда буд, ки одамон дар назди дари он билет меҷустанд ва толорҳо пур аз мардум буданд.

Видео дар бораи театри тоҷикро инҷо тамошо кунед:

Вақте ки дар бораи Ҳувайдо намоишнома нест...
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:35 0:00

Ҳоло бештари тамошобинон хонандагони мактаб ё донишҷӯёнанд, ки билетҳоро ба сарашон бор кардаанд ё омӯзгорон онҳоро ба театр меоранд. Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва Театри ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов шоҳид шуданд, ки хонандагони мактаб ва донишҷӯёнро барои тамошои намоишномаҳо оварда буданд. Мухлисони театр бошанд ангуштшуморанд. Чунин вазъ ба ҳунарпешагон таъсири манфӣ мегузорад.

Абдулмуъмин Шарифӣ, ҳунарманди тоҷик
Абдулмуъмин Шарифӣ, ҳунарманди тоҷик

Абдулмумин Шарифӣ, ҳунарпешаи Театри ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов мегӯяд, аз вазъи театр дар кишвар розӣ нест. Чун ба гуфтаи Шарифӣ, театрҳо бинандаи доимӣ надоранд ва “кам-кам бинандаро иҷборан меорем.”

“Ҳамон вақте, ки пушти дари театрҳо навбат меистанд, ҳамон вақте ки мардум хоҳиши театр рафтан мекунанд ва мардум дарк мекунанд, ки театр чист, он вақт месазад, ки розӣ бошӣ аз вазъ,”--афзуд ин ҳунарманд.

Интернет мардумро аз театр дур кард?

Дар ҷомеаи Тоҷикистон ақидае роиҷ аст, ки пайдо шудани интернет ва дастрасии оммавӣ ба филму намоишҳо дар он сабаби аз театр дур гаштани мардум шудааст. Вале бархе аз ҳунарпешагон чунин ақидаро намепазирад.

Ба гуфтаи Ғаниҷон Олимов, ҳунарпешаи Театри ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, дар Аврупо ва дигар кишварҳои пешрафта театр дар ҷойи аввал аст ва моҳҳо пеш билетҳо фурӯхта мешаванд. “Филм дигар чиз аст ва ба куллӣ аз театр фарқият дорад. Дар театр чизи зинда аст, воқеае аст, ки ҳозир рафта истодааст, зинда аст.”,--гуфт ӯ.

Посухи мардум ба суоли чаро театр намеравед?

Дар ҳоле, ки Ғаниҷон Олимов ва чанд ҳунарпешаи дигар аз тамошобинон барои хотири ба театр наомадан гила мекунанд, мардум назари дигар доранд. Аксари ҳамсуҳбатони мо дар Душанбе гуфтанд, дар умрашон ягон бор ба театр нарафтаанд. Аз 16 ҳамсуҳбати мо фақат як нафар ба театр рафтааст. Он ҳам шаш моҳ пеш ва аз ҳисоби ҷойи кор. Ин ҳам дар ҳоле ки Тоҷикистон 20 театри касбӣ дорад. Сокинон далели нарафтани худ ба театрро гуногун шаҳр медиҳанд. Посухи бисёре аз мусоҳибони мо ин буд, ки мушкилии зиндагӣ ба онҳо имкон намедиҳад, ки ба театр раванд.

“Замона ҳаминхел, фақат кор, аз пайи зиндагӣ, охир ин нарху навора бин, кор накунӣ нашавад. Театр дар он сӯ мондагӣ,”--гуфт як мусоҳиби Радиои Озодӣ.​

Чаро қазияи Ҳувайдо ва Руфайда намоиш дода намешавад?

Бархе коршиносон мегӯянд, театрҳои кишвар одамонро ба худ намекашанд, чун натавонистаанд, ба пурсишҳои имрӯзаи мардум посух гӯянд ва дардҳои ҷомеаро ба намоиш гузоранд.

Далери Имомалӣ
Далери Имомалӣ

Ба таъкиди Далери Имомалӣ, ҳунарманди ҷавони тоҷик театрҳо бештар ба драматургияи асрҳои гузашта таваҷҷуҳ карданд ва намехоҳанд аз мушкилиҳои имрӯза бигӯянд. “Қазияи Ҳувайдо ва Руфайда магар фоҷеа нест, ки рӯйи саҳна биояд? Ҳазорҳо мушкилотҳое аст, ки ҷигархарошанд, ки имрӯз бояд рӯи саҳна биоянд. Ва дар ин баробар ҳазорҳо дастовардҳои хубу зебо ҳам дорем, ки инҳо ҳам бояд рӯи саҳна биоянд. Яъне барои чӣ мо имрӯзро рӯйи саҳна намеорем?”-мепурсад Далели Имомалӣ.

Видеои назари мардум дар бораи театрро инҷо тамошо кунед:

Суол аз мардум: бори ахир кай театр рафта будед?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:33 0:00

Камбуди намоишномаҳои муосири миллӣ, режиссураи пешрафтаи драмаҳои асрҳои гузашта ва набудани нақду таблиғи театр низ таъсири худро доранд. Ин ҳам гуфта мешавад, ки дар давраи шӯравӣ шахсони аввали кишвар ва ҳамсарони онҳо мухлиси театр буданд, ки дигаронро низ водор ба пайравӣ мекард. Бо вуҷуди давраи сахти худ умеди он зинда аст, ки рӯзе театри тоҷик ҷойгоҳи пештарашро бозмегардонад.

Аз ҷумла Хушнуди Дадо, ҳунарпешаи театри Конибодом ва иҷрокунандаи нақши машҳури “Қори Ишкамба” хурсанд аст, ки ҷавонон ба театр меоянд ва нақш меофаранд. Вале Хушнуди Дадо ба он таъкид мекунад, ки “агар ин ҷавонон дастгирӣ наёбанд ҳатман театрро тарк мекунанд.

Орзуи ҳамаи кормандони театр пур будани толорҳост. Аммо маълум нест, кай ин орзу амалӣ мегардад.

XS
SM
MD
LG