Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарояндаи беҳтарин кист? “Азия Плюс” озмун баргузор мекунад. ВИДЕО


Радиои “Азия Плюс” тасмим гирифтааст, ки баъди чанд соли таъхир дар шаҳри Душанбе маросими “Tarona Music Award”-ро баргузор кунад.

Ин шабака то соли 2006 озмуни “Суруди сол” баргузор мекард, вале дар пайи мухолифати Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар робита ба истифодаи номи озмун аз идомаи он худдорӣ кард. Санаи баргузории озмун 11-уми декабр аст.

Гурӯҳи расонаҳои “Азия Плюс” эълон кард, ки то охири соли ҷорӣ маросими “Беҳтарин таронаи соли 2021”-ро баргузор мекунад. Манижа Аҳмадова, роҳбари радиои “Азия Плюс” дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо аз ду сол қабл тасмим доштанд, баргузории ин маросимро азсар бигиранд, аммо хуруҷи бемории COVID-19 дар минтақа монеъ шудааст. Ӯ гуфт, ба далели камбуди вақт то охири сол, шеваи баргузории ин маросим низ тағйир ёфтааст.

Манижа Аҳмадова афзуд, дар асл мехостанд беҳтарин овозхони эстрадаи тоҷикро аз тариқи раъйдиҳӣ муайян созанд, вале ҳоло вақт барои ин кор кам монда ва тасмим шуд, ки беҳтаринҳоро аз тариқи миқдори дархостҳои шунавандаҳо дар бораи пахши ин ё он суруд муайян кунанд. Ҳоло рӯйхате таҳия шудааст ва ба баррасии ҳакамони озмун пешниҳод мегардад.

Ба гуфтаи Манижа Аҳмадова дар феҳрасти дархостҳои шунавандаҳои радиои “Азия Плюс” панҷ таронаи нави Нобовар Чаноров, овозхони машҳури эстрадии тоҷик низ қарор дорад, ки дар як соли ахир эҷод шудаанд. Худи Нобовар Чаноров дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ду соли ахир хуруҷи COVID-19 барои эҷодкорон душвориҳо пеш овард.

“Дар ин муддат мо ба сурати фосилавӣ кор карда, оҳангҳо эҷод мекардем. Гоҳ-гоҳе ба навозандагон дар осорхонаи Гурминҷ Завқибеков ҷамъ омада, оҳанги офаридаро ниҳоӣ мекардем. Аслан, ман мухолифи мафҳуми озмун ҳастам. Тарона хуб ё бад буда метавонанд ва миёни сурудаҳои хуб беҳтаринашро мешавад интихоб кард. Ба ҳар сурат, баргузориии чунин маросимҳо ба муаррифии овозхонҳои тоҷик метавонанд мусоидат кунанд”,--гуфт ӯ.

Видеои суҳбати Нобовар Чаноровро инҷо тамошо кунед:

Сарояндаи беҳтарин кист? Озмун дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:19:26 0:00

Дар гузашта муассисаҳои мухталифи Тоҷикистон озмунҳои беҳтарин суруд ё тарона баргузор мекарданд. Радиои “Азия Плюс” то соли 2006 се маротиба чунин озмунеро бо номи “Суруди сол” баргузор кард. Ширкати “Tamoshow” низ ба баргузории чунин як маросиме иқдом мекард. Аммо, ба гуфтаи Зеваршоҳи Муҳаммад, муаллифи барномаҳои тафреҳӣ, истифодаи номи “Суруди сол”-ро Вазорати фарҳанги Тоҷикистон моли танҳо ин ниҳоди давлатӣ донист.

Ба гуфтаи Зеваршоҳи Муҳаммад, дар натиҷа, радиои “Азия Плюс” баргузории ин озмунро қатъ карда, як ё ду сол озмуни “Таронаи сол” барпо кард. "Бояд гуфт, ки баргузории чунин озмунҳо даромаднок буд, зеро ҳар як овозхон барои ширкат дар он маблағи муайянеро пардохт карда, барои гирифтани ҷойи намоён маблағи бештарро сарф мекард",-афзуд Зеваршоҳи Муҳаммад.

Бо ин ҳол, Зеваршоҳи Муҳаммад бар ин назар аст, ки муваффақ шудани “Азия Плюс” дар баргузории “Таронаи сол” зери суол аст. Зеро, ба гуфтаи ӯ, “талаботи тамошобини тоҷик ба чунин озмунҳову маросимҳо тағйир ёфтааст ва анҷоми он ба гунаи консертҳои ҳукуматӣ ғайри қобили қабул мебошад. Тамошобинҳои тоҷик, ки то ин авохир ба барномаҳои тафреҳии шабакаҳои телевизионии хориҷӣ, аз ҷумла, “Тулӯъ”-и Афғонистон дастрасӣ доштанд, мехоҳанд ин озмунҳо ба шакли силсилавӣ ё зинда намоиш дода шаванд. Мутмаин нестам, ки “Азия Плюс” чунин хостаҳои тамошобини тоҷикро тавонад бароварда созад”.

Масъулини маросими “Таронаи сол” мегӯянд, ки “Ориёнбонк” ва ширкати “Мармарӣ” сарпарастони маросими “Таронаи сол” мебошанд ва барои овозхонҳо нишонаҳои вижаи фармоишшуда аз маодини қимматбаҳо тақдим карда мешавад.

XS
SM
MD
LG