Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буҷаи соли 2022 қабул шуд. Даромад – 33 миллиард сомонӣ, харҷ – 33,6 миллиард сомонӣ. ВИДЕО


Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, ҳангоми суханронӣ дар порлумон. 24-уми ноябри 2021
Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, ҳангоми суханронӣ дар порлумон. 24-уми ноябри 2021

Вакилони Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон, рӯзи 24-уми ноябр бе баҳсу баррасии зиёд буҷа (буҷет)-и соли ояндаро тасдиқ карданд.

Мақомот гуфтанд, буҷаи соли оянда дар муқоиса ба буҷаи имсол 19 дарсад зиёд аст. Дақиқ нест, якбора ин миқдор афзудани буҷа барои андозсупорандагони кишвар чӣ мушкилӣ меорад. Мақомот бовар доранд, тибқи пешбинии онҳо, Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ (ВВП) соли оянда 7.9 дар сад зиёд мешавад ва афзоиши чашмгири буҷа ба ин хотир аст. Коршиносон мегӯянд, мақомот ба ҷойи ҳамасола зиёд кардани буҷа бояд хароҷоти давлатиро кам кунанд.

Даромади каму харҷи зиёд, чаро?

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молия, дар назди вакилон гуфт даромади буҷаи соли оянда 33 миллиард сомонӣ ё қариб 3 миллиард доллар пешбинӣ шудааст, ки дар муқоиса ба буҷаи имсола беш аз 19 дарсад ё 5,3 миллиард сомонӣ зиёд аст.

Вазир афзуд, хароҷоти буҷаи соли оянда 33.6 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст ва қариб нисфи он барои соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маорифу тандурустӣ харҷ мешавад. Ҳамчунин дар буҷаи соли оянда 3.2 миллиард сомонӣ барои пардохти қарзи хориҷии кишвар пешбинӣ шудааст.

Касри буҷа ё барзиёдии хароҷот нисбати даромад дар буҷаи соли оянда 623 миллион сомонӣ аст. Вазорати молия пешбинӣ кардааст, ки касри буҷаро аз ҳисоби хусусигардонии амволи давлатӣ ва ёриҳои созмонҳои молии ҷаҳонӣ мепӯшонад.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Вакилони тоҷик буҷаи 2022-ро бе баҳс қабул карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:21 0:00

"Чаро пули буҷа ба ҳайкалсозӣ сарф шавад?"

Буҷаи давлатии Тоҷикистон ҳамасола аз ҳисоби андоз ва пардохтҳои гумрукӣ пур карда мешавад. Аз ҷумла, 70 дарсади буҷаи соли ояндаи Тоҷикистон аз ҳисоби андоз ва пардохтҳои гумрукӣ бояд таъмин шавад. Ин аст, ки соҳибкорон аз сарбории гарони андоз шикоят мекунанд. Коршиносон аз ҳоло нигаронӣ доранд, ки 5,3 миллиард сомонӣ зиёд шудани буҷа, сарбории андозро болои соҳибкорон афзоиш медиҳад.

Фозилҷон Фатҳуллоев, шореҳи иқтисодии “Азия-Плюс”, мегӯяд, фишори андозиро метавон аз қатъи фаъолияти соҳибкорон фаҳмид.

Фозилҷон Фатҳуллоев
Фозилҷон Фатҳуллоев

"Ҳамин сол фишори андоз зиёд буд барои аксари андозсупорандагон, ҳатто шумораи зиёди ширкатҳо фаъолияти худро бас карданд. Ин маълумоти расмӣ аст. Аз хиёбони Рӯдакӣ то Садбарг чандин мағоза аст, ки фаъолияташон тамом шудааст. Агар аз соҳиби онҳо пурсед, ки барои чӣ фаъолиятатонро бас кардед, сабаби онро ба андоз рабт медиҳанд," -- афзуд коршинос.

Дар солҳои ахир, мақомот ҳамеша ба хотири зиёд шудани Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ, буҷаро низ зиёд мекунанд. Бархе таҳлилгарон мегӯянд, ин роҳи ҳал нест ва бояд хароҷоти давлатӣ, ки аз ҳисоби буҷа пардохта мешаванд, кам карда шавад.

Ба таъкиди коршинос Фозилҷон Фатҳуллоев, “ба ҷойи онки маблағҳои буҷаи давлатӣ ба рушди саноат, алалхусус соҳаи энергетика ва таъмири нерӯгоҳҳо сарф шавад, мебинем, фақат ба ҳайкалсозӣ ва сохтмони марказҳои фарҳангӣ сарф мешавад, ки мардум на он қадар ҳавасмандӣ доранд.”

Солҳои охир дар бисёре аз шаҳру ноҳияҳои кишвар аз ҳисоби буҷа ҳайкалҳои Исмоили Сомонӣ ва марказҳои фарҳангӣ сохта шудаанд. Мақомот ин корро барои тарғиби фарҳанг ва худшиносии миллӣ муҳим медонанд. Коршиносон даъват доранд, ки маблағи буҷа сарфакорона истифода шавад.

XS
SM
MD
LG