Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавлиди чарс дар Афғонистон қонунӣ мешавад


Ҳукумати Толибон мегӯяд, бо як ширкат аз Австралия ба созиш расидааст, ки як корхона барои истифодаи тиббӣ ё доруӣ аз ҳашиш ё чарс дар Афғонистон бисозад.

Вазорати корҳои дохилии ҳукумати Толибон рузи чоршанбеи 24-уми ноябр гуфт, бо ширкати "Cpharm" - Австралия барои таъсиси ин корхона як қарордод имзо кардаанд. Қорӣ Саид Хустӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии ҳукумати Толибон дар "Твиттер" навишт, ки қарордод имзо шудааст ва кори таъсиси коргоҳ дар чанд рузи оянда оғоз мешавад.

Тибқи гузоришҳо, муовини вазорати мубориза бо маводи мухаддир дар ҳукумати Толибон рузи сешанбе бо намояндаи ин ширкати австралиягӣ мулоқот кардааст. Ин ширкат ӯҳдадор шудааст, ки барои ин тарҳ 450 миллион доллар сармоягузорӣ мекунад.

Аммо хабаргузории "Ройтерз" аз қавли масъулини ин ширкат хабар дод, ки ҳеҷ гуна музокироте бо Толибон дар ин замина сурат нагирифтааст.

Сухангӯи Вазорати корҳои дохилии ҳукумати Толибон гуфтааст, ки ширкати "Cpharm" аз ҳашиш ё чарс кремҳои тиббӣ тавлид мекунад ва ҳосили ҳашишро аз ҳазорон деҳқон дар Афғонистон харидорӣ хоҳад кард. Табибон ҳам мегӯянд, ки дар сохтани бархе аз доруҳои оромкунанда аз модаи ҳашиш истифода мешавад.

Истифода аз ҳашиш ё чарс дар бархе кишварҳои ғарбӣ то ҳадде иҷозат аст, вале тиҷорати он ҳануз ҳам мамнуъ мебошад.

Сухангӯи Вазорати корҳои дохилии ҳукумати Толибон гуфтааст, ки бо роҳандозии ин тарҳ, шуморе аз мардум дар Афғонистон ҷойи кор пайдо хоҳанд кард.

Чарс ва тарёк дар 20 соли гузашта як манбаи даромади муҳими ҳукумати пешин ва Толибон дар Афғонистон будааст.

Дар даҳ соли ахир Афғонистон яке аз истеҳсолкунандагони аслии маводи мухаддир дар ҷаҳон ба шумор мерафт. Аз соли 2002 ба ин тараф кишт ва тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон пайваста дар ҳоли афзоиш будааст.

Шарҳҳоро бинед (6)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG