Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи эътирозҳо дар Хоруғ. Манбаъ: "Музокирот бенатиҷа поён ёфт" ВИДЕО


Шаҳри Хоруғ
Шаҳри Хоруғ

Музокироти намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомот дар мавриди ҳодисаҳои ду рӯзи охир дар шаҳри Хоруғ шоми 26-уми ноябр ба поён расидааст.

Як узви гурӯҳи корӣ ба шарти фош нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, "музокирот бенатиҷа анҷом шуд." Мақомот дар бораи музокирот ва натиҷаҳои он ба таври расмӣ чизе нагуфтанд.

Ба қавли ҳамсуҳбати мо, дар нишаст сардори Раёсати корҳои дохилии Суғд Абдулло Навҷувонов, вазири энергетика Далер Ҷумъа ва вакили Маҷлиси Намояндагон аз ВМКБ Азиз Гиёев иштирок доранд. Гуфта мешавад, мехоҳанд, ба раванди музокирот раиси пешини ВМКБ Ёдгор Файзовро низ ҷалб кунанд.

"Эътирозгарон талаб карданд, ки баргузории гирдиҳамоӣ расмӣ карда шавад, то дар оянда иштирокчиёни он таҳти таъқиб қарор нагиранд, вале пазируфта нашуд," -- гуфт мусоҳиби мо.

Аз он пештар Бахтовар Бахтиёров, яке аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ ва иштирокдори мулоқот, ба Радиои Озодӣ гуфт, аз раиси вилоят, Алишер Мирзонаботов, хостаанд, ба назди эътирозгарон барояд, вале ӯ рад кардааст. Раиси вилоят ва мақомоти дигар барои шарҳи масъала то ин дам дастрас нестанд.

Идомаи эътироз дар Хоруғ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:32 0:00

Бахтиёров мегӯяд, рӯзи 25-уми ноябр низ бо Мирзонаботов мулоқот доштанд ва ӯ пешниҳоди бас кардани оташкушоиро ба тарафи мардум пазируфта буд. "Мирзонаботов дар назди мо ба милисаҳое, ки дар атрофи майдон буданд, занг зад ва гуфт, тиркушоӣ накунанд. Баъд аз он то кунун тиркушоӣ рух надодааст. Мо имрӯз мехоҳем, Интернет барқарор карда шуда, роҳи ҳалли мушкили пешомада ёфта шавад," – гуфт ӯ.

Бар илова сокинон хостаанд, посгоҳҳои назоратӣ дар шаҳри Хоруғ бардошта шаванд. Яке аз эътирозгарон рӯзи 26-уми ноябр дар майдони марказии Хоруғ гуфт: "Будани постгоҳҳо барои мардум хатар эҷод мекунанд. Аз ин роҳҳо хонандагони мактаб ва шаҳрвандони одӣ мегузаранд. Ҳар лаҳза эҳтимоли таниш ва тирпаронӣ вуҷуд дорад. Талаби мо ин аст, ки тамоми постгоҳҳоро бардоранд. Ин хатарҳои эҳтимолиро кам мекунад. Ин талаби қатъӣ аст."

Вай ҳамзамон афзуд: "Сокинон ҳеч вақт тарафдори нооромӣ набуданд ва нестанд, аммо ба ин нигоҳ накарда, мардумро бе ягон айбу гуноҳ дар хонаҳояшон паронда истодаанд. Чӣ гуна метавон дар ин вазъият орому хунсард монд? Ҳатман бояд касе ҷавоби ин ҷиноятро бидиҳад."

Садҳо нафар ду рӯз боз дар шаҳри Хоруғ ҷамъ омадаанд. Онҳо аз он эътироз доранд, ки Гулбиддин Зиёбеков, сокини 29-солаи ноҳияи Роштқалъа, ҳангоми амалиёти ниҳодҳои қудратӣ кушта шудааст.

Додситонии Бадахшон амалиётро тасдиқ кард, аммо дар баёнияи расмӣ танҳо захмӣ шудани Зиёбековро зикр намуд. Додситонӣ гуфт, Зиёбеков ва чанде аз ҳамроҳонаш бо гумони гаравгонгирӣ ва барангехтани кинаву адовати миллӣ дар кофткоб буданд.

Рӯзи 26-уми ноябр дар бораи кушта шудани ду нафари дигар гузориш расид. Мақомот дар бораи захмӣ шудани 5 корманди ниҳодҳои қудратӣ хабар дода, дар бораи ҳалокшудагон иттилое надоданд.

Бахтовар Бахтиёр мегӯяд, "дар ҳоли ҳозир наздик ба чаҳор ҳазор нафар дар майдони марказии шаҳри Хоруғ ҷамъ шудаанд."Тасдиқи дурустии ин шумора феълан ғайриимкон аст.

Бино ба наворҳое, ки рӯзи 26-уми ноябр аз Хоруғ дастраси мо шуд, дида мешавад, дар назди тазоҳургарон ду тобут гузошта шудааст. Онҳо 25-уми ноябр тобути Гулбиддин Зиёбековро бо худ ба майдон оварда буданд.

XS
SM
MD
LG