Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Девори Муродҷон дигарбора дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон баҳс барангехт. ВИДЕО


Марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Чанде аз сокинони як деҳа дар ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рӯзи 30-юми ноябр аз ҳузури низомиёни Қирғизистон дар атрофи хонаҳояшон ибрози нигаронӣ карданд. Ин деҳа бо ҷамоати Мақсади ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ҳаммарз аст. Идораи марзбонии Тоҷикистон вазъро расман шарҳ надодааст. Хадамоти сарҳадбонии Қирғизистон гуфт, аз корҳои сохтмонӣ дар як минтақаи баҳсӣ дар марз бо Тоҷикистон пешгирӣ кард.

Бино ба наворҳое, ки сокинон аз Овчӣ-Қалъача ба Радиои Озодӣ фиристоданд, шумори зиёди низомиён ва радду бадали тарафҳо дида мешавад. Сокинон мегӯянд, ҳузури низомиёни Қирғизистон дар минтақа рӯзи 30-юми ноябр ва пас аз он афзуд, ки Муродҷон Ҷӯрабойзода, бошандаи деҳаи Қалъача, хостааст, атрофи хонаашро бо девор маҳкам кунад.

Ҷӯрабойзода 30-юми ноябр дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт: "Тақрибан 25 сол боз дар ҳамин ҷо зиндагӣ мекунем. Пештар имкони молӣ набуд. Ҳоло имкон пайдо шуд ва хостем, ки атрофи ҳавлиро девор кунам, то фарзандон бемалол шустушӯ кунанд ва дарахтон нахушканд. Устоҳо ба кор сар карданд, вале низомиёни Қирғизистон монеъ шуданд."

Мусоҳиби мо афзуд, то моҳи апрели имсол, замони задухӯрди маргбор дар сарҳад, мақомоти Қирғизистон ба сохтмон дар дохили ҳавлиҳо монеъ намешуданд, "вале ҳоло халал мерасонанд".

Тарафи Қирғизистон дар баёнияи расмӣ иддао кард, ки "ҳудуди 30-35 шаҳрванди Тоҷикистон дар канори шоҳроҳи Мақсад-Арка девор сохтанӣ буданд." "Бо дархости нерӯҳои марзбонии Қирғизистон шаҳрвандони Тоҷикистон сохтмони деворро бас карданд," – гуфта шудааст дар баёния.

Хонаҳои тоҷикону қирғизҳоро дар ин минтақа як роҳ ҷудо мекунад
Хонаҳои тоҷикону қирғизҳоро дар ин минтақа як роҳ ҷудо мекунад

Намояндагони мақомоти маҳаллӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони деворро дар канори роҳ бо Қирғизистон тасдиқ намекунанд. Онҳо мегӯянд, баҳс бар сари бунёди девор дар ҳавлии Муродҷон Ҷӯрабойзода сар задааст ва дар ҳоли ҳал шудан аст.

"Нофаҳмӣ шудааст. Мо дар сатҳи мақомоти ноҳия гуфтушунид дорем. Дар як-ду рӯзи оянда масъалаи сохтмони сокинон ҳалли худро меёбад. Пештар ҳам чунин монеаҳо мешуданд ва дар натиҷаи гуфтугӯҳо ҳалли худ меёфтанд. Ҳозир муваққатан Муродҷон Ҷӯрабойзода сохтмони атрофи ҳавлиашро боздошт," – гуфт Аҳмадҷон Шукуров, раиси ҷамоати Овчӣ-Қалъача, рӯзи 30-юми ноябр.

Манобеи расмӣ мегӯянд, аксар бошандагони мавзеъ, ки пештар заминҳои наздиҳавлигӣ гирифта буданд, имсол ба сохтмони деворҳо шуруъ кардаанд.

Ин наворро корбарон аз Овчӣ-Қалъача фиристоданд:

Баҳси девор дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:48 0:00

Тоҷикистону Қирғизистон 970-980 километр сарҳад дошта, танҳо 519 километри онро таъину нишонагузорӣ кардаанд. Минтақаҳои номуайян ва баҳсӣ дар марз пайваста боиси ҷанҷолу тирпаронӣ мешавад. Бар асари задухӯрд дар охири моҳи апрели имсол дар сарҳад 19 шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва 87 нафар захмӣ шуданд. Қирғизистон дар бораи кушта шудани 36 нафар (аз ҷумла ду кӯдак) ва захмӣ шудани 154 кас хабар дод.

Робитаҳои Душанбеву Бишкек дар ҳоли ҳозир сарду печида мемонад. Қирғизистон марзашро ба рӯйи шаҳрвандони Тоҷикистон бастааст ва ду кишвар барои боздошт ва истирдоди шаҳрвандони якдигар дар кишвари севум, Русия, часпу талош доранд.

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG