Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миёни Толибон ва марзбонони Эрон даргирӣ сурат гирифтааст


Тибқи гузоришҳои расонаҳои маҳаллӣ ва байналмилалӣ, рӯзи чаҳоршанбе миёни Толибон ва нерӯҳои марзбонии Эрон дар сарҳади вилояти Нимрузи Афғонистон ва Систон ва Балуҷистони Эрон, даргирӣ сурат гирифтааст. Ин даргирӣ чанд соат идома кардааст. Бархе расонаҳо хабар доданд, ки чанд постгоҳи марзбонони эронӣ ба дасти Толибон афтодааст. Хабаргузории "Тасним" наздик ба Сипоҳи посдорони Эрон хабарҳо дар бораи даргириҳоро тасдиқ, аммо суқуқти чанд постгоҳро рад намуд.

Як манбаъ дар ҳукумати Толибон, ки бинобар ҳассос будани мавзуъ нахост аз ӯ ном бурда шавад, ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфтааст, ки даргириҳо соати 5-и шом оғоз шуд.

Манбаи Толибон гуфт, нерӯҳои кӯмакрасон аз Заранҷ -- маркази вилояти Нимруз ба минтақаи ҷанг фиристода шудааст. Як тан аз Толибон ба Радиои Озодӣ гуфт, се постгоҳи нерӯҳои марзбонии Эронро тасарруф кардаанд. Ӯ афзуд, "се постгоҳро тасарруф кардаем".

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории эронии "Тасним", наздик ба Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон иддаоҳо дар мавриди ба дасти Толибон афтодани се постгоҳи нерӯҳои марзии Эронро рад кард. "Тасним" дар шарҳи ин ҳодиса навишт, ки ин даргирӣ бинобар як "суитафоҳум" бар сари минтақаи марзии Шағолак рух додааст.

Вале як тан аз сокинони маҳаллӣ ривояти дигарро дар бораи ин ҳодиса нақл кард. Валӣ, ин сокини минтақа гуфт, "ҷанг бар сари мусофирон аст, бар сари мусофирон ҷанг шуруъ шудааст, маълумоте, ки мо дорем, эрониҳо ба сӯи мусофирон тирандозӣ карданд".

Аммо хабаргузории эронии "Тасним" гуфт, "бархӯрд ҳангоме оғоз шуд, ки шуморе аз деҳқонони эронӣ аз деворҳое убур карданд, ки аз сӯи Эрон барои пешгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир дар марз бунёд шудааст. Аммо Толибон фикр карданд, ки бар сари сарҳади онҳо таҷовуз сурат гирифтааст".

Дар ҳамин ҳол, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон гуфт, ки барои ҳалли мушкили пеш омада талош мешавад. Саид Хатибзода, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон даргирии марзиро "ихтилоф байни сокинони минтақаҳои марзӣ" гуфт ва афзуд, бо ҳамоҳангии марзбонони ду тараф вазъ зери назорат аст ва даргириҳо поён ёфтааст.

Дар наворҳои видеоие, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба нашр расид, дида мешавад, ки Толибон аз силоҳҳои сабук ва вазнин истифода мекунанд. Хабаргузории "Тасним" гуфт, ки нахуст Толибон ба тирандозӣ оғоз карданд, вале Толибон мегӯянд, ки ҷанг аз сӯи нерӯҳои эронӣ оғоз шуд.

Агарчӣ Теҳрон робитаҳои хубе бо Толибон дорад, вале марзҳои Эрон ва Афғонистон ба сабаби қочоқи маводи мухаддир, мушкили об ва фирори мардум аз ин кишвар аз ҳукумати Толибон, бо таниш ва буҳрон рубаруст. Ин нахустин даргирии мусаллаҳонаи ҷиддӣ байни нерӯҳои Толибон ва нерӯҳои марзбонии Эрон аз замони ба қудрати расидани Толибон дар 15-уми августи имсол мебошад.

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG