Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз ҳукумати Амрико хостанд, ба ҳамсояи наздики Тоҷикистон фишор биорад


Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Узбекистон
Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Узбекистон

Шаш сенатори амрикоӣ аз ҳукумати Иёлоти Муттаҳида хостаанд, ки ба Узбекистон дар пайванд ба риояи ҳуқуқи инсон фишор биорад. Боб Менендез, раҳбари Кумитаи робитаҳои хориҷии Сенати Амрико ва панҷ сенатори дигар аз Ҳизби Демократ дар остонаи мулоқоти ҳайатҳои Иёлоти Муттаҳида ва Узбекистон дар ин бора таъкид карданд.

Сенаторҳои амрикоӣ 6-уми декабр дар номае гуфтанд, "пешравиҳои Узбекистонро дар бахши ҳуқуқи башар" эътироф мекунанд, аммо ба ин кишвари Осиёи Миёна ҳушдор додаанд, ки ислоҳоти васеътар ва густурдаро, ки президент Шавкат Мирзиёев ваъда дода буд, анҷом диҳад.

Интизор меравад, намояндагони Амрико ва Узбекистон дар охири моҳ дар нахустин "Гуфтугӯи шарикии стратегӣ" бо ҳам мулоқот кунанд. Сенаторҳо гуфтаанд, мулоқот барои дар миён гузоштани эҳтироми ҳуқуқи инсон ҳамчун пояи асосӣ дар муносибатҳо бо Узбекистон фурсати нодир аст.

Онҳо дар номаи худ ба нигаронӣ дар мавриди маҳдудиятҳои озодии баён ва расонаҳо ва пешрафт накардани Узбекистон ба сӯи озодиҳои сиёсӣ ишора кардаанд.

Бинои Капитол
Бинои Капитол

Шаш сенатор равобити Амрикоро бо Узбекистон, баъди берун рафтани нерӯҳои байнулмилалӣ аз Афғонистон, хеле муҳим шумурдаанд. Ба гуфтаи онҳо, дар ҳоле ки ҳамоҳангии ду кишвар барои амнияту мубориза бо терроризм афзоиш меёбад, "бояд бар аҳамияти ҳуқуқи башар дар Узбекистон таъкид карда шавад".

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights watch) моҳи гузашта гуфт, интихоби дигарбораи Шавкат Мирзиёев ба мансаби президенти Узбекистон ва набудани номзадҳои мухолиф, дар воқеъ, пасравии рӯшан дар арсаи ҳуқуқи башар дар Узбекистон будааст. Мирзиёев зери танқидҳои сахт қарор дорад, ки мунтақидон ва фаъолонро дар остонаи интихобот саркӯб кардааст.

Пас аз марги Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии пешини Узбекистон, аз роҳандозии баъзе ислоҳот дар он кишвар сухан гуфта мешавад:

  • Мирзиёев дарвозаҳои кишварашро ба рӯйи сармоягузориҳои хориҷӣ боз кард;
  • равобити кишварашро бо ҳамсояҳо беҳтар намуд;
  • маҳдудиятҳои мазҳабиро, ки дар давраи Каримов ҷорӣ шуда буд, коҳиш дод;
  • даҳҳо зиндонии сиёсиро раҳо кард.

Аммо ӯ ҳам ба монанди Ислом Каримов қудратро дар инҳисор ё монополияи худ даровардааст. Иддао мешавад, ки пайвандони Мирзиёев аз нуфузи зиёди сиёсӣ бархӯрдоранд ва бо истифода аз он сарват меандӯзанд.

Бахши узбекии Радиои Озодӣ рӯзи 24-уми ноябри имсол гузориш дод, ки пулис дар шаҳри Тошканд риши даҳҳо марди мусулмонро маҷбурӣ тарошидааст. Иқдоме, ки дар кишварҳои дигари Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон, иҷро шуда, бо танқидҳои сахти нозирони ҳуқуқи башар рӯбарӯ гардидааст.

XS
SM
MD
LG