Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси афзоиши нарх дар порлумон. Раис "омили берунӣ"-ро "гунаҳкор" донист. ВИДЕО


Яке аз бозорҳои пойтахт. Акс аз моҳи ноябри 2021
Яке аз бозорҳои пойтахт. Акс аз моҳи ноябри 2021

Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон суръати болоравии нархи маҳсулотро дар кишвар дар ду соли охир тақрибан бетағйир номид, вале ҳамзамон афзоиши қиматҳоро ба "омилҳои берунӣ" рабт дод. Болоравии нархи маводи ниёзи аввалия рӯзи 8-уми декабр дар Маҷлиси Намояндагон баррасӣ шуд.

Дар соли ҷорӣ ба монанди як сол пеш шикоят аз болоравии бошиддати нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар Тоҷикистон борҳо садо додааст. Дар аксар маврид сокинон ангушти иттиҳомро ба сӯи тоҷирон боло мекунанд, аммо савдогарон пайваста таъкид мекунанд, ки ин раванд ба онҳо бастагии зиёд надорад.

Ҳоким Холиқзода
Ҳоким Холиқзода

"Болоравии нархҳо ба сатҳи таваррум таъсири манфӣ ва ё мусбат мерасонанд. Дар даҳ моҳи имсол сатҳи таваррум дар Тоҷикистон 6,3 фоизро ташкил медиҳад. Дар кишварҳое, ки маҳсулоти ниёзи аввалияро истеҳсол мекунанд ва нарх ҳангоми истеҳсол зиёд шудааст, таъсири манфии худро расониданд," – гуфт Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки Миллӣ рӯзи 8-уми декабр дар порлумон.

Тибқи омор тақрибан 70 дарсади иқтисоди Тоҷикистон ба омилҳои берунӣ вобаста аст ва, ба гуфтаи раиси Бонки Миллӣ, сатҳи таваррум дар кишварҳои асосии содиркунандаи молу коло ба Тоҷикистон аз 7 то 21 дарсадро ташкил додааст.

Дар ҳоле ки бонкдори асосии кишвар омили афзоиши нархҳоро ба “фишорҳои берунӣ” рабт дод, баъзе аз иқтисоддонҳо бовар доранд, омилҳои дигар, аз қабили гаронии андоз низ таъсир гузоштааст.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Нигаронии вакилони мардумӣ аз болоравии нархҳо дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:32 0:00

Иқтисоддонҳо мегӯянд, пойбандии иқтисоди Тоҷикистонро ба воридот танҳо афзоиши тавлидоти дохилӣ метавонад, аз байн бибарад. Онҳо яке аз роҳҳои асосии кам кардани фишор ба тавлидкунандаи дохилиро коҳиши сарбории молиёт ё андоз мегӯянд.

Рустам Раҳматзода, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва вакили порлумон, рӯзи 8-уми декабр ба Радиои Озодӣ пешниҳоди сабукӣ ба соҳибкоронро аз роҳҳои ҳалли мушкилот донист.

"Пеш аз ҳама баланд бардоштани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ки худамон истеҳсол мекунем ва худамон истеъмол мекунем. Онҳо бояд дар оянда танзим карда шаванд. Ба соҳибкорони хурду миёна дастрасӣ ба пулро таъмин кардан зарур аст. Қарзҳое, ки дар оянда дода мешаванд, бояд боимтиёз бошанд,” – шарҳ дод Рустам Раҳматзода.

Ба ғайр аз афзоиши харҷи тавлид ва содироти мол, баъзе аз иқтисоддонҳо ба тақвияти монополияҳои содиротӣ ва тиҷоратӣ ишора мекунанд. Додани имтиёзҳои молӣ ба ширкатҳои алоҳида ва бархурдор нашудани қисме аз соҳибкорон аз чунин имтиёзҳо, ба назари шореҳи иқтисодӣ Фозилҷон Фатҳуллоев, аз мушкилиҳоест, ки намегузорад рақобати солим дар бозор ба миён ояд ва истеҳсоли ватанӣ ба хубӣ рушд кунад.

Шикоят аз гаронии нархи маҳсулот асосан дар авҷи пандемияи СOVID-19 дар кишвар бештар садо дод ва таҳлилгарон низ борҳо иброз доштаанд, ки пандемия бори дигар сустиҳои иқтисоди Тоҷикистонро бармало кард.

Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон дар ҳоле аз вобастагии нархи молу маҳсулот аз омилҳои берунӣ суҳбат мекунад, ки дар тақрибан 30 соли соҳибистиқлолӣ воридоти мол ба кишвар назар ба содирот доим бештар буда, то кунун ба кишвар муяссар нашудааст, ин вазъро ислоҳ кунад.

XS
SM
MD
LG