Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Як хонаро ба ду кас фурӯхтанд”. Баҳс бо ширкати сохтмонӣ дар Душанбе. ВИДЕО


Муштарии як ширкати сохтмонӣ мегӯяд, хонаашро ба дигар кас фурӯхтаанд.

Гурӯҳе аз муштариёни ширкати хусусии "Муҳаммад-2009"-ро шеваи кори ин ширкат нигарон намудааст.

Ин ширкати хонасоз дар кӯчаи Бухоро -29 -и маркази шаҳри Душанбе ба бунёди манзилҳои баландошёна машғул аст. Ба қавли масъулонаш, ду сол пеш манзилҳоро ба ихтиёри соҳибонаш бояд месупурданд, вале мушкили молӣ нагузошт ин кор сари вақт анҷом ёбад.

Ширкат гуфт, хато ислоҳ мешавад

Баъзе муштариён гуфтанд, пули манзилро пардохт кардаанд, вале дар баробари таъхиркорӣ, ҳоло фурӯши як манзил ба номи ду нафар онҳоро бештар ғарқӣ андеша намудааст, ки тақдири манзилҳояшон чӣ мешавад.

Нусратулло Қурбонов, раиси ширкати "Муҳаммад-2009" мегӯяд, муштариён набояд дар ташвиш бошанд ва ҳар нафаре, ки аз ӯҳдаи пардохти малағи хонаҳои ширкат мебарояд, соҳиби манзил хоҳад шуд. Ӯ иддаои фурӯши як хона ба номи ду нафарро рад намуда, афзуд, ки "баъзе иштибоҳҳое дар ҷобаҷогузории муштарён шудааст, ки ислоҳ мешавад".

Субҳон Азимов, яке аз муштариёни ширкат, ба ин гуфтаҳо чандон бовар надорад. Ӯ, рӯзи 25-уми декабр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, солҳо боз мунтазири соҳиби хона шудан буд, вале акнун фаҳмидааст, ки ширкат манзили ӯро ба дигар нафар низ фурӯхтааст.

Тарҳи биное, ки бояд сохта шавад.
Тарҳи биное, ки бояд сохта шавад.

"Аз соли 2015 бо ширкат шартнома дорам, ҳамин рӯз омадам маҷлис, мебинам, ки хонаи маро ду рӯз пеш ба як одами дигар фурӯхтанд. Дар хонае, ки барои ман пешбинӣ шудааст, касе дигар дар часпонидааст, пурсидам, гуфтанд, рӯзи душанбе биё, ин масъаларо мебинем, акнун бинем чӣ гап мешавад",--афзӯд, ӯ.

“Ҳафт сол боз азоб мекашам”

Бархе муштариён таъкид намуданд, ки таъхир дар истифодаи манзилҳояшон бар зарари молии онҳост. Ҳуқуқшиносон борҳо таъкид намудаанд, ки ширкат дар сурати таъхиркорӣ дар анҷоми сохтмон, бояд ҷуброни молии муштариёнашро папрдохт кунад ва муштариён низ дар пардохти саривақтии пули манзил ӯҳдадоранд. Сокинон мегӯянд, бо вуҷуди пардохти пешакии пули манзил, вақте мушкил пеш омад, на ҳамеша ба осонӣ метавонанд аз ширкатҳои сохтмонӣ ҷуброни молӣ гиранд.

"7 сол шуд мо иҷора ба иҷора азоб кашида гаштем, ҳеҷ корҳои сохтмонӣ нарафта истодааст. Ба кӣ даъво кунем? Ҳукумат низ ягон чора намебинад, ширкат 4 сол 300 долларӣ барои пули иҷора дод, солҳои ахир 100 долларӣ шуд ва ана имрӯзҳо ҳамонро ҳам надода истоданд, бо ҷангу ҷанҷол ва миёнрав талош мекунӣ, баъд медиҳанд. Ба кӣ даъво кунем?"-пурсид, Рисолат Ниёзова, яке муштариёни ширкати "Муҳаммад-2009".

Раиси ширкат сабаби мушкилро шарҳ дод

Нусратулло Қурбонов, раиси ширкат, рӯзи 29-уми декабр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, яке аз сабабҳои таъхир дар супурдани биноҳо ин сари вақт пардохт накардани пули хона аз сӯи муштариён аст. Вай шарҳ дод, ки ширкат аз ҳисоби маблағҳои худ манзилҳоро бунёд кардааст, вале на ҳама муштариён дар пардохти маблағ ӯҳдадории худро дуруст иҷро мекунанд: "Аз ин ҳисоб беш аз 25-30 миллион сомониро муштариён ворид накардаанд, дар ҳоле ки тибқи шартнома бояд ҳар моҳ оварда як миқдор пулро супоранд".

Муштариён аз кори ширкат норозианд.
Муштариён аз кори ширкат норозианд.

Намояндагони ширкати сохтмонӣ гуфтанд, ҳоло беш аз 85 дарсади корҳои сохтмонӣ ба итмом расидааст ва дар назар аст, то баҳори соли оянда биноҳои сохтмонро, ки аз 18 ошёна иборатанд, ба истифода диҳанд. Ин дар ҳолест, ки ба қавли масъулини ширкат, биноҳо бояд соли 2019 ба истифода дода мешуд, вале мушкили молӣ боиси таъхир дар анҷоми корҳо гардид.

Ҳоло гурӯҳи муштариён талаб доранд, ки Нусратулло Қурбонов, раҳбари ширкат онҳоро ҳар чӣ зудтар қабул кунад ва ин масъаларо шарҳ диҳад. Раиси ширкат дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳафтаи оянда муштариёнро бо ширкати чанде аз масъулони дигар қабул ва мушкилашонро баррасӣ мекунанд.

Ширкат даъвои муштариёнро рад мекунад

Ҳарчанд раҳбарияти ширкат фурӯши як хона ба чан нафарро беасос медонад, муштариён мегӯянд, онҳо худашон шоҳиди чунин ҳолат шудаанд.

"Соли 2015 ширкати “Муҳаммад 2009” бо мо шартнома баст, ки дар он ҷо гуфта шудааст, ба мо хонаҳоро аз ошёнаҳои 3 ва 4 медиҳанд, аммо феълан мо на хона, на калид ва чизе надорем. Маълум шуд, ки ин ошёнаҳоро фурӯхта истодаанд, ба мо ягон хабар накарданд, мо ҳатто намедонем, ки кадом кунҷи ошёнаи 3 ва ё 4 аз мост, раҳбари ширкат бояд инро ба мо тавзеҳ диҳад",-афзуд, яке аз муштариёни дигари ширкати сохтмонӣ.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Як хонаро дар Душанбе ба ду кас фурӯхтаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:00 0:00

Ин бори аввал нест, ки як ширкати сохтмонӣ муштариёни худро бо чунин шева саргардон месозад. Қаблан низ сокинон аз кори ширкатҳои сохтмонӣ борҳо изҳорӣ нигаронӣ кардаанд.

Солҳои охир бо бештар шудани сохтмони биноҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар шикоятҳо низ аз кори ширкатҳои сохтмонӣ зиёд ба назар мерасад.

Масъулони Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон дар моҳи июли имсол гуфтанд, ки талабот ба иҷозатномаи сохтмонро сахттар кардаанд, ҳарчанд сокинон мегӯянд, дар фаъолияти ширкатҳо беҳбуди ҷиддиеро намебинанд. Феълан дар Тоҷикистон бештар аз 2 ҳазор ширкату ташкилоти сохтмонию пудратчӣ кор мекунанд.​

Шарҳҳоро бинед (5)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG