Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Падари Чоршанбе Чоршанбиев: Мегӯянд, "ҳамааш хуб аст", вале писарамро нишон намедиҳанд. ВИДЕО


Авазхон Чоршанбиев ва Чоршанбе Чоршанбиев. Аксро падари варзишкор фиристод

Падари Чоршанбе Чоршанбиев, размкори муҳорибаҳои бидуни қоида ё ММА, иддао дорад, ки боздошту ронда шудани ӯ аз Русия ба Тоҷикистон "аз қабл тарҳрезишуда аст". Чоршанбиев аз соли 2016 дар Русия кору зиндагӣ мекард ва субҳи 30-юми декабр аз он кишвар ихроҷ ва дар Душанбе дастгир шуд. Мақомоти Тоҷикистон размкори муҳорибаҳои омехтаро ба барангехтани кинаю адовати милливу мазҳабӣ ва даъват ба сарнагунии ҳокимият муттаҳам карданд.

Авазхон Чоршанбиев, падари Чоршанбе Чоршанбиев, рӯзи 5-уми январ дар суҳбати катбӣ (хаттӣ) тавассути Фейсбук ба Радиои Озодӣ гуфт, "ин иттиҳомҳоро бори аввал дар Интернет хондам. Писари ман варзишгар аст, на сиёсатмадор ва на мухолиф. Ӯ танҳо намоиш барпо мекард ва аз ин ҳисоб барои зиндагиаш пул меёфт. Намефаҳмам, ки чӣ гуна писарам ба ин вазъ уфтод. Вай ҳеч гоҳ касеро аз ҳам ҷудо намекард ва баръакс талош мекард, ба ниёзмандон ёрӣ расонад."

Радиои Озодӣ: Аз вазъи писаратон хабар доред?

Авазхон Чоршанбиев: "Писарамро то ҳол надидаам. Ҳанӯз иҷозат надоданд, ки ба назди ӯ дароям. Маъмурон мегӯянд, "ҳамааш хуб аст". Имрӯз хӯрок ва либос бурдам. Масъуле, ки маводро қабул кард, гуфт, посухи писаратонро рӯзи ҷумъа мегиред."

Падари Чоршанбиев мегӯяд, ҳабси писараш "тарҳрезишуда" аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:39 0:00

Радиои Озодӣ: Баъзе аз наздиконатон хабар доданд, ки мақомот аз модари Чоршанбе мехоҳанд, дар бораи ӯ дар видео суҳбат кунад. Дақиқан мақомот аз Шумо ва ҳамсаратон чӣ талаб доранд?

Авазхон Чоршанбиев: "Ба ҳамсарам занг зада, гуфтаанд, ки биёед барои ором кардани мардум як муроҷиати видеоӣ кунед, мо парвандаи писаратонро ҳал мекунем, безобита нашавед. Вале ман ба ҳамсарам иҷозат надодам, чун нигарони вазъи саломатии ӯ ҳастам. Бори аввал, вақте хабарро шунид, аз ҳуш рафт ва фишораш баланд шуд."

Радиои Озодӣ: Оё оилаи Шумо зери фишор аст?

Авазхон Чоршанбиев: "Ҳанӯз ҳеч фишорерро эҳсос накардем, лекин намедонем, ки дар оянда чӣ мешавад."

Радиои Озодӣ: Назаратон дар мавриди қазияи ихроҷ ва боздошти писаратон чист?

Авазхон Чоршанбиев: "Фикр мекунам, ҳамаи ин аз қабл барномарезишуда буд. Барои ҳамин, ҳамааш ногаҳонӣ ба вуқуъ пайваст. Тааҷҷубангез аст. Ба фикри ман, вайрон кардани қоидаи ҳаракат дар роҳ танҳо як баҳона буд."

Радиои Озодӣ: Барои исботи, ба гуфтаи Шумо, бегуноҳии писаратон чӣ нақша доред?

Авазхон Чоршанбиев: "Писари ман чӣ гуноҳ дорад, ҳеч намефаҳмам. Ӯ ҳамеша машқ мекард ва зери парчами Тоҷикистон ба саҳна мебаромад. Вай қаҳрамони ҷоми ҷаҳон шуд, парчами Тоҷикистонро бардошт. Касе ба ин таваҷҷуҳ зоҳир накард. Вай ҳеч гоҳ ҳеч касро аз ҳам ҷудо намекард. Ҳолате ҳам буд, ки дар шарҳи муҳорибаи Чоршанбе бо Артур Шапиев дар канали True Gym, русҳо навиштанд, ки “тоҷик, рав, дар сохтмон кор кун.” Аммо баъзе тоҷикон навиштанд, "вай помирист". Ба ин мазмун ҳазорҳо шарҳ буд. Вале боз ҳам мегӯям, ки писари ман ҳеч гоҳ касеро аз ҳам ҷудо намекард."

Радиои Озодӣ: Назари Шумо дар бораи баҳсҳое, ки писаратон дар шабакаҳои иҷтимоӣ мекардед, чист?

Авазхон Чоршанбиев: "Ончи ки писарам дар шабакаҳои иҷтимоӣ баён мекард, як шоу буд. Вай намоиш барпо мекард ва барои зиндагиаш маблағ меёфт. Ҳатто агар Чоршанбе ягон ҳарфи нодуруст гуфта бошад, онҳо метавонистанд, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд. Вале гирифта, аз писари ман як ҷинояткор сохтанд."

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG