Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон аз шаҳрвандонаш хост, ба Қазоқистон нараванд


Русия нерӯҳои сулҳофарашро ба Қазоқистон фиристодааст
Русия нерӯҳои сулҳофарашро ба Қазоқистон фиристодааст

Тоҷикистон аз шаҳрвандонаш хостааст, ки то замони пурра ба эътидол омадани вазъ дар Қазоқистон аз сафар ба ин кишвари Осиёи Марказӣ худдорӣ кунанд.

Тазоҳуроте, ки рӯзи 2-юми январ ба сабаби боло рафтани нархи гази моеъ дар Қазоқистон сар зад, ба нооромӣ кашид ва, бино ба гузоришҳо, даҳҳо нафар ҳалок ва захмӣ шуданд.

Қазоқистон баъди Русия кишвари дувуми муҳоҷирпазир аз Тоҷикистон аст ва ҳазорҳо шаҳрванди кишвар дар онҷо кору иқомат мекунанд. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон шоми 6-уми январ аз шаҳрвандон дар Қазоқистон хостааст, "ҳушёриро аз даст надода, аз ҷойҳои серодам канорагирӣ намоянд."

"Ба шаҳрвандони Тоҷикистон бо исрор тавсия дода мешавад, ки дастур ва низоми фавқулодаро дар қаламрави Қазоқистон қатъиян риоя намоянд," – гуфта шудааст дар баёнияи ВКХ.

Панҷ рӯз боз дар шаҳрҳои калонтарини Қазоқистон тазоҳурот идома дорад. Сокинони норозӣ аввал бо талаби поин овардани нархи гази моеъ ба кӯчаҳо баромаданд, сипас истеъфои ҳукумат ва аз байн бурдани фасоду хешутаборбозиро талаб карданд.

Рӯзи 5-уми январ эътирозҳо дар Алмаато ба хушунат печид ва ҳукумати Қазоқистон онро “таҳдиди террористӣ” хонда, аз шариконаш дар Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ёрӣ хост.

Бино ба гузориши расонаҳо, Русия нерӯҳои сулҳофари худро ба Қазоқистон фиристодааст. Тоҷикистон ҳам барои фиристодани нерӯҳояш ба Қазоқистон ибрози омодагӣ кард.

Дар саросари Қазоқистон вазъи фавқулода ҷорӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG