Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Берун кардан душвор хоҳад буд." Блинкен гуфт, даъвати нерӯҳои СПАД ба Қазоқистон суолбарангез аст


Энтони Блинкен

Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико, рӯзи 7-уми январ бори дигар нигаронии Вашингтонро дар бораи таҳаввулоти Қазоқистон ва дахолати нерӯҳои Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ба раҳбарии Русия дар ин кишвар иброз дошт.

Тазоҳуроте, ки бо эътироз ба афзоиши нархи гази моеъ рӯзи 2-юми январ дар ғарби Қазоқистон оғоз шуд, ба нооромиҳои густарда дар ин кишвари саршор аз нафту гази Осиёи Марказӣ сабаб гардид. Дар ниҳоят, нерӯҳои Русия ва кишварҳои дигари узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ба ёрӣ барои “ҳалли” нооромӣ вориди Қазоқистон шуданд. Тоҷикистон ҳам даҳҳо нерӯи худро ба Қазоқистон фиристодааст.

Энтони Блинкен дар суҳбат бо хабарнигорон мудохилаи нерӯҳои Русия ва кишварҳои дигари узви СПАД-ро дар буҳрони Қазоқистон суолбарангез донист. Ӯ гуфт: “Ба назари ман, мақомот ва давлати Қазоқистон қатъан тавоноии мудирияти муносиби эътирозҳоро доштанд. Аммо мушаххас нест, ки чаро онҳо эҳсос карданд, ба мудохилаи нерӯҳои хориҷӣ ниёз ҳаст.”

Блинкен дар идома ҳушдор дод, “яке аз дарсҳои таърихи ахир ин аст, ки вақте русҳо пой ба хонаатон гузоштанд, берун карданашон бисёр душвор хоҳад буд.”

Дар посух Вазорати корҳои хориҷии Русия рӯзи 8-уми январ аз тасмими ҷойгир кардани нерӯҳои СПАД дар Қазоқистон пуштибонӣ кард ва онро "вокуниши комилан қонунӣ" номид.

Вуруди нерӯҳо ба Қазоқистон
Вуруди нерӯҳо ба Қазоқистон

Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон, шаби 6-уми январ аз Русия ва кишварҳои дигари узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ, аз ҷумла Тоҷикистон хост, барои ба гуфтааш саркӯби “таҳдиди террористӣ” мадад кунанд.

Сокинони баъзе аз кишварҳо мухолифи фиристодани нерӯҳо ба Қазоқистон ҳастанд, чун Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ҳақ надорад, ба кори дохилии кишварҳои узв дахолат кунад. Вале Тоқаев таҳаввулоти кишварашро на кори дохилӣ, балки “таҷовуз” ва “ҳамлаи террористони байнулмилалӣ” донист.

Энтони Блинкен мегӯяд, нерӯҳои Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ мебоист меъёрҳои ҳуқуқи башарро риоят мекарданд. Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, нерӯҳои Русия ва кишварҳои дигар дар “амалиёт алайҳи ниманизомиён” иштирок надоранд. Манобеи расмӣ дар Тоҷикистон ҳам мегӯянд, нерӯҳои фиристодаи онҳо ба Қазоқистон асосан мактабҳо ва идораҳои дигарро муҳофизат хоҳанд кард.

Эътирозҳо дар Қирғизистон ба зидди фиристодани нерӯ ба Қазоқистон. Бишкек, 7-уми нявари 2022
Эътирозҳо дар Қирғизистон ба зидди фиристодани нерӯ ба Қазоқистон. Бишкек, 7-уми нявари 2022

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории “Ройтерз” мегӯяд, нерӯҳои амниятии Қазоқистон 7-уми январ, пас аз чанд рӯзи даргирӣ ва хушунат, назорат бар хиёбонҳои Алмаато, шаҳри бузургтарин ва пойтахти куҳнаи Қазоқистонро ба даст гирифтаанд. Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури мавриди ҳимояти Русия дар он кишвар, гуфт, дастури бе огоҳӣ паррондани эътирозгаронеро додааст, ки ӯ “террорист меномад.

Дар эътирозу хушунатҳое, ки дар сӣ соли истиқлоли Қазоқистон собиқа надоштааст, даҳҳо нафар кушта ва фурӯшгоҳҳову биноҳои давлатӣ ғорат ва ба оташ кашида шуданд.

“Ройтерз” мегӯяд, далелҳо баёнгари онанд, ки эътирозҳои Қазоқистон раҳбари ягона ва мушаххасе надорад ва сабабаш ҳам ин аст, ки дар ин кишвар ҳизбҳои мухолиф ё ниҳодҳои маданӣ ва мардумӣ иҷозаи фаъолият надоранд. Ин хабаргузорӣ изофа кардааст, ин эътирозҳои маргбор сокинони шаҳрҳои бузурги Қазоқистонро, ки тасаввур мекарданд, кишварашон дар муқоиса бо ҷумҳуриҳои дигари пасошӯравӣ дар Осиёи Миёна босуботтар аст, ҳайратзада ва нигарон кардааст.

Шарҳҳоро бинед (11)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG