Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмад Масъуд ва намояндагони Толибон дар Теҳрон мулоқот кардаанд


Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон.

Толибон хабар доданд, ки намояндагони онҳо дар Эрон бо Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва Муҳаммад Исмоилхон, аз раҳбарони маъруфи ҷиҳодӣ, суҳбат кардаанд. Манобеи дигар таъйид карданд, ки Аҳмад Масъуд ва Исмоилхон бо Амирхон Муттақӣ мулоқот карданд

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон дар саҳифаи "Твитер"-аш хабар дод, ки Амирхон Муттақӣ, вазири умури хориҷаи ҳукумати онҳо бо Аҳмад Масъуд ва Исмоилхон дидор доштааст.

Амирхон Муттақӣ дар видеое, ки онро телевизиони миллии Афғонистон нашр кард, гуфт, "бо фармондеҳ Исмоилхон ва Аҳмад Масъуд ҳам дар Эрон дидор кардем". Ӯ гуфтааст, ки бо дигар афғонистониҳои муқими Эрон суҳбат кардааст ва аз онҳо хостааст, то ба ватанашон баргарданд.

Ҳусомиддин Ҳисом, як узви ҳайати музокиракунанда бо вазири корҳои хориҷии Толибон ба "Afghanistan International" гуфтааст, ки фазои гуфтугӯ мусбат буд ва музокира дар атрофи масоили калидӣ сурат гирифт, на гирифтани мақом. Ҳамчунин як манбаи наздик ба Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба бахши форсии Бӣ-Бӣ-Сӣ баргузории ин мулоқотро тасдиқ кардааст.

Ҷузъиёти мулоқоти Толибон бо ду чеҳраи шинохта маълум нест.

Амирхон Муттақӣ, ки бо ҳайате ба Эрон сафар карда буд, рӯзи 10-уми январ ба Кобул баргашт.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Сибғат Аҳмадӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимат гуфта буд, Аҳмад Масъуд бо Амирхон Муттақӣ дар Теҳрон мулоқот нахоҳад кард. Вай навишта буд, қарор нест ҳеҷ гуфтугӯе миёни Аҳмад Масъуд ва раҳбарони Толибон баргузор шавад.

Ин аввалин мулоқоти сарони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва намояндагони ҳукумати Толибон пас аз ба сари қудрати омадани ин гурӯҳи тундрав мебошад. Гуфта мешавад, ки ин мулоқот бо миёнаравии мақомоти Эрон сурат гирифтааст.

Сайид Хатибзода, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон дар суҳбат бо хабаргузории “ИСНО” гуфтааст, ки “гуфтугӯҳои хубе байни гурӯҳҳои Афғонистон анҷом шудааст ва умедворем, ки натиҷаи он ояндаи дурахшоне барои мардуми Афғонистон ба ҳамроҳ дошта бошад.”

Ҷабҳи муқовимати миллӣ, ки мухолифи Толибон аст, дар ҳоли ҳозир бахшҳое аз дараи Панҷшери Афғонистонро дар ихтиёр дорад. Аҳмади Масъуд писари Аҳмадшоҳ Масъуд, аз раҳбарони ҳаракати муқовимати зидди Шӯравӣ дар даҳаи 1980-милодӣ, фармондеҳи ин ҷабҳа аст.

Исмоилхон дар ҷараёни ҷанги дохилии ин кишвар дар моҳи августи соли 2021 ба асорати нерӯҳои Толибон даромад ва пас аз чанд руз озод шуд ва ба Машҳад рафт. Ӯ аз раҳбарони ҳизби Ҷамъияти исломии Афғонистон аст ва дар даврони ҳукумати Карзай вазири энержӣ ва об буд. Ӯ пеш аз ба қудрат расидани Толибон, раҳбарии ҷунбишҳои мардумиро дар Ҳирот ба ӯҳда дошт.

Толибон пас аз тасарруфи Кобул чанд рӯз баъд ба Панҷшер юриш бурданд ва ҷодаҳои асосии ин вилоятро ба ихтиёр гирифтанд. Баъд аз ин ҳамла, дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки афроди мусаллаҳ шишаи оромгоҳи Аҳмадшоҳ Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон тахриб мекунанд. Баъдан қисмати тахрибшудаи ин оромгоҳ тармим шуд

Дар ҳоли ҳозир муқовиматҳои пароканда дар вилояти Панҷшер ва минтақаҳои атрофи он, аз ҷумла Бағлон, Парвон ва Кописо идома дорад. Эҳтимол меравад, ки бо фаро расидани фасли баҳор, даргириҳо дар ин минтақа афзоиш ёбад.

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG