Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бардорад, зам кун"? Нархи билети ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия дигарбора боло рафт. ВИДЕО


Нархи билети ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия дигарбора боло рафта, боиси ташвиши сокинон шудааст. Муштариён мегӯянд, агар ҳафтае пеш билети парвоз аз Душанбе ба Маскав 3-3,5 ҳазор сомонӣ буд, ҳоло то 5-6 ҳазор сомонӣ расидааст. Намояндагони баъзе аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ гуфтанд, "талабот зиёд шуд." Оҷонси авиатсияи граждании Тоҷикистон далели расмии афзоиши нархи билетҳоро шарҳ надод.

Дар ҷустуҷӯи билети арзон

12-уми январ. Дӯконҳои билетфурӯшӣ дар маҳаллаи машҳур ба "Бозори Шоҳмансур"-и Душанбе. Муҳоҷирон дар ҷустуҷӯи баргаи арзони парвоз ба Русия аз як дӯкон ба дӯкони дигар сар мезананд. Ба қавли баъзе аз онҳо, нархи билет соат ба соат боло меравад.

Сафаралӣ Давлатов, сокини шаҳри Душанбе, нияти ба Русия рафтан дорад. Вай мегӯяд: "Ҳамин субҳ ба харидани билет омадем. 4450 сомонӣ гуфтанд. Баъди як соат ба 4700 сомонӣ баромад."

Соҳибони нуқтаҳои билетфурӯшӣ гуфтанд, ба онҳо низ сабаби гарон шудани харҷи сафар ба Русия шаҳр дода нашудааст. "Ду ҳафта пеш нархи билет ба шаҳрҳои Русия 3000 - 3500 сомонӣ буд, ҳозир аз 5000 то 6000 сомонӣ шудааст. Нархи билетро ҳам ширкатҳои русӣ ва ҳам тоҷикистонӣ боло бурдаанд, вале сабабаш барои мо маълум нест," – гуфт Муаззама Султонова, корманди яке аз нуқтаҳои билетфурӯшӣ дар Душанбе рӯзи 12-уми январ.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Болоравии нархи билети Маскавро бо гирифтани патенти кор рабт додаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:43 0:00

Мақомот шарҳ намедиҳанд, дигарон фарзияи худро мегӯянд

Дар Оҷонси авиатсияи граждании Тоҷикистон сабаби якбора болоравии нархи билети ҳавопайморо ба шаҳрҳои Русия шаҳр надоданд. Икром Субҳонзода, раиси ин ниҳод, ба тамосҳои батакрори мо посух надод.

Дар гузашта гоҳе масъулони ширкатҳои ҳавопаймоӣ сабаби афзоиши нархро ба гаронии сӯзишворӣ рабт медоданд. Баъзе аз ҳамсуҳбатони мо гуфтанд, ҳоло бисёре аз ҷавонон бо ҳадафи гурез аз хидмати ҳарбӣ кӯшиш доранд, ҳар чӣ зуд худро ба Русия бирасонанд. Мавсими навбатии даъват ба артиш моҳи март оғоз мешавад.

Ҳусейн Усмонов, намояндаи ширкати "Ют Эйр" дар Тоҷикистон, фарзияи дигарро баён кард: "Дар Русия 10-12 рӯз истироҳат буд. Муҳоҷирон нарафтанд, чун патент гирифта наметавонистанд. Акнун якбора ба харидани билет сар карданд. Ин ҷо қонуни бозор ҳаст, ки харад зам кун, нахарад кам кун.”

Монополия ё талабот?

Абдуманнон Шералиев
Абдуманнон Шералиев

Чанде аз таҳлилгарон низ бар инанд, ки сабаби болоравии нархи билет ба шаҳрҳои Русия афзоиши талабот аст, ҳарчанд омилҳои дигар, аз қабили инҳисор ё монополия метавонад, ба ин раванд таъсир гузорад. Абдуманнон Шералиев, коршиноси масоили иқтисодӣ, мегӯяд, "чун ҳоло ширкатҳои зиёди ҳавопаймоии русӣ ҳастанд, монополия кардан тақрибан ғайриимкон аст. Пас, мешавад хулоса кард, ки сабаб бештар шудани талабот аст."

Ҳоло ҳавопаймоҳои "Ют Эйр", "Уралские авиалинии", "Сибир", "Ямал"-и Русия ва "Сомон Эйр"-и Тоҷикистон иҷозаи парвоз байни ду кишварро доранд.

Парвози мунтазами ҳавопаймоҳо миёни Тоҷикистону Русия моҳи апрели соли 2021, пас аз як соли танаффуси маҷбурӣ, дигарбора аз сар гирифта шуд. Дар аввал шумори парвозҳо кам ва талабгорони сафар зиёд буд. Аз ин рӯ, навбати дароз ва ҷанҷол барои харидани билет ба вуҷуд омад ва мусофиронро ба ташвиш овард. Ҳоло навбати дарозу ҷанҷол нест, вале нигаронӣ аз афзоиши нарх боқист.

Шарҳҳоро бинед (20)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG