Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуруҳи СММ гуфт, Русияву Тоҷикистон бояд ба Шарофиддин ҷуброн бипардозанд. ВИДЕО


Шарофиддин Гадоев, ҳангоми суҳбат бо Радиои Озодӣ дар соли 2019
Шарофиддин Гадоев, ҳангоми суҳбат бо Радиои Озодӣ дар соли 2019

Як гуруҳи тобеи Созмони Милал баъди баррасии моҷарои дар Тоҷикистон пайдо шудани Шарофиддин Гадоев ба ин хулоса омадааст, ки ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия ин мухолифи давлатро худсарона дастгир ва ҳуқуқашро зери по кардаанд кардаанд.

Гуруҳи кории Шӯрои Ҳуқуқи Башари Созмони Милал оид ба боздоштҳои худсарона дар қарори худ, аз рӯзи 19-уми ноябр гуфтааст, таҳқиқи мӯшикофона маълум кард, ки Шарофиддин Гадоев, раҳбари Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, ки соли 2019 ба таври ногаҳонӣ дар Тоҷикистон пайдо шуд, ихтиёран ба Душанбе нарафтааст, балки мақомоти Русияву Тоҷикистон дар боздошту истирдоди ӯ даст доранд.

Қарори гуруҳи мазкурро рӯзи 21-уми январ Бунёди Ҳуқуқи Инсон, ки дар Ню Йорк қароргоҳ дорад, дар ихтиёри расонаҳо гузошт ва аз он истиқбол кард. Шарофиддин Гадоев, рӯзи 13-уми феврали соли 2019, ба гуфтаи худаш, бо нияти мулоқот бо "мақомоти баландпояи амниятии Русия" ба Маскав рафт, вале субҳи 15-уми феврал дар Душанбе пайдо шуд. Мақомоти интизомӣ мегуфтанд, ки ӯ ихтиёран ба Тоҷикистон баргаштааст. Баъди муроҷиатҳои зиёди ҷомеаи байналмилалӣ, ҳукумат ба ӯ иҷоза дод, дигарбора ба Ҳолланд, макони иқомати доимиаш баргардад.

Дар қарори Гуруҳи корӣ оид ба боздоштҳои худсарона омадааст, ки далелу санадҳо ва посухҳои мақомоти Тоҷикистону Русия дар бораи қазия нишон медиҳад, ки Гадоевро худсарона боздошт карда ва ба Тоҷикистон бурдаанд. Дар номаҳое, ки мақомоти Русия ба Гуруҳи корӣ фиристодаанд, гуфта мешавад, Шарофиддин Гадоев соли 2019 дар қаламрави Русия набуд ва бо чунин номе касе билет нахаридааст. Дар номаи тарафи Тоҷикистон омадааст, ки Шарофиддин Гадоев аз Маскав ба Душанбе ва бо ҳавопаймо омадааст.

Аммо дар радду бадалҳои расмӣ бо Гуруҳи кории Шӯрои Ҳуқуқи Башари Созмони Милал, мақомоти Тоҷикистону Русия ҳаргуна боздошту истирдоди Шарофиддин Гадоевро рад кардаанд ва Русия гуфтааст, ки «ҳеч санаде вуҷуд надорад, ки нишон бидиҳад, Шарофиддин Гадоев дар Русия буд». Давлати Тоҷикистон гуфтааст, ки ӯ ихтиёран бо ҳавопаймо аз Маскав ба Душанбе омадааст. Мақомоти Тоҷикистон ва Шарофиддин Гадоев дар робита ба қарор ҳануз вокунише накардаанд.

Гуруҳи корӣ аз ҳукуматҳои ду кишвар хостааст, ки барои помол кардани ҳуқуқи Шарофиддин Гадоев ва бар хилофи аҳдномаҳои байналмилалиашон амал кардан, ба ин мухолифи давлат ҷуброн бипардозанд. Бунёди Ҳуқуқи Башар дар як баёнияи расмӣ гуфтааст: «Мо аз он хушҳол ҳастем, ки Гуруҳи корӣ тасдиқ кард, ки ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия ҷаноби Гадоевро худсарона рабудаву боздошт кардаанд."

Мишел Гулино, яке аз мудирони созмон гуфтааст: “Шарофиддин Гадоев ва оилаи ӯ ҳамеша дар тарс буданд ва ӯ барои фаъолияти осоиштааш ба зидди фасоди густурда дар ҳукумати худкомаи Тоҷикистон ҳадаф гирифта шудааст. Русияву Тоҷикистон барои интиқоли маҷбурии Гадоев ҳамкорӣ кардаанд ва бояд дархостҳои Гуруҳи кориро иҷро намуда, бар тиқби меъёрҳои байналмилалӣ вазъи Гадоевро ислоҳ кунанд.”

Гуруҳи корӣ ҳамчунин аз ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия хостааст, ки ҳар касеро, ки дар боздошти худсаронаи Гадоев даст доштанд, ба ҷавобгарӣ бикашад.

Шарофиддин Гадоев, ки дар Тоҷикистон тиҷорат дошт, соли 2012 кишварро тарк кард ва узви "Гурӯҳи 24", як созмони мухолифи давлат шуд ва айни ҳол дар Ҳолланд зиндагӣ мекунад. Баъди қатли раҳбари ин созмон дар соли 2015 дар Туркия, созмони дигареро бо номи «Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон" таъсис дод ва яке аз мунтақидони сахти ҳукумат ба шумор меравад.

Мусоҳибаҳои ӯро дар бораи пайдо шуданаш дар Тоҷикистон инҷо бубинед.

Гуфтугӯ бо Шарофиддин Гадоев (Қисми 1)
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:19:52 0:00

XS
SM
MD
LG