Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мезананд, бо дарзмол месӯзонанд, ба сар халта мепӯшонанд" ВИДЕО


Нерӯҳои вижаи Қазоқистон
Нерӯҳои вижаи Қазоқистон

"Латукӯб мекунанд, баданро бо дарзмол месӯзонанд, оби ҷӯш мерезанд ва ба сар халта мепӯшонанд." Шахсоне, ки дар ҷараёни ҳодисаҳои моҳи январи имсол дар Қазоқистон дастгир шудаанд, бо ин мазмун аз бархӯрди номуносиби мақомот бо онҳо шикоят мекунанд.

Мақомоти Қазоқистон гуфтаанд, омода ҳастанд, ҳар гуна маълумотро дар бораи бадрафторӣ "ҳамаҷониба бисанҷанд", вале ҳомиёни ҳуқуқ бовар надоранд. Онҳо мегӯянд, касоне, ки то ин дам аз шиканҷа шикоят карданд, дубора мавриди озору азият қарор гирифтанд, то аз гуфтаҳои худ даст кашанд.

"Ҳатто ба ҳоҷатхона рафтан барояш душвор аст"

Кенҷебек Султонбеков, фаъоли мадании шаҳри Семей, 6-уми январи имсол, як рӯз баъд аз гирдиҳамоии оммавӣ дастгир шуд. Тазоҳуроти осоишта дар ин шаҳри Қазоқистони Шарқӣ бо шикоят аз сатҳи поини зиндагӣ ва мизони болои фасод ба задухӯрд миёни мардум ва пулис печид. Норозиён барои як муддати кӯтоҳ бинои ҳукуматро ишғол карданд. Рӯзи дигар боздоштҳо оғоз шуд.

Светлана, ҳамсари Кенҷебек Султонбеков, баъди се ҳафтаи боздошти ӯ тавонистааст, бо шавҳараш мулоқот кунад. Вай мегӯяд, рӯзи 27-уми январ ба аёдати шавҳараш ба боздоштгоҳ (СИЗО) рафт ва дар бадани ӯ осори зиёди латукӯбро дид.

"Пойҳояшро нишон дод. Кабуд шуда, варам кардаанд. Мегӯяд, ҳатто ба ҳоҷатхона рафтан душвор аст. Аҳволаш хеле бад аст. Ба пушт ва гурдаҳояш задаанд. Бо калтак ба сараш задаанд. Хеле лоғар шудааст," – нақл кард ҳамсари фаъоли қазоқистонӣ.

Тазоҳурот дар Семей. 5-уми январи 2022
Тазоҳурот дар Семей. 5-уми январи 2022

Султонбеков дар баёноти худ навиштааст, ки маъмурони интизомӣ ӯро ба эътирофи гуноҳ маҷбур карданд. Вакили мудофеи фаъоли қазоқистонӣ мегӯяд, дар ҳоли ҳозир парвандаи ӯ бар асоси моддаҳои "ҳамла ба иншоот" ва "бетартибиҳои оммавӣ" баррасӣ мешавад.

"Ночор ба коғазе, ки оварда буданд, имзо гузоштааст"

Дастгиршудагон дар гӯшаҳои дигари Қазоқистон низ аз шиканҷа ва бадрафторӣ дар боздоштгоҳҳо шикоят доранд.

Дархон Уалиев, як фаъоли шаҳрвандиро аз Алмаато, рӯзи 10-уми январ, ҳангоми гирифтани ҷасади бародараш дар сардхона (морг), боздошт кардаанд. Булбул Бердикожанова, ҳамсари Уалиев, пас аз даҳ рӯз тавонист, ӯро бибинад.

Бердикожанова ба хабарнигорон гуфт, шавҳараш дар шуъбаи корҳои дохилӣ зиёда аз 11 соат латукӯб шудааст, то ба гуноҳ иқрор кунад. "Вақте бори аввал дидам, тамоми рӯяш пур аз захм буд, ҳаракат карданаш душвор буд. Касе ба ӯ ёрии тиббӣ нарасондааст. Дар натиҷа, ба коғазе, ки ба наздаш оварда буданд, имзо гузоштааст," -- мегӯяд ҳамсари Дархон Уалиев.

Дархон Уалиев рӯзи 5-уми январ ба майдони "Республика"-и Алмаато рафта, бино ба далелҳо, ба сарбозони захмии нерӯҳои дохилӣ ёрӣ додааст. Аммо, сарфи назар аз ин, ӯ бо иттиҳоми "иштирок дар бетартибиҳои оммавӣ" дар боздоштгоҳ қарор дорад.

Дархон Уалиев
Дархон Уалиев

Даҳҳо нафар аз пайвандони боздоштшудаҳо аз додситонии Алмаато талаб доранд, ки бадрафторӣ бо шахсони таҳти тафтишотро бас кунанд. Ба гуфтаи наздикон, аксар боздоштшудаҳо ба ошӯб ва ғоратгарӣ рабт надоранд. "Агар ба гуноҳ иқрор кардаанд, пас, ин кор зери шиканҷа ва таҳдид ба даст омадааст," – мегӯянд онҳо.

Хости HRW, посухи Қазоқистон

Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) рӯзи 1-уми феврал аз мақомоти Қазоқистон хост, ки иддаои шиканҷаро ҳамаҷониба тафтиш кунанд ва ба нақзи ҳуқуқи фаъолон поён диҳанд. Созмон дар изҳороти худ ба саргузашти Жасулан Анафияев таваҷҷуҳ кард. Падари серфарзандро баъд аз ҳодисаҳои моҳи январ ба иттиҳоми ширкат дар гирдиҳамоии беиҷозат дастгир карда, пас аз чанд рӯз ҷасадашро бо изи шиканҷа ба наздикон доданд. Сабаби расмии марги ӯро "панкреатити музмин" навиштанд.

Ҳю Вилямсон, мудири бахши Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар HRW, гуфт, "мақомоти Қазоқистон бояд фавран ба нақзи қонун хотима диҳанд, ҳимояи ҳуқуқи ҳар як боздоштшударо таъмин кунанд ва масъулони латукӯб ва шиканҷаи боздоштшудаҳоро ба ҷавобгарӣ кашанд."

Навор аз бойгонӣ:

"Бо захми тир боздошт карда, бурданд"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:42 0:00

Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон рӯзи 3-юми феврал дар посух ба изҳороти HRW гуфт, "Қазоқистон мавридҳои эҳтимолии истифодаи номутаносиб аз нерӯ, боздоштҳои ғайриқонунӣ, шиканҷа ва бадрафторӣ бо боздоштшудаҳоро маҳкум мекунад." Вазорат итминон додааст, ки "ҳар гуна маълумот дар бораи боздошти ғайриқонунӣ ва бадрафторӣ бо гумонбарон таҳқиқ карда мешавад."

Вале мақомоти Қазоқистон даъватҳоро барои таҳқиқи байнулмиллалии ҳодисаҳои моҳи январ ва иддаои шиканҷа рад мекунанд. Президенти Қазоқистон рӯзи 29-уми январ гуфт, "худамон метавонем, ҳал кунем."

Тазоҳурот бо нигаронӣ аз боло рафтани нархи гази моеъ рӯзи 2-юми январи имсол дар Жанаозен, ғарби Қазоқистон, шуруъ шуд ва тадриҷан тамоми кишварро фаро гирифт. Мақомот иддао карданд, ки ба шаҳри Алмаато "20 ҳазор террорист ҳамла кардааст", вале баъдан ВКД гуфт, манзури мақомот шумори умумии иштирокдорони намоишҳои эътирозӣ аст.

Тоқаев бо ин баҳона ба СПАД (ОДКБ) муроҷиат кард ва мадади низомӣ хост. Рӯзи 6-уми январ садҳо нерӯи кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, вориди Қазоқистон шуданд. Ҳарчанд "вазъ ором шуд" ва нерӯҳои СПАД аз Қазоқистон рафтанд, нигарониҳо аз боздошту саркӯби фаъолон боқист.

XS
SM
MD
LG