Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Фаронса: Байден ва Путин бо баргузории нишасте дар бораи Украина мувофиқат карданд


Дафтари Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса эълон кард, ки Ҷо Байден ва Владимир Путин, президентҳои Амрико ва Русия ба таври усулӣ дар бораи баргузории нишасте дар бораи Украина мувофиқат карданд.

Қасри раёсати ҷумҳури Фаронса рӯзи душанбеи 21-уми феврал эълон кард, ки оқои Макрон ҳар ду раҳбарро барои ҳузур дар нишасте дар бораи Украина ва суботи стратегӣ дар Аврупо, даъват кард.

Бар пояи ин хабар, "раиси ҷумҳур Байден ва президент Путин ҳар ду ба таври усулӣ бо баргузории чунин нишасте мувофиқат кардаанд", аммо баргузории ин нишаст дар сурати ҳамлаи Русия ба Украина ғайримумкин хоҳад буд.

Кохи Сафед ҳам ба дунбол эълон кард, ки оқои Байден тарҳи мулоқот бо Путинро пазируфтааст, аммо танҳо дар сурате, ки Русия ба Украина ҳамла накарда бошад.

Мувофиқати раҳбарони Русия ва Амрико барои дидори якдигар дар пайи тамосҳои телефонии бор-бори Эммануэл Макрон эълон шуд. Оқои Макрон танҳо рӯзи якшанбе ду бор бо ҳамтои руси худ гуфтугӯ кард.

Дафтари раёсати ҷумҳури Фаронса эълон карда буд, ки Эммануэл Макрон ва Владимир Путин дар тамоси аввали худ дар бораи зарурати талоши бештар ба ҳадафи пайдо кардани роҳи ҳалли дипломатии бӯҳрони Украина сӯҳбат кардаанд.

Владимир Путин ба ҳамтои фаронсавии худ гуфта буд, ки нерӯҳои Русия пас аз поёни тамринҳои низомии муштарак, аз Белорус берун хоҳанд шуд. Ин дар ҳоле аст, ки бар асоси маълумоти НАТО, ҳудуди 30 ҳазор сарбози Русия дар Белорус ҳузур доранд.

Амрико шумораи умумии нерӯҳои русӣ дар минтақаҳои наздик ба марзи Украина ва низ Белорусро ҳудуди 190 ҳазор нафар гуфтааст. Ҷо Байден рӯзи ҷумъа гуфта буд, ки Путин тасмим гирифтааст, ки ба Украина ҳамла кунад.

Раиси ҷумҳури Амрико рӯзи якшанбе мулоқоти дусоата бо аъзои Шӯрои амниятии миллии ин кишвар дар робита ба бӯҳрони Украина дошт ва пас аз он барномаи худро барои сафар ба иёлати Делавэр лағв кард.

Амрико таъкид кардааст, ки дар сурати ҳамлаи Русия ба Украина бо русҳо вориди ҷанги мустақим намешавад, аммо якҷо бо дигар кишварҳои ғарбӣ таҳримҳои сахти иқтисодӣ алайҳи Маскав ҷорӣ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG