Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин "истиқлол"-и ду минтақаи ҷудоиталаби Украинаро ба расмият шинохт. Ғарб ҳушдор дод


Владимир Путин ҳангоми имзои ҳуҷҷат, 21-уми феврали 2022
Владимир Путин ҳангоми имзои ҳуҷҷат, 21-уми феврали 2022

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар як паёми телевизионӣ истиқлолияти Луҳанск ва Донетски Украина, минтақаҳои таҳти назорати ҷудоихоҳони зери ҳимояти Маскавро эътироф кард. Ин кори ӯ норозигии Киев ва дареғҳои сарони НАТО ва Ғарбро ба бор овард.

"Тасмиме, ки хатари низоъро бештар мекунад"

Путин рӯзи 21-уми феврал паёми худро бо имзо кардани ҳуҷҷатҳое ба поён расонд, ки дар он аз ҳадафҳои ҷудоихоҳон пуштибонӣ мешавад. Ин иқдом метавонад хатари низоъро ба таври ҷиддӣ афзоиш диҳад, зеро Созмони Милали Муттаҳид ва раҳбарони ғарбӣ зидди амалҳое ҳушдор додаанд, ки истиқлолияти Украинаро халалдор мекунанд.

Киев ва раҳбарони Ғарб ҳафтаҳост, ҳушдор медиҳанд, ки ҷойгир кардани 150 000 сарбози Русия дар наздикии марзи Украина метавонад, ҳамлаи Русияро ба Украина ногузир гардонад.

Путин дар ҳоле сухан мегуфт, ки хабаргузориҳои байналмилалӣ ба нақл аз нерӯҳои Украина дар хатти пеши ҷабҳа дар шарқи Украина навиштаанд, ки гулӯлаборони мавзеи онҳо аз тарафи ҷудоихоҳон шиддат гирифтааст.

Раисиҷумҳури Русия дар паёмаш бе зикри далелҳо иддаои густурдаеро баён кард, ки Украина дар пайи дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ аст, забони русӣ дар Украина канор мондааст ва нақшаҳои муайяне барои аз байн бурдани калисои православии русро дар қаламрави худ дорад.

Тазоҳурот ба зидди Путин дар Лаҳистон (Полша), 20-уми феврали 2022
Тазоҳурот ба зидди Путин дар Лаҳистон (Полша), 20-уми феврали 2022

Вай гуфт, Украина як "режими лӯхтакие" аст, ки аз ҷониби қудратҳои хориҷии омехта бо сулолаҳои олигархӣ идора мешавад. Ҳамчунин афзуд, НАТО тақозоҳои амниятии Маскав, аз ҷумла қонунгузории зидди ба НАТО пайвастани Украина ва баровардани силоҳу таҷҳизоти ин паймони низомиро аз кишварҳои Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ "комилан нодида гирифт".

Кремл мегӯяд, Путин пеш аз паёмаш масъалаи эътирофи истиқлоли минтақаҳои ҷудоихоҳи Украинаро бо раҳбарони Олмон ва Фаронса баррасӣ кард. Ҳарду кишвар дар баробари қудратҳои дигари ғарбӣ аз пайомадҳои ҷиддии ҳамлаи эҳтимолии Русия ба Украина ҳушдор додаанд.

Иттиҳоди Аврупо бо таҳрим таҳдид кард

Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо дар умури хориҷӣ Ҷозеп Боррел гуфт, агар Путин ба ҷудоихоҳон истиқлол пешниҳод кунад, Иттиҳод ба зидди Русия таҳримҳои нав ҷорӣ хоҳад намуд.

Дар ҳоле ки Путин суханронӣ мекард, сарвазири Бритониё Борис Ҷонсон такроран гуфт, ки Русияро "бастаи таҳримҳои азим" дар пеш буда метавонад. Вай ин иқдоми Путинро "нақзи ошкорои истиқлол ва якпорчагии Украина" номид. Эдгарс Ринкевич, вазири корҳои хориҷии Латвия, гуфт, Иттиҳоди Аврупо бояд фавран таҳрим ҷорӣ кунад.

Созмони Милали Муттаҳид, ки Қрим ва минтақаҳои зери назорати ҷудоихоҳонро бахше аз хоки Украина медонад, пеш аз паёми Путин барои ҷилавгирӣ аз шиддати авзоъ ба "худдории ҳадди аксар" даъват кард.

Стефан Дуйарич, сухангӯйи Созмони Милал, гуфт: "Аз ҳама мехоҳем, ки аз ҳар гуна тасмими яктарафа ё амалҳои якҷониба, ки метавонад тамомияти арзии Украинаро халалдор кунад, худдорӣ варзанд. Ҳама масъалаҳо бояд ба воситаи дипломатия ҳал карда шаванд."

Владимир Зеленский
Владимир Зеленский

Владимир Зеленский, раисиҷумҳури Украина, 21-уми феврал, пас аз он ки Путин гуфт, "имрӯз" дар бораи истиқлоли ДНР ва ЛНР тасмим мегирад, ҷаласаи Шӯрои амнияти миллӣ ва дифои Украинаро даъват кард. Қабл аз он бо садри аъзами Олмон ва президенти Фаронса гуфтугӯ дошт. Бино ба гузоришҳо, Эммануэл Макрон ҷаласаи Шӯрои дифоъ ва амнияти миллии Фаронсаро даъват кардааст.

Шолтс аз нақзи созишнома гуфт, Путин аз набудани дурнамо

Сафири Амрико дар Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Майкл Карпентер, тасмими Русияро боиси таассуф донист ва хоҳони маҳкум кардани он шуд.

Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон, пеш аз изҳороти Владимир Путин тасмими ба расмият шинохтани истиқлоли минтақаҳои ҷудоиталаби Украинаро ба шиддат маҳкум карда буд. Дафтари садри аъзами Олмон бо нашри эъломияе гуфт, Шолтс дар суҳбати телефонӣ бо раҳбари Русия ҳушдор додааст, ки чунин тасмим “ба таври якҷониба поймол кардани созишномаи Минск” аст. Созишномае, ки ҳашт сол пеш барои поён додан ба муноқишаи ҷудоиталабон дар шарқи Украина ҳосил шуда буд.

Путин рӯзи 21-уми феврал гуфт, тарҳи сулҳ барои хатми низоъ дар шарқи Украина "дурнамое" надорад. Киев аз соли 2014, замоне ки Русия нимҷазираи Қрими Украинаро ғасб кард, бо ҷудоиталабони таҳти ҳимояти Маскав дар шарқи ин кишвар дар ҳоли ҷанг аст. То кунун дар даргириҳо дастикам 13 ҳазору 200 кас кушта шудаанд.

Қабл аз изҳороти раисиҷумҳури Русия, раҳбарони ҷудоиталаби шарқи Украина дар баёнияи телевизионӣ аз Путин хостанд, истиқлоли ин минтақаҳоро ба расмият шиносад.

Леонид Пасечник, раҳбари ҷудоихоҳони Луҳанск, 21-уми феврал дар видеое, ки тавассути телевизиони давлатии Русия пахш шуд, гуфт: "Аз Шумо мехоҳем, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти Ҷумҳурии Мардумии Луҳанскро эътироф кунед.” Айни дархостро Денис Пушлин, раҳбари ҷудоиталабони Донетск ҳам ба забон овард.

Маскав вақтҳои охир исрор меварзад, ки ҳеч гуна нақшаи ҳамларо ба Украина надорад. Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико, ҳафтаи гузашта гуфт, бовар дорад, Путин аллакай дар бораи ҳамла тасмим гирифтааст. Мушовири амнияти миллии Кохи Сафед рӯзи 21-уми феврал ҳушдор дод, ки "пешбинӣ мекунем, онҳо (тонкҳои Русия) метавонанд, дар соатҳо ё рӯзҳои наздик сарҳади Украинаро гузаранд".

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, мегӯяд, қасд дорад, рӯзи 24-уми феврал бо Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико, дар Женева мулоқот кунад. Вай ҳамчунин ният дорад ба Париж рафта, заминаҳоро барои нишасти эҳтимолии Байден-Путин, ки аз тарафи президенти Фаронса Эммануэл Макрон пешниҳод шуда буд, фароҳам биоварад.

Дмитрий Кулеба, вазири корҳои хориҷии Украина, аз аъзои Шӯрои Амнияти Созмони Милал хостааст, барои баррасии "чораҳои кам кардани шиддати авзоъ" ва "иқдомҳои амалӣ барои кафолати амнияти Украина" ҷамъ шаванд.

XS
SM
MD
LG