Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Падари ду муҳоҷир гуфт, "онҳо на ба ҳадде гунаҳкоранд, ки дар Русия тасвир мекунанд"


Бародарон Саидакрам ва Умар
Бародарон Саидакрам ва Умар

Барои ҳимоят аз ҳуқуқи ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба ҳамла ба пулиси Маскав гумонбаранд, се вакили мудофеъ киро кардаанд. Мақомоти Русия гуфтанд, бародарон, Саидакрами 21-сола ва Умари 18-сола, рӯзи 17-уми феврали имсол дар истгоҳи метрои "Тулская" ба кормандони пулис дарафтоданд.

Чӣ гузашт?

Дар наворе, ки расонаҳои Русия аз маҳалли ҳодиса гуфтаву нишон доданд, дида мешавад, ду пулис як ҷавонро ба шикам хобонда, кӯшиши бастани дастонашро доранд. Дар ҳамон вақт ҷавони дигар аз дур давида, ба кормандони пулис ҳамла мекунад.

Расулҷон Чориев, падари ду ҷавони боздоштшуда, 22-юми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, писаронаш на ба он ҳадде гунаҳкоранд, ки мақомоти Русия тасвир мекунанд. Вай афзуд, сафорати Тоҷикистон барои ҳимоя аз ҳуқуқи онҳо як ва муҳоҷирон ду адвокат киро кардаанд.

Падари ду ҷавон мегӯяд, муноқиша пас аз он бархостааст, ки маъмурони пулис талош кардаанд, дасти шикастаи Саидакрамро тоб диҳанд ва ӯ тоқат накарда сахт дод задааст. "Умар аҳволи бародарашро дида, тоқат намекунад ва ҳамла кардааст. Писарам бояд ин корро намекард, вале ҳар касе бародарашро дар чунин аҳвол бинад, ба фикрам, чунин рафтор медошт," -- гуфт ӯ.

Ду бародар ҳоло дар боздоштгоҳи муввақатӣ қарор доранд ва ҳанӯз адвокатҳо бо онҳо вонахӯрдаанд. Алайҳи онҳо барои "зӯрӣ нисбат ба намояндаи ҳокимият дар вақти иҷрои кор" парванда кушодаанд. Вакилони мудофеъ гуфтанд, нав иҷозаи ҳимоя аз боздоштшудаҳоро гирифтанд, вале аз ҷузъиёти парванда огоҳ нестанд.

Падар аз вазъи писаронаш дар ташвиш аст

Расулҷон Чориев низ мегӯяд, ҳанӯз барояш иҷоза надодаанд, ки бо писаронаш вохӯрад. Ӯ аз вазъи сиҳатии писаронаш нигарон аст: "Дар наворе, ки мақомот чоп карданд, маълум буд, ки онҳоро сахт задаанд. Ҳатто зери чашми як писарам сиёҳ буд ва сару рӯи онҳо варам менамуд."

Дар сафорати Тоҷикистон тасдиқ карданд, ки бо наздикони ин ду ҷавон суҳбат кардаанд. "Сафорат қазияи мазкурро пайгирӣ дорад ва ҷонибдори дар доираи қонунгузорӣ ҳал шудани он мебошад,” – гуфтанд дар хадамоти матбуотии сафорат.

Саидакрам, ҷавоне, ки пулис мехост, ӯро бо зӯр боздошт кунад, ду сол пеш ва бародараш Умар чор моҳ пеш ба Русия рафтаанд. Расулҷон Ҳамроев, падари онҳо, гуфт, бинобар сабаби маъюб будани дасти писараш ҳарду бекор буданд, вале се рӯз пеш аз ҳодиса дар сохтмоне кор ёфтаанд.

Қазияи ду бародар дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳс эҷод кард. Бисёриҳо пулиси Русияро барои рафтори бераҳмона нисбати муҳоҷирон танқид карданд. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аксаран навиштанд, ки кормандони пулиси Маскав бо муҳоҷирон рафтори дурушт мекунанд ва ё ба торҳои асабашон нохун мезананд.

Дар Русия беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Муҳоҷирон ва ҳомиёни ҳуқуқ пайваста аз рафтори нохуби кормандони пулис шикоят доранд. Мақомоти Русия дар навбати худ муҳоҷиронро ба поймол кардани қоидаҳои будубош ва ҷинояткорӣ муттаҳам мекунанд.

XS
SM
MD
LG