Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеварбону Рауфӣ: Аз дурӯғҳои сиёсӣ эҳсоси ҳақорат мекунед?


Зеварбону Рауфӣ
Зеварбону Рауфӣ

Зеварбону Рауфӣ, рӯзноманигори ҷавон

Дуруд ҳаммеҳан!

Соат чаҳори субҳ буд, аммо ҳанӯз беруни панҷара ҳавои торики шаб мекӯшид муҳлати ҳузурашро ба дарозо бикашад. Шояд зоти торикию дурӯғ ҳамин аст, ки мекӯшанд, ҳадди имкон барои мондану пирӯз шудан мубориза баранд. Аммо ҳамонгуна, ки офтоб ҳар субҳ тулуъ мекунад, ҳақиқат низ бешак дар фурсати аввалин бар дурӯғ ғолиб мешавад.

Чаро як президент, вазир ё раиси идора дурӯғ мегӯяд?

Аслан, агар таваҷҷуҳ карда бошӣ, дар ҳама ҷойи дунё, ё дасти кам дар ҳар ҷое, ки ахлоқу дурустӣ меъёр шуморида мешавад, ба кӯдакон омӯзиш медиҳанд, ки дурӯғ маломатовар ва ростиву дурустӣ ситоишбарангез аст. Ҳарчанд ин дарс тақрибан ба ҳамаи мо дода мешавад, боз иддае “муваффақ мешаванд”, ки ҳикмати онро ҷое аз роҳи зиндагии худ гум кунанд ё дар пайроҳаҳои гузашта ба фаромӯшӣ биспоранд.

Гоҳе фикр мекунанд, як дурӯғи хурд чизеро иваз намекунад. Аз ёд мебаранд, ки дурӯғ зоти занҷираӣ дорад. Як дурӯғи хурд кофист, то аз паси он дурӯғи дуввуму севвуму садум сарозер шаванд ва ин дурӯғҳо одатан ҳар бор бузургтару бузургтар аз пеш мешаванд. Шояд аз ин ҷост, мегӯянд, дурӯғ кӯчаку бузург надорад. Чизест, ки ростӣ ва виҷдонро нобуд мекунад.

Агар кӯдаке дурӯғ мегӯяд, ба ин далел аст, ки шояд аз танбеҳ шудан метарсад. Аммо чаро як президент, сарвари давлат, вазир ё раҳбар дурӯғ мегӯяд? Шояд ба ин далел мегӯянд, сиёсат чиркин аст? Аммо оё зоти сиёсат воқеан ин бошад? Тасаввур кардани ин ифлосӣ дар симои сиёсатмадорҳое, ки бо либоси поку гаронарзиш, кафшҳои локзадаи барроқ ва савор бар мошину чархболу ҳавопаймо мегарданд ва аксаран қадам рӯйи қолиҳо мениҳанд, то мабодо ғуборе ба кафшҳояшон биншинад, душвор аст, не?

Украина

Ҳамин чанд рӯз пеш яке аз онҳо омад ва гуфт, агар даст ба амал назанад, Украина соҳиби силоҳи ҳастаӣ мешавад, ҳукумат дар Киев дар дасти миллатгароён ва нашъамандон аст ва дар Донбасс наслкушӣ ба роҳ монда шудааст ва ғайра. Акнун дар пайи ин суханон хуни одамони бегуноҳ ва сарбозони ҷавон мерезад.

Шеваи роиҷтарине, ки сиёсатмадорон барои фиреби мардум истифода мекунанд, мубҳамгӯӣ ё ин ки истифода аз таъбирҳои сахт аст. Ба ҳар шакле, ки дилашон хост аст, яъне дар ҳолатҳои марбуту номарбут.

Бадахшон

Дар Бадахшон якеро ҷинояткор медонанд ва мехоҳанд ба хубию хушӣ таслим шаванд. Магар танҳо додгоҳ муайян намекунад, ки шахс воқеан ҷиноят кардааст ё на? Чаро сиёсатмадорон худро ҳам додситону ҳам қозӣ ё додрасу судя гумон мекунанд? Оё барои он не, ки ҳадафҳои худро бояд пеш ронанд? Шояд аз ин ҷост, ки садҳо нафар норозӣ шуданд ва ба ҳимоят аз Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров бархостанд? Онҳо ба ҷинояткор будани ин шахс бовар накарданд. Онҳо гумон доранд, ин як дурӯғе беш нест.

Солҳои охир тундгароӣ, барангехтани нафрат ё ҳимоят аз экстремизм аз баҳонаҳои роиҷи боздошту парвандаҳои зиёд гардидааст. Барои ангехтани тарси бештар ҳатто аз вожаҳои “ифротӣ”, “хоин” ва “террорист” суистифода мешавад.

Феҳрасти номи онҳое, ки бо чунин ҷурм дар пайгард қарор доранд, чандин ҳазор нафар аст. Ин қадар василаҳои гуногун барои ину он пайдо кардаанд, ки одам намедонад аз тааҷҷуб ангушти ҳайрат бигазад ё ба “халлоқияти ҳунарӣ”-и ин тоифа кафкӯбӣ кунад. Барои лайк гузоштан ё шарҳе, ки писандашон нест, зиндонӣ мекунанд. Барои амалкардҳои фарзанд модарро зиндонӣ мекунанд, лобуд чун ифротиро зодааст!? Агар касе назаре ба ғайр аз назари “пайравони пешвои миллат” дорад, ногузир ба ин феҳраст меравад.

Ҳаммеҳанам, фикр мекунам, чизи бештаре барои шарҳ лозим нест, ту худат метавонӣ хулоса барорӣ. Рӯзноманигоре, ки танҳо “силоҳаш” қалам аст, куҷояш бо ташреҳи боло мутобиқат дорад? Ё муҳоҷиру ҷавоне, ки зери навиштаи касе аломати писанд (лайк) мегузорад, куҷояш бо ташреҳи боло мутобиқ аст?

Баҳси 9 миллион доллар

Ва ҷои таассуф дорад, вақте мансабдорони мо барои пинҳон кардани як ҳақиқат мекӯшанд, роҳҳову ҳарфҳои дигареро барои фиреби мардум пайдо кунанд. Масалан, суратҳисоби чандмиллионии Қосим Раҳбарро бигирем. Бо вуҷуди қабули мавҷудияти ин ҳисоби бонкӣ ба номи ӯ, кӯшидааст, бо нақли ҳикояҳои мухталиф, ки зидду нақиз ба назар мерасанд, мардумро фиреб диҳад. Бехабар аз он, ки шояд мардуми мо соддаву хушбовар бошанд, аммо аҳмақ нестанд!

Мардум ба афсонаи мадҳушии ҷодуӣ, ки як имзо дар он ҳисоби бонкии чандмиллионӣ меовардааст, бовар нахоҳанд карданд. Оқилона ва содиқона мебуд, агар раиси шаҳри Ҳисор ба ҷойи чунин тавҷеҳнома чӣ гуна, аз куҷо ва бо чӣ роҳ ба даст овардани ин сарвати ҳангуфтро дар замони корманди давлатӣ будан, барои мардум шарҳ медод. Ё ҳадди ақа сукут ихтиёр мекард, шояд беҳтар буд.

Дар кул, ба назар мерасад, сиёсатмадорон фикр мекунанд фиреб додани мардум корест, соддаву табиӣ. Ё ин ки онҳо метавонанд, ё ҳаққашро доранд, амалкардҳои нодуруст ё ғайриқонунии худашонро бо гузоштани муҳрҳои рангоранг ба номи ину он тавҷеҳ кунанд. Дардовараш онҷост, ки иттифоқан иддае ростӣ ба чунин ҳарфҳо бовар мекунанд. Як иддаи дигар барои тавҷеҳи он афсонаҳое мебофанду далелҳои сохтаву бофта ҳам меоранд. Ҳарчанд, мутмаинам аксарият медонанд, ки ин гуна дурӯғҳо тавҳин ба заковату дарки мардум аст.

Масалан ту, ҳаммеҳани азизе, ки ин номаро хондӣ, нисбат ба чунин навъи муомила бо мардум чӣ ҳиссе дорӣ? Оё ин як навъ таҳқир аст? Ман назару афкори худамро гуфтам, назари ту чист?

Аз Идора. Матолибе, ки дар гӯшаи "Блогистон" ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.
XS
SM
MD
LG