Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Салам Имомназаров. Мақомот мегӯянд, ба қочоқ гумонбар аст, наздиконаш бегуноҳ медонанд. ВИДЕО


Акси Салам Имомназаров ва Имомназар Имомназаров
Акси Салам Имомназаров ва Имомназар Имомназаров

Наздиконаш мегӯянд, бо гузашти як моҳ, мақомот то ҳанӯз Салам Имомназаров, писари Имомназар Имомназаров, аз роҳбарони ғайрирасмии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро раҳо накардаанд. Имомназар Имомназаров соли 2012 дар Хоруғ кушта шуд. Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, мақомот писари ӯро ба қочоқи маводи мухаддир гумонбар медонанд. Шахсони наздик ба ӯ ба бегуноҳияш таъкид доранд.

Хоҳараш мегӯяд, “вазъи ӯ хуб аст”

Як масъули Боздоштгоҳи муваққатии рақами 1-и Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, Салам Имомназаров, писари Имомназар Имомназаров, беш аз як моҳ аст, ки дар ин муассиса нигоҳдорӣ мешавад. Рӯзи 29-уми март хабарнигори Радиои Озодӣ шоҳид шуд, ки кормандони Боздоштгоҳи муваққатӣ номаи Салам Имомназаровро ба наздиконаш доданд. Пайвандони Имомназаров аз пешниҳоди ин нома ва ҳамчунин ҷузъиёти парвандаи ӯ худдорӣ карданд.

Розия Имомназарова, хоҳари Салам Имомназаров, ба Радиои Озодӣ гуфт, аҳволи бародараш дар боздоштгоҳ хуб аст ва қариб ҳар ҳафта бо ӯ мулоқот доранд. Ҳамсуҳбати мо бо зикри инки “тафтишот махфӣ аст” аз шарҳи ҷузъиёти парвандаи бародараш худдорӣ кард.

“Аҳволи бародарам хуб аст, зери назорат аст. Ба ӯ муносибати хуб доранд. Қариб ҳар ҳафта вомехӯрем. Дар бораи иттиҳомҳо феълан ягон чиз аниқ нест, тафтишот ҷараён дорад. Вакили дифоъ ва муфаттишон кор карда истодаанд. Ҳар чизе, ки аниқ шавад, ба Шумо хабар медиҳам,” -- афзуд Розия Имомназарова.

Ба гуфтаи манбаъ, Салам Имомназаров ба пайвандонаш таъкид кардааст, ки дар бораи парвандаи ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ чизе нанависанд ва бо расонаҳо ҳам суҳбат накунанд. Манобеъ мегӯянд, Имомназаров ва пайвандонаш иттиҳомро рад кардаанд ва умед доранд, ки масъала ба зудӣ ҳал мешавад.

Салам Имомназаров қочоқбари маводи мухаддир аст ё қурбонии баҳсҳои сиёсӣ?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:18 0:00

Бозгашт ба ҳодисаи соли 2015?

Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, алайҳи Салам Имомназаров бар асоси қисми чори моддаи 200-и Кодекси ҷиноӣ – “қочоқи маводи мухаддир” – парванда боз кардаанд. Аз рӯи ин иттиҳом ба ӯ аз 12 то 20 сол зиндон таҳдид мекунад. Манобеи огоҳ аз парванда гуфтанд, соли 2015 як шахси боздоштшуда бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир, ба муфаттишон номи Салам Имомназаровро гуфтааст.

Салам Имомназаров рӯзи 18-уми феврали имсол, баъди бозгашт аз Туркия дар Фурудгоҳи шаҳри Душанбе боздошт шуд. Ӯро маъмурони Вазорати корҳои дохилӣ дастгир кардаанд. Мақомот дар ин бора ягон иттилоъ намедиҳанд. Талошҳои мо барои гирифтани назари Вазорати корҳои дохилӣ то ин дам бенатиҷа буд.

Мусоҳибони Радиои Озодӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гуфтанд, моҳи сентябри соли гузашта миёни Салам Имомназаров ва Толиб Айёмбеков, яке аз роҳбарони дигари ғайрирасмии Бадахшон, дар тарабхонаи “Марко Поло”-и шаҳри Хоруғ тирпарронӣ шудааст. Салам Имомназаров дар он ҳодиса захмдор шуда, дар беморхона бистарӣ шуд. Афроди наздик ба Имомназаров гуфтанд, ӯ барои гирифтани тир аз тахтапушташ ба шаҳри Истанбули Туркия рафта буд.

Салам Имомназаров гуштигир аст ва ба хотири маъруфияти падараш, дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз эҳтироми хос бархӯрдор аст. Вале афроди наздик ба Имомназаров гуфтанд, ӯ аз гуруҳҳои мавҷуда дурӣ меҷуст.

Имомназаров ягона чеҳраи маъруф дар миёни зодагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нест, ки дар моҳҳои ахир дастгир мешавад. Баъд аз моҳи ноябри соли 2021 ва эътирози чаҳоррӯзаи сокинон дар шаҳри Хоруғ, Чоршанбе Чоршанбиев ва Амриддин Аловатшоев ҳам дастгир шуданд. Аввалӣ ба даъват ба сарнагунии ҳокимият ва дувумӣ ба гаравгонгирӣ ва чанд иттиҳоми дигар муттаҳам аст. Чизе, ки наздиконашон беасос медонанд ва хоҳони раҳоии онҳо ҳастанд.

XS
SM
MD
LG