Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гапи Озод: "Соҳибкорони тоҷик аз тафтиш халос мешаванд?" ВИДЕО


Қарор аст, дар Тоҷикистон аз ҳамин моҳ санҷиши фаъолияти соҳибкорону тоҷирон қатъ карда шавад, то ба гуфтаи мақомот, онҳо вақти бештаре барои ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои корӣ дошта бошанд.

Фармони раиси ҷумҳур дар бораи Эълони мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ рӯзи 16-уми март имзо шуд ва то рӯзи 1-уми январи соли оянда ҳукми эътибор дорад. Дар Тоҷикистон шикояти соҳибкорон аз тафтиши ниҳодҳои давлатӣ зиёд аст ва барои ин иборае доранд, ки «моро мисли гов медӯшанд».

Суҳбати имрӯза дар бораи он аст, ки оё дар воқеъ манъи тафтиши кори соҳибкорону тоҷирон натиҷа медиҳад, корашонро сабук мекунад. Барои суҳбат дар ин бора мо вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Саиҷаъфар Усмонзода ва иқтисодшинос, соҳибкор Аюбҷон Эгамзодро ба барномаи Гапи Озод даъват кардем. Баъзе аз иқтибосҳои барнома:

Саидҷаъфар Усмонзода: “Ин маротибаи чаҳорум аст, ки ҳукумати Тоҷикистон барои манъи санҷиши субектҳои соҳибкорон мораторий эълон мекунад. Дар мораторияҳои пешин агар як қисми соҳибкорӣ ба назар гирифта мешуд вале дар ин навбат ҳам субъектҳои иқтисод, соҳибкорӣ, тиҷорат ва хизматрасониро фаро мегирад.”

Аюбҷон Эгамзод: “Cоли 2008 вақте мораторий эълон шуд, ман дар мағозаи як дӯстам ҳузур доштам ва намояндаҳои мақомот омада тафтишро шуруъ карданд, мо гуфтем, ки мораторий ҷорӣ шудааст ва санҷиш манъ аст. Аммо ин намояндаи мақомот чунон рафтору вонамуд мекард, ки мораторий барояш ҳеч аҳамияте надорад. Ин рафтор монанди облава аст, ки дар қонунҳои мо ба зӯрӣ ба аскарӣ бурдани ҷавонон манъ аст, вале ҳар сол облава сурат мегирад.”

Саидҷаъфар Усмонзода: “Вазифаи асосии Кумитаи андоз, ҷамъ овардани андоз, яке аз қисмҳои асосии даромади буҷа аст. Барои ҳамин баъзе соҳибкороне, ки қонунро риоят намекунанд, дар вақташ ҳисобот намесупоранд ва инчунин доир ба фаъолияти онҳо шубҳа пайдо мешавад, ё пинҳон доштани даромадҳо, онҳо пас тафтиш накунанд. Мо ҳануз ҷомеае насохтем, ки шаҳринишин бошад, ё ки соҳаҳои мухталифи худро донад. Аксари соҳибкорон андозро пинҳон медоранд, худашон пора пешниҳод мекунанд.“

Аюбҷон Эгамзод: “Кумитаи андоз чунин шудааст, ки вақте Чингизхон, ягон мамлакатро ғасб мекард, ба ҳар як нафар дастур медод, ки андоз супорад, кораш шавад, ё нашавад, банкрот шавад, ё нашавад, бояд андоз супорад. Ҳамин гуна шудааст. Ба ҷойи дастгирии соҳибкорӣ ҳатман маблағ ситонида шавад. Ин нодуруст аст. Як мисол меорам. Фикр кунед, як оила аст. Дар он оила мард зану кӯдакони худро азоб медиҳад, мезанад. Вақте ба ӯ мегӯед, 8 моҳ ба ту муҳлат ба зану кӯдакон дигар нарас, ин нодуруст аст. Бояд он мардро тарбият кард, ки дигар тамоман назанад, зану кӯдакони худро. Ин маънии онро дорад, ки ин мораторий фоидаи зиёде намеорад, вақте ки сабабҳои зарари санҷишу тафтишҳо аз байн бурда нашавад.“

Барномаро инҷо бубинед ва агар соҳибкор ҳастед, бинависед, ки чӣ гуна шуморо тафтиш мекунанд. Шарт нест, номатонро бигӯед.

Қатъи тафтиш кори тоҷиронро сабук мекунад, ё не?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:27:04 0:00

XS
SM
MD
LG