Зилзилаи сахте, ки шаби дуюм ба сеюми ноябр Тоҷикистонро такон дод, ба иттилои расмӣ, зарар ва талафоти ҷонӣ надоштааст. Аммо воҳимаву таҳлука сокинони зиёдро аз баландошёнаҳои шаҳри Душанбе ба берун баровард. Аксари сокинон ва корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтаанд, аз ларзиши сахти бинову ҷиҳози хона аз хоб бедор шуданд.
"Дар берун худро каме амн эҳсос мекунӣ"
Дӯстӣ Шерхонов, сокини пойтахт, мегӯяд, онҳо тӯй ва меҳмони зиёд доштанд ва вақте замин ларзид, ҳама ба берун баромаданд: "Мо дар ошёнаи шашум ҳастем. Ним соат дар берун истодем. Баъд баромадем, аммо дигар хобамон ҳам набурд."
Аксар сокинони шаҳр мегӯянд, ин бор заминларза тӯлонитар ва тарсовар буд. Ҳарчанд дар дили шаб рух дод, сокинони зиёде мегӯянд, бедор шудаву ба берун давидаанд. “Кӯдаконро ба берун баровардам. Дар берун худро каме амн ҳис мекунӣ, назар ба хона,” – гуфт Маҳина, сокини пойтахт.
Ба фарқ аз ҳамсояҳо, Гулдаста дар хона монданро беҳтар донистааст: “Дар баландошёна куҷо баромадан мумкин? Дар назарам тез гузашт. Лифт тез-тез кор мекард. Ҳол он ки мумкин нест, ки дар ин ҳолат аз он истифода кард.”
Шарҳи як намояндаи Кумита
Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода заминларзаи шаби гузашта дар Тоҷикистон зарару талафот надошт. Коршиносон мегӯянд, талоши сокинон барои поин шудан аз ошёнаҳои баланд ҳангоми заминларза ва истифодаи лифт нодуруст ва манъ аст.
Фаридун Раҳимзода, як намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ба Радиои Озодӣ гуфт, “ҳангоми заминдарза ба лифт савор нашаванд. Дар ҷойҳое, ки сутунпояҳо аст, ё зери миз худро аз хатар эмин доранд."
Дар ҳолати зарурӣ, ба гуфтаи ин муттахассис, бояд сокинон аз зинапояҳои оҳание истифода баранд, ки дар баландошёнаҳо махсус барои ҳолатҳои фавқулода пешбинӣ шудаанд.
Намояндагони Кумита мегӯянд, онҳо ҳафтае пеш дар назди баландошёнаҳои шаҳр барои аҳолӣ омӯзиш гузаронда, ба сокинон қоидаи рафторро ҳангоми заминларза ёд додаанд. Чунин омӯзиш дар ҳама шаҳру ноҳияҳои кишвар ҷараён ёфтааст. Аммо бо ин вуҷуд дар Душанбе, ки солҳои охир баландошёнаҳои зиёди нав қомат афрохтаанд, таҳлука ва нигаронии сокинон дар заминларза бештар аст.
Дар Тоҷикистон солона садҳо бор замин меларзад, аммо ба гуфтаи муттахасисон фақат 70-80 мавриди он эҳсос мешавад. Дар пайи заминҷунбиҳои шадид солҳои охир даҳҳо хона дар минтақаҳои кишвар вайрон шудааст.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед: