Коршиносон ба ин назаранд, ки дар пасманзари таҳримҳо ба зидди Русия ояндаи бозори кори ин кишвар барои муҳоҷирон тангтар хоҳад шуд. Сарнавишти муҳоҷирони тоҷик чӣ хоҳад шуд? Оё интихобе барои тағйир додани самти нерӯи кор аз Тоҷикистон вуҷуд дорад?
"Кор ҳаст, вале даромад кам шуд"
Шукурбек Авазбеков, зодаи Тоҷикистон, беш аз 15 сол дар Русия ҳамчун кафшергар кор мекунад. Ӯ ҳар моҳ 100 ҳазор рубл ба даст меорад, ки он нисбат ба дигарон даромади хубтарест, вале ноустувории арзи рубл дар моҳҳои охир ба ҳақмузди ӯ таъсир расондааст.
“Пештар маошам мерасид. Аз бонк қарз гирифта, ба сохтани хона дар Тоҷикистон оғоз кардам. Аммо чанд ҳафта пеш арзи рубл коҳиш ёфт ва даромади ман ба ҳисоби доллар поин омад. Ҳоло кор ҳасту метавон зиндагӣ кард, вале агар вазъ бадтар шавад, мумкин аст, мушкили ҷиддӣ пеш хоҳанд омад,” -- мегӯяд мусоҳиби мо.
Дӯстони Шукурбек ба ӯ тавсия медиҳанд, ки бояд дар Канада аз рӯйи шуғли худ дар ҷустуҷӯйи кор шавад, аммо надонистани забон ва синни сол монеа эҷод мекунанд.
Русия кишвари асосии муҳоҷирпазир аз Тоҷикистон аст. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Русия, соли 2021 беш аз 2 миллион шаҳрванди Тоҷикистонро ҳамчун муҳоҷир сабтином кардаанд. Бонки марказии Русия пули фиристодаи онҳоро дар соли гузашта 1 миллиарду 759 миллион доллар ҳисоб кард.
Як муҳоҷири тоҷик бо номи Аслон аз Санкт-Петербург ба Радиои Озодӣ навишт, то ҷанги Русия дар Украина 60 ҳазор рубл моҳона мегирифт. Бо сар шудани ҷанг моҳонаи ӯ 40 ҳазор рубл шуд ва ахиран корфармо 30 корманди тоҷикашро аз кор ронд.
Таҳдид ба иқтисоди Русия ва муҳоҷирон
Бар асоси пешбинии Бонки Ҷаҳонӣ, дар соли 2022 Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ ё ВВП-и Русия 11,2 дарсад коҳиш хоҳад ёфт. Сатҳи таваррум дар ин кишвар то 22 дарсад боло рафта, содироти мол ва хидматрсонӣ то 30,9 дарсад ва воридот то 35,2 дарсад кам хоҳад шуд. Саҳми аҳолӣ бо даромадҳои зери хатти фақри таъйиншуда аз 11 дарсад дар соли 2021 ба 12,8 дарсад барои 2,6 миллион одам хоҳад расид.
Андрей Мастеров, пажӯҳишгари саршиноси Маркази сиёсати молии Донишгоҳи молияи назди ҳукумати Русия, дар мусоҳиба бо REGNUM гуфтааст, дар чунин шароити иқтисодӣ ниёз ба нерӯи корӣ коҳиш хоҳад ёфт. "Аз ҷумла, дар бахшҳое, ки маъмулан муҳоҷирон кор мекунанд (таҳвили молу коло, кормандони арсаи хидматрасонӣ, бозори хадамоти хусусӣ). Дар натиҷа қисмате аз муҳоҷирон нолозим хоҳанд шуд ва ночор ба тарки Русия мешаванд," -- таъкид кардааст ӯ.
Муҳоҷирони тоҷик бояд чӣ кор кунанд?
Абдумалик Қодиров, коршиноси мустақили тоҷик, мегӯяд Русия дар қадами аввал шаҳрвандони худро бо кор таъмин мекунад, вале ин ба он маъно нест, ки тамоми муҳоҷирони тоҷик бе кор мемонанд.
“Аввалан, ҳақмузде, ки қаблан муҳоҷирон барои кор розӣ шуда буданд, на ҳамаи русҳо барои иҷрои он омодаанд. Баъдан, теъдоди бузурги муҳоҷирони тоҷик соҳиби шаҳрвандии Русия шудаанд, ки ҳамроҳ бо шаҳрвандони дигар метавонанд соҳиби кор шаванд. Эҳтимол ҳудуди 25-30 дарсади ҳамватанони мо бармегарданд, на ҳама,” -- мегӯяд Қодиров. Ӯ зикр кард, ки қисме аз муҳоҷирон метавонанд вориди Қазоқистон шаванд, чун ин кишвар шояд мавриди таҳрим қарор нагирад ва иқтисодаш дар сатҳи пешина бимонад.
Мақомоти Тоҷикисон пештар гуфта буданд, ки дар Қазоқистон ҳудуди 7 ҳазор муҳоҷири тоҷик кор мекунанд. Ғайр аз ин, баъзе аз муҳоҷирони тоҷик дар кишварҳои Халиҷи Форс, Иттиҳоди Аврупо ва Амрико низ ҳастанд. Тайи чанд моҳи охир барои муҳоҷирони тоҷик кор дар арсаи кишоварзӣ дар Бритониё пешниҳод мешавад.
Азиз, як муҳоҷири тоҷик, шаш моҳ боз дар хоҷагие дар наздикии Лондон кор мекунад ва ба парвариши мева машғул аст. "Зимистон мо ба бастабандии маҳсулот машғул будем ва ҳоло бевосита дар замин кор мекунем. Шароити ин ҷо дар муқоиса бо Русия хеле хуб аст ва пуле, ки дар Русия дар як моҳ ба даст меовардем, дар инҷо дар як ҳафта кор кардан мумкин аст," - мегӯяд Азиз.
Мақомот дар ҷустуҷӯи роҳҳои нав
Дар пасманзари пешбинии коҳиши бозори кор барои муҳоҷирон дар Русия расонаҳои тоҷик 10-уми апрел аз сафари Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ба Кореяи Ҷанубӣ хабар доданд. Гуфта мешавад, Амонзода дар доираи сафари кории худ бо шаҳрдори Санҷу, Канг Юнг Сок ва вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Кореяи Ҷанубӣ Ан Гён Дук дидор кардааст. Натиҷаи ин сафар имзо шудани тафоҳумнома дар бораи танзими фиристодани муҳоҷирони корӣ барои корҳои мавсимӣ будааст.
Раҳмон Улмасов, коршиноси арсаи муҳоҷират, мегӯяд, қонунгузории Кореяи Ҷанубӣ барои ҳамкорӣ монеа эҷод хоҳад кард. Мувофиқи қонунгузории ин кишвар ба шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба муддати дароз иҷоза дода намешавад. Ин коршинос ба се интихоб ишора кард, ки дар оянда метавонанд барои муҳоҷирони тоҷик умедворкунанда хоҳанд буд.
“Дар ояндаи наздик ҷанг дар Украина анҷом меёбад ва шояд Иттиҳоди Аврупо, Амрико ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар кул барои барқарории Украина иқдом мекунанд. Чун мардуми зиёде Украинаро тарк карданд, ин кишвар ба нерӯи корӣ, аз ҷумла аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ниёз хоҳад дошт ва ин ҷойгузини ҷиддие барои бозори кори Русия хоҳад буд. Ғайр аз ин, Беларус бо вазъи бади демографӣ, Қазоқистон ва дар сурати хуб шудани авзоъ дар Афғонистон, метавонанд, масирҳое нави барои муҳоҷирони мо бошанд,” -- мегӯяд профессор Улмасов.
Тибқи омори расмӣ, теъдоди бекорони сабтшуда дар Тоҷикистон дар соли 2021-ум 54,6 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Коршиносон мегӯянд, теъдоди воқеии бекорон метавонад чандин баробар бештар аз ин аст.