Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳҳор Маҳкамов. Нигоҳе ба кор ва мероси президенти нахустини Тоҷикистон. ВИДЕО


Қаҳҳор Маҳкамов
Агар умр вафо мекард, рӯзи 16-уми апрели имсол Қаҳҳор Маҳкамов, нахустин раисҷумҳури Тоҷикистон, 90-сола мешуд. Раиси ҷумҳуре, ки муддати кӯтоҳ раҳбари кишвар буд ва дар талотумҳои сиёсии солҳои 90-ум аз сиёсат канор рафт. Дар ҳоле ки иддае ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-97-ро яке аз меросҳои сиёсии ӯ медонанд, бархеи дигар инсони хоксоре мешуморанд, ки дар пайи андӯхтани сарват набудааст. Гузориши Радиои Озодӣ дар бораи мерос ва назарҳо дар бораи ӯст.

"Ман меравам, вале..."

30-юми августи соли 1991 Қаҳҳор Маҳкамов, нахустин ва ягона президенти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, зери фишори вакилони порлумон ва мардуми гирдиҳамомада истеъфо дод.

Ӯ ҳамагӣ 9 моҳ пеш аз тарафи ҳамин вакилон ба мансаби президентӣ интихоб шуда буд. Маҳкамовро ба пуштибонӣ аз табаддулоти нокоми 19-уми августи ҳамон сол гунаҳкор карданд. Аммо соли 2014, пас аз 23 соли сукут, қазияи истеъфояшро ин гуна шарҳ дода буд:

Шаҳри Душанбе, моҳи феврали 1990
Шаҳри Душанбе, моҳи феврали 1990

“Сессия 29-уми август корашро сар кард. Се рӯз давом ёфт. Депутатҳо гуфтанд, ба истеъфо равед. Ман ҳеч чиз нагуфтам. Дар баромадам низ ягон гап нагуфтам. Вақте коммунистҳо, коргарони худамон гуфтанд, ки Қаҳҳор Маҳкамов, акнун ба истеъфо равед, фикр кардам, бо ҳаминҳо кор мекунам? Бо ҳамин депутатҳо? Онҳое, ки ягонтаашон дар фикри ояндаи ҷумҳурӣ нестанд. Ҳама мехоҳанд, ман ба истеъфо раваму ягонтоашон президент шаванд. Папкаро гирифта, гуфтам: ман рафтам, лекин Шумо як рӯз аз кори кардаатон пушаймон мешавед.”

Ҳама дигар мешуд, ӯ мехост, ҷумҳурӣ дигар нашавад

Ин як давраи пурвоқеа ва сарнавиштсози Тоҷикистон буд. Поёни як марҳилаи таърихӣ ва оғози марҳилаи нав. Ба ҷойи сензураи шадиди Шӯравӣ ошкорбаёнӣ, ба ҷойи яккаҳокимиятии ҳизби коммунист чандандешии сиёсӣ, ба ҷои иқтисоди планӣ иқтисоди бозаргонӣ, ба ҷойи низоми сотсиализми пешрафта бозсозӣ ва сармоядорӣ меомаданд, ки ба фурӯпошии давлати Шӯравӣ ва озод шудани 15 ҷумҳурии узви он роҳ мекушоданд. Давраи ҳалкунандае буд, ки раҳбарони қавиро мехост.

Парвиз Муллоҷонов
Парвиз Муллоҷонов

Сиёсатшинос Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, “бояд бифаҳмем, як шахсияте, сиёсатмадоре буд, ки ба он давраи бозсозӣ мувофиқ намеомад. Яъне, давраи бозсозӣ барои он шахсият як давраи хеле бегона буд. Афкори он кас, идеологияи он кас, менталитети он кас бозсозиро тамоман қабул намекард. Ин фоҷиаи шахсии ҷаноби Маҳкамов буд. Тамоми кишвар дигар мешуд, аммо ӯ кӯшиш мекард, ки ҷумҳурӣ дигар нашавад.”

Аммо ҳамзамон ин як давраи ошуфта ва нофаҳмо буд. Кишвари бузурги Шӯравӣ намедонист роҳ ба куҷо дорад ё нокуҷо.

Нуралӣ Давлат
Нуралӣ Давлат

Нуралӣ Давлатов, рӯзноманигору таърихдони тоҷик, мегӯяд, “замоне ки Горбачёв ислоҳоти иқтисодиро оғоз кард, ягон барнома надошт. Худаш ҳам намедонист, ки пайомади ин ислоҳот чӣ мешавад. Дар чунин шароит котиби якуми партияи коммунистии Тоҷикистон таъин шуда буд ва Горбачёв аллакай дар моҳи январи соли 1987 фаҳмид, ки ислоҳоти иқтисодие, ки пеш гирифтааст, ноком мондааст.”

Аз вазифаҳои техникӣ ба масъулиятҳои ҳизбӣ

Қаҳҳор Маҳкамов, иқтисоддон ва муҳандиси саноати кӯҳӣ, то интихоб шудан аз тарафи порлумони вақт ба мақоми президенти Тоҷикистон асосан вазифаҳои техникиро ба зимма дошт. Раиси Кумитаи давлатии планкашӣ ва дертар раҳбари Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон буд. Дар соли 1985 сарвари Ҳизби коммунисти кишвар шуд.

Шаҳри Душанбе, моҳи феврали 1990
Шаҳри Душанбе, моҳи феврали 1990

Дар даврае, ки сардори ӯ дар Маскав Михаил Горбачёв сиёсати бозсозиро ба роҳ андохт, ки ҳокимияти ин ҳизбро дар саросари Иттиҳоди Шӯравӣ баҳам мезад. Вале барои нигоҳ доштани қудрат раҳбарони ҳизб ба президент табдил меёфтанд.

Ваҳҳоб Воҳидов, вазири собиқи кишоварзии Тоҷикистон дар замони раёсати Маҳкамов, дар як суҳбати пешинааш чунин гуфта буд: “Ин кас сахтгир, мушт карда гап мезадагӣ набуданд. Ин кас бисёр раҳмдил. Он замон одами сахтгир даркор буд. Қувваҳои сеюм ҳам пайдо шуда, маблағ дода, доду фарёд мекарданд, нест бод коммунистҳову нест бод ҳукумату комитети марказӣ мегуфтанд.”

ВИДЕОРО ДАР ИНҶО БИНЕД:

Нахустпрезидент. Нигоҳе ба кор ва мероси Қаҳҳор Маҳкамов
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:04 0:00

Горбачёв, бозсозӣ ва Тоҷикистон

Дар бораи иштибоҳҳои Горбачёв ё бозиҳои хостану нахостани ҳамзамони ӯ солҳо баъд гуфта шудааст, ки бозсозӣ нахуст мебоист аз иқтисод сар мешуд ва он гоҳ ба сиёсат мегузашт.

Дар ҳоле ки сухани зиёд гуфта мешуд, ягон сухангӯ наметавонист, роҳро ба ҳамагон нишон диҳад. Чанде аз ҷумҳуриҳои Шӯравӣ истиқлол мехостанду Маскав талош мекард, ҳамаро зери чатри худ нигоҳ дорад. Аммо ҳамзамон ҳимояти иқтисодии марказ ба ҷумҳуриҳо аз байн мерафт, Қаҳҳор Маҳкамов ҳамарӯза бо масъалаҳои сахте рӯбарӯ мешуд.

Дигаргуниҳо он замон ба заминҷунбиҳои сахту давомдор монанд буданд. Дар ҳар ҷумҳурӣ созмону гуруҳҳои наве пайдо мешуданд, ки бо истифода аз нахустин имкониятҳои озодии баён, ҳаққи худро талаб мекарданд. Давлатмеҳварон ва русгароёни ҳукумати Шӯравӣ бо истифода аз ҳамаи абзор, аз ҷумла нерӯҳои мусаллаҳ, ин ҳақталошиҳоро саркӯб мекарданд.

Шиори машҳури “Дӯстии мардуми Шӯравӣ” аз имтиҳони ин даврон нагузашт. Дар чанд ҷумҳурии Шӯравӣ даргирҳои байниқавмӣ сар зад.

Ҳодисаҳои февралӣ тақдири сиёсии Маҳкамовроҳал” кард

Баҳманмоҳи соли 1990 дар Душанбе
Баҳманмоҳи соли 1990 дар Душанбе

Моҳи феврали соли 1990 тазоҳурот дар Душанбе, ки зимни овозаҳо ба гурезаҳои арман дода шудани хонаҳои навсохти шаҳр ба амал омада буд, ба хушунат пайваст ва аз тарафи нерӯҳои “Алфа”-и Шӯравӣ тирборон шуд.

Зери фишори норозиён ва бо дастури Маскав Қаҳҳор Маҳкамов аз мақомаш ҳамчун раҳбари ҳизб ва кишвар истеъфо дод. Вале ба зудӣ бо баҳонаи мухолифати ҳамҳизбонаш ва гуё ғайриқонунӣ будани тартиби истеъфо ба мақомаш баргашт.

Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик, мегӯяд, “нисбати воқеаҳои февралӣ Маҳкамов ягон нуфуз надошт. Аслан ин воқеа аз Маскав сар шуд. Аз КГБ-и СССР. Ин як интригаи ҳамон давра буд. Роҳбарияти онрӯзаи Тоҷикистон ягон хабар надошт.”

Ин воқеа ба сарнавишти сиёсии Қаҳҳор Маҳкамов асари носутурданӣ гузошт. Бархе ӯро айбдор карданд, ки сабаби марги 26 навҷавон шуд, бархеи дигар гуфтанд, қатъияти лозим надошт, то аз лағжидани кишвар ба самти ҷанги дохилӣ пешгирӣ кунад.

Ба қавли Нуралӣ Давлат, “Маҳкамов дар куштор даст надошт, вале ӯро таърих ба он гунаҳкор мекунад, ки пеши роҳи ин бетартибиву хунрезиҳоро гирифта натавонист. Камбудии Маҳкамов ин буд, ки ҳамчун роҳбари як ҷумҳурӣ бояд пешгирӣ мекард. Ин ки КГБ-и СССР даст дошт, ё КГБ-и Тоҷикистон, ё котиби дуюми партияи коммунисти Тоҷикистон, ё мудири кадом автобаза, фарқ надорад, азбаски Маҳкамов роҳбар буд, ҳамааш ба номи ӯ сабт мешавад.”

Мавқеъро дигар кард, вале маҳбубият барнагашт

Матбуоти Шӯравӣ воқеаҳои “Баҳманмоҳи хунин”-ро ошӯби миллатгароён ва мусулмонон зидди Русия номид. Маҳкамов ба ин иддаои матбуоти Маскав ҳамсадо шуд. Вай гуфт, диндор нест, забони русиро бар тоҷикӣ бартарӣ дорад ва афзуд, ки ифротгароён бераҳмӣ нишон доданд. Аммо аз бераҳмиҳои “Алфа” дар Душанбе ёдовар нашуд. То поёни умр ин ақидаашро тағйир надод.

Қаҳҳор Маҳкамов, нахустин ва ягона президенти ҶШС Тоҷикистон, дар як нишаст соли 2014 чунин гуфта буд: “Рости гап, Маскав ба масъалаи “баҳманмоҳи хунин” он қадар ҳамроҳ нашуд. Ёрӣ ҳам накард. Горбачёв дар вақти суҳбатҳои телефонӣ мегуфт, ба мардум сахт нарасед, озор надиҳед.”

Пас аз воқеаҳои моҳи феврали соли 1990 Қаҳҳор Маҳкамов ҳарчанд касе буд, ки идҳои мусулмонии Қурбон ва Рамазонро рӯзҳои истироҳат эълон кард, ба таъсиси масҷидҳо ва донишгоҳи исломӣ иҷоза дод, зиёиёни шинохтаро ба идораи давлат ҷалб кард, барномаҳои иқтисодӣ пешниҳод намуд, дигар натавонист дар байни мардум маҳбубияти пешинаашро барқарор кунад.

Дориюши Раҷабиён
Дориюши Раҷабиён

"Вақте аз имрӯз, аз соли 2022 ба соли 1990 нигоҳ мекунем, ба назари ман, Қаҳҳор Маҳкамов шахси бисёр озоде буд, озодманиш, демократ. Касе, ки дар миёни мақомҳои Тоҷикистон ҳамто надорад. Аслан намешавад тасаввур кард, ки раҳбари Тоҷикистон ба дархости кӯдаки 15-16-сола посух бидиҳад. Аз он донишомӯзи мактаб бихоҳад, ки биёяд ва бо ӯ суҳбат кунад. Ин иттифоқ бо ман уфтод," – ба ёд овард Дориюши Раҷабиён, рӯзноманигори тоҷики муқими Лондон.

Баҳои гуногун

Акбари Турсон
Акбари Турсон

Дар ҳоле ки бархе ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-97-ро яке аз меросҳои сиёсии ӯ медонанд, иддае дигар ӯро як инсони хоксоре мешуморанд, ки дар пайи андӯхтани сарват набудааст.

Акбари Турсон, донишманди тоҷик, мегӯяд, “ду хислати шахсии Маҳкамов дар зеҳни ман мондааст. Инсони хеле хоксор буд. Вақтҳои охир, замони хонашин шудан ҳам, рафтори оддӣ дошт. Ба корҳои нопок одат накарда буд. Мегуфт, Худо ҳаминро ба назар мегирад. Яъне, ман дурӯғ намегӯям.”

Низорамо Зарипова
Низорамо Зарипова

Ба қавли Низорамоҳ Зарипова, чеҳраи сиёсӣ ва ҷамъиятӣ дар замони раёсати Маҳкамов, “ҳамон мардак (Маҳкамов) ҳеч касро интизор нашуд, ба касе ҳам муроҷиат накард. Президенти республика, сардори давлат, шляпа дар сар ҳавлиашро тоза мекард. Салом карда, ба шӯхӣ мегуфтам, Қаҳҳор Маҳкамович, қандатро зан, ба занакҳо эълон мекунам, ки ҳамин тавр шавҳар дошта бошанд.”

Дар як нишасте бо хабарнигорон, пас аз 23 соли сукут, Қаҳҳор Маҳкамов аз мероси сиёсияш ҳимоят кард ва ҳамоно бо нодида гирифтани факту воқеиятҳо гуфт, роҳи ӯ дуруст буд, вале ӯро намонданд, ки кор кунад ва собит намояд.

Қаҳҳор Маҳкамов солҳои ахири умри худро дар бознишастагӣ гузаронд ва 16-уми июни соли 2016 дар 84-солагӣ дар Душанбе фавтид ва дар оромгоҳи Сариосиёи Душанбе ба хок супурда шуд.

Шарҳҳоро бинед (8)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG