Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Фарзандони ҳукуматдоронро ба хидмати ватан мебаранд?" ВИДЕО


Шояд видеои доду фарёди ҷавонеро дида бошед, ки баъдан маълум шуд, хабарнигор асту ӯро аз маркази шаҳри Душанбе бардошта ба артиш бурданд. Мақомот гуфтанд, азбаски Шоҳрухи Исмоил даъватномаҳоро ба комиссариати ҳарбӣ нодида гирифту ба онҷо ҳозир нашуд, бар асоси қонун маҷбурӣ бурданд.

Баҳси зиёде, ки ин ҳафта дар вебсайти Радиои Озодӣ идома дошт, дар бораи ҳамин ҷавону “сарбозшикор” ё ҷалби иҷборӣ ба артиши Тоҷикистон буд. Гуруҳе аз корбарон мақомотро танқид карданд, ки бо ин корашон мардумро метарсонанд. Қисми дигар гуфтаанд, мақомот дуруст кардаанд, ки Шоҳрухро маҷбуран бурда

"Ба фарзандони ҳукуматдорон даъватнома мефиристода бошанд?"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:15 0:00

нд. Аз шарҳи як корбар аз гуруҳи аввал оғоз мекунем, ки худро дар вебсайти мо “Ҳақиқатгӯй” муаррифӣ карда, аз мақомот пурсидааст:

"Воқеан, ба фикри Шумо, ҳамин кор дуруст аст? Мебахшед, ҳайвон бо фарзандаш ин корро намекунад. Бо ин корҳои бемаъниатон хашми мардумро меоред. Дар он тараф дар сарҳад бародарамонро ба қатл расониданд, дар ин тараф бо зӯр фарзандони бечораву камбағалро дошта, ба хизмат мебаред. Шармандагӣ, наход аз роҳи зӯр бачаро ба хизмат баред. Бо ин усул рӯҳияи ҳамаро мешиканед.”

Корбари дигаре суол кардааст, ки оё фарзандони мақомоти баландпояи Тоҷикистон ҳам аз комиссариати низомӣ даъватнома мегирифта бошанд ё на? Ё дар воқеъ фарзандони онҳо ҳам мисли бачаҳои мардуми оддӣ ба артиш мераванд? Шарҳу суоли ин корбарро мехонем, ки худро дар вебсайти мо “Тоҷикистонӣ” муаррифӣ кардааст:

“Саволи ман ин аст, ки ягон бор аз тарафи комиссариати ҳарбӣ ба фарзандони ҳукуматдорон даъватнома мефиристода бошанд? Чаро онҳо хидмати ватан намекунанд? Оё онҳо медонанд, хидмат чист?”

Барномаро дар инҷо бинед:

"Ба фарзандони ҳукуматдорон даъватнома мефиристода бошанд?"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:15 0:00

Аммо як гуруҳи дигари корбарон ҷавонони тоҷикро сарзаниш кардаанд, ки аз уҳдадории ҳатмӣ, яъне хидмати сарбозӣ, саркашӣ мекунанд ва ба қавли онҳо аз мактаби мардонагӣ намегузаранд. Яке аз ин корбарон, ки худро Карим муаррифӣ кардааст, дар вебсайти Радиои Озодӣ чунин навиштааст:

“Хайр равад, хизмат кунад, охир. Хеч гап надорад. Бовар кунед, ҳозир хизмат хеле беҳтар шудааст. Мардум ҳамон воҳимаи пештараро доранд. Ман дар Дарвоз хидмат кардаам. Хидмат як мактаби бузург аст, мактаби мардонагӣ. Хеле вазниниҳоро дидем, лекин пушаймон нестем, ки хидмат кардем.”

Айни шарҳро аз корбари дигаре гирифтем, ки худро “Сарбоз” муаррифӣ карда, ба ҷавонони тоҷик тавсия додааст, ки гурехтан дар кӯчаву паскӯчаҳоро бас кунанд ва довталабона ба артиш раванд.

Ин шарҳро ҳамроҳ мехонем: “Мардуми азиз! Барои чӣ аз хизмат саркашӣ мекунед? Ману Шумо ватанро муҳофизат накунем, кӣ муҳофизат мекунад? Шумо, ки хидмат намеравед, мақомот маҷбуранд, аз зӯрӣ кор бигиранд. Агар хоҳед, хизмат набаранд, либосҳои занона пӯшида дар кӯча гардед. Афсӯс, кам аст, он ҷавононе, ки ихтиёрӣ ба хизмат мераванд. Рав, 1-2 сол хизмат кун, биё коратро бин. То кай мегурезӣ, дар кӯчаву паскӯча?”

Бисёриҳо риоят нашудани ойинномаи ҳарбӣ ва бадрафторӣ бо сарбозони тоҷикро сабаби аслии гурехтани ҷавонон аз артиш ва дар кӯчаву паскӯча пинҳон шудани онҳо хонда ва гуфтаанд, агар муносибату рафтор бо сарбозон дуруст бошад, ҳеч касе аз хидмат сарпечӣ намекунад.

Яке аз ин корбарон Латофат Аҳмадова аст, ки чунин шарҳеро дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук гузоштааст: “Вазорати мудофиа бояд сиёсати хизматро, аз афсарон сар карда, то сарбозони қаторӣ дуруст ба роҳ монад, то ҷавонон бо сари баланд ба хизмати ватан раванд ва сиҳату саломат ба хона баргарданд, вале афсӯс.”

Ба назари Шумо чӣ кор бояд кард, ки дигар “сарбозшикор” нашаваду ҷавонон ихтиёран ба артиши Тоҷикистон раванду сиҳату саломат баргарданд. Дар зери ҳамин барнома нависед, агар дар видео сабт кунеду ба ин шумора: +420 607 900 808 бифристед, олӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG