Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғуломалӣ "ғулом"-и беморӣ нашуду дасти ҳамтақдиронашро гирифт. ВИДЕО


Ғуломалӣ Назаров

Ғуломалӣ Назаров дар ноҳияи Рӯдакӣ барои шахсони маъюб ароба месозад. Худаш пойи равон надораду дасташ ҳам хуб кор намекунад, аммо намехоҳад, ҳамтақдиронаш ранҷу азоб бубинанд.

“Худам аробачаи маъюбӣ надоштам. Вақте, бори аввал, ба ман ароба доданд, фикр кардам, дубора таваллуд шудам. Он замон ҳадаф гузоштам, ки барои афроди маъюбу муҳтоҷ аробача месозам,” – нақл кард ӯ.

Вай 39-сола ва зодаи ноҳияи Ёвон асту бо ҳамсар ва се фарзандаш дар манзили иҷора дар канори Душанбе зиндагӣ мекунад.

Мактаби миёна нахондааст, аммо чанд давраи омӯзиширо гузашта, бо мадади Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар таҳхонаи дармонгоҳе дар ноҳияи Рудакӣ дӯкон ташкил кардааст.

“Ҳар сол ба раис муроҷиат мекунам, посухе нест”
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:36 0:00

Аз оҳанпора ва таҷҳизоти куҳна барои маъюбон такягоҳу аробача месозад ва ройгон медиҳад. Ин шабу рӯз барои як ҷавону хоҳараш, ки имкони роҳ рафтан надоранд, аробача месозад. Мехоҳад, онро то рӯзи иди фитр барояшон тақдим кунад.

“Яке 28-сола ва дигаре 25-сола ҳастанд. Аз як оила ва ҳарду маъюб. Онҳо ба аробача ниёз доранд. Модарашон бемор, бешавҳар,” – афзуд ӯ.

Ғуломалӣ Назаров аз инки то кунун зиндагии чанде аз ҳамтақдиронашро дигар кардааст, хушҳол аст. Ҳар бор паёмҳои миннатдории муштариёнашро мебинад ва ба кораш дилгармтар мешавад.

Аз падараш розӣ аст, ки ҳамеша бо ӯ буд ва барояш чанд ҳунаре омӯзонд, ки ҳоло манбаи даромадаш шудааст. Корро аз таъмири пойафзол шуруъ кард ва ҳоло хона ҳам таъмир мекунад.

Аммо он чӣ ӯро ба ташвиш меорад, муносибати ба гуфтааш “нобаробари ҷомеа” ба шахсони маълул аст. Ғуломалӣ Назаров аз он шкиоят кард, ки 12 сол пеш, дар рӯзи издивоҷаш, ҳукумати ноҳияи Ёвон қитъаи замин ваъда карда буд, вале то ҳанӯз иҷро накардааст.

“Ҳар сол ба раиси ноҳия ариза менависам. Шикояти худро пешниҳод мекунам, ки ақаллан замини наздиҳавлигӣ диҳед, посухе нест,” – мегӯяд ӯ.

Ғуломалӣ Назаров
Ғуломалӣ Назаров

Дар Тоҷикистон ҳудуди 150 ҳазор маъюб зиндагӣ мекунанд, ки тақрибан 25 ҳазор нафари онҳо кӯдаканд.

Онҳо аз набудани роҳҳои махсус барои гаштугузор, имкони нишастан ба нақлиёти ҷамъиятӣ, баромадану фаромадан ба аксар биноҳои баландошёна, нафақаи каму бекорӣ шикоят доранд.

Ҳарчанд мақомоти Тоҷикистон худро давлати иҷтимоӣ мегӯянд, шикоятҳои пайвастаи маъюбон баёнгари он аст, дар зиндагии чунин афрод мушкилоти ҳалношуда хеле зиёд мондааст. Чизе, ки мақомот қабул надоранд.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG