Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гапи Озод: Сафарҳои пайвастаи президент ба ноҳияҳо бо ҳадафи чист? ВИДЕО


Сафарҳои пайвастаи раисҷумҳури Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои кишвар чӣ маънӣ, ҳадаф ва пайомаду натиҷа доранд? Эмомалӣ Раҳмон танҳо дар соли 2021 чаҳор дафъа ба Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеъ рафтааст. Бархе ин сафарҳоро мусбат медонанд, ки ба рушду ободии минтақаҳо сабаб мегарданд, вале иддае дигар мегӯянд, ба ғайр аз дабдаба, худнамоӣ ва харҷи беҳуда натиҷае намеоранд.

Меҳмонони барнома: Абдуқодири Абдуқаҳҳор (Талбаков), журналист ва мудири Китобхонаи "Лоҳутӣ" ва Муҳаммадиқболи Садриддин, сардабири "Ислоҳ" ва аз фаъолони мухолифини ҳукумати Тоҷикистон.

Суолҳои барнома:

Баъзе ин сафарҳоро ба сурати умум худнамоӣ мешуморанд, Шумо чӣ мегӯед?

Бовар доред, ин сафарҳо сабаби рушду ободии маҳалҳои кишвар мешаванд?

Оё ба назар намерасад, тайёриҳо бо саросемагӣ сурат мегиранд ва бештар мисли хокпошӣ ба чашми раҳбари давлатанд?

Агар ба сафарҳои президент бо нигоҳи мусбат нигоҳ кунед, чиро дида метавонед?

Барои як кишвари фақир, ки мардумаш дар Русия заҳмат кашида, пул мефиристад, ин ҳама чӣ маъно дорад?

Раисҷумҳур ба минтақаҳо барои дидани кӣ меравад? Барои дидани мардум ё мансабдорон?

Чаро президент танҳо ва бе барномаи ҳукуматҳои маҳаллӣ ба кӯчаҳо намебарояд ва ба назди мардум намеравад?

Чунин ба назар намерасад, ки раисони ноҳияҳо барои пешвози президент мусобиқаеро сар кардаанд? Ин харҷ аз куҷост?

Оё ин масъала роҳи ҳал ё танзими дурусте дорад?

Баъзе иқтибосҳо аз барнома:

"Ҳақ дорад ва бояд ҳам сафар кунад. Ҳеч кас мухолифи рафтани ӯ ба шаҳру ноҳияҳо ва вилоят нест. Ҳамеша бояд сафар кунад, аз ҳоли мардум пурсад. Аз сафарҳои пурдабдаба худдорӣ кунад... Вақте ман тоҷир ҳастам ва бино месозам, чаро бояд президент ифтитоҳ кунад? Кӣ ин ҳақро додааст? Дар ҳоле ки пули буҷа, пули президент набошад."

"Чӣ худнамоӣ аст, вақте президенти мунтахаби як кишвар ба ноҳияе, ки дӯсташ медоранду интихоб кардаанд, сафар кунад? Президент дигар ба ягон шаҳру ноҳия наравад? Бояд сарфу хароҷоти зиёд нашавад. Барои сафарҳои президент дар буҷаи давлат махсус маблағ ҷудо шавад, то ба вилоят ва ноҳияҳо хисорот нарасад ва мардум ҳам пул ҷамъ накунанд."

"Сафарҳо пурдабдаба ва серхарҷ ҳастанд. Тоҷикистон дар қатори кишварҳои фақиртарини дунё аст, вале раисҷумҳураш ба монанди раҳбароне аст, ки воқеан фикр мекунӣ императори бузурги ҷаҳон асту воқеан мехоҳад ба пойи ӯ тамоми кишварро бирезанд. Мо ҳамеша мухолифи сафарҳои серхарҷ ва амалҳое ҳастем, ки бар зарари буҷаи кишвар аст."

"Кадом мухолифи ҳукумат нисбати ҳукумат меҳрнома баён мекунад. Албатта, комилан мувофиқ нестам. Мо мардуми шарқӣ ҳастем. На ҳама президентҳо маҳбубанд. Бисёриҳо машҳуранд, вале президент, ҷаноби олӣ, маҳбуб аст. Дар ҳар ноҳия мехоҳанд, ба дидораш мушарраф шаванд, чун ба миллат хидмат кардааст."

Барномаро дар инҷо бинед:

Сафарҳои президент ба ноҳияҳо бо ҳадафи чист?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:26:55 0:00

Видеоро дар Ютюб тамошо кунед:

Шарҳҳоро бинед (14)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG