Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маоши якрӯзаи кормандони буҷавӣ дар Рӯдакӣ - барои иншооти ҷашнӣ. САДО


21 декабри соли 2018 дар деҳаи Оби Шифои ноҳияи Рӯдакӣ маросими ифтитоҳи мактаби нав бо ширкати президент баргузор шуд. Акс: president.tj
21 декабри соли 2018 дар деҳаи Оби Шифои ноҳияи Рӯдакӣ маросими ифтитоҳи мактаби нав бо ширкати президент баргузор шуд. Акс: president.tj

Аз омӯзгорону пизишкон ва дигар кормандони ниҳодҳои давлатӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ тақозо шудааст, ки маоши якрӯзаи худро барои анҷоми сохтмонҳое, ки дар боз шуданашон президенти кишвар иштирок мекунад, супоранд. Вале мақомот мегӯянд, ин танҳо як хоҳиш аст ва иҷрои он амалест довталабона.

Кормандони буҷавии ноҳия, ки бо Радиои Озодӣ тамос гирифтанд, дар посух ба ишораи мақомот дар бобати ихтиёрӣ будани бахшидани маоши якрӯзаи худ гуфтанд, ин “хоҳиш” ба гунаест, ки иҷро накардани он имкон надорад, чун аз маош дошта гирифта мешавад ва ба норозиён хатари ронда шудан таҳдид мекунад.

Ба дасти Радиои Озодӣ нусхаи ду ҳуҷҷате бо имзои Рустам Акрамзода, раиси ноҳияи Рӯдакӣ расид, ки иддаои омӯзгорону пизишконро тасдиқ мекунад.

Дар ҳуҷҷате, ки моҳи май тасвиб шудааст, аз кормандони соҳаи буҷавӣ хоҳиш шудааст, маоши якрӯзаи худро “барои ободонӣ” бахшида ба 30-солагии истиқлолият гузаронанд.

Дар ҳуҷҷати дуввум, ки рӯзи 27-уми август тасвиб шудааст, аз кормандони соҳаи буҷавӣ хоҳиш мешавад, барои анҷоми сохтмони иншооти ҷашнӣ, ки дар кушодани онҳо президенти кишвар ширкат мекунад, маоши якрӯзаи худро ба суратҳисоби махсус интиқол диҳанд.

Қарор аст, то нимаҳои моҳи сентябр Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар ба ноҳияи Рӯдакӣ сафар кунад.

Маоши якрӯзаи кормандони буҷавӣ дар Рудакӣ - барои иншооти ҷашнӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:33 0:00

Давлатманд Боронзода, раиси дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, танҳо раиси ноҳия ба кормандони соҳаи буҷавӣ ва соҳибкорону кишоварзон барои кӯмак ба сохтмони чанд иншооти ҷашнӣ, ки бояд бо ширкати президент боз шаванд, муроҷиат кардааст, вале пардохти маош ё маблағе ихтиёрӣ аст.

“Аз сабабе, ки қисми даромади буҷа иҷро нашудааст, раиси ноҳия хоҳиш карданд, ки барои кӯмак якрӯза маошашонро ихтиёран гузаронанд. Ин ҷо ягон кори маҷбурӣ нест. Ихтиёрӣ аст. Касе ватандӯст асту ободии ноҳияи худашро мехоҳад, кӯмак мекунад. Нагузаронанд, мушкиле нест, як бало карда, аз дигар ҳисоб мекунем,” - гуфт Давлатманд Боронзода, раиси дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ.

Аммо ӯ афзуд, дар моҳи май чунин муроҷиати раис “якдилона қабул шуд ва ҳама кормандони соҳаи буҷавӣ маоши якрӯзаи худро гузаронида буданд”.

Мақомот расман нагуфтанд, ки ҳаҷми умумии маоши якрӯзае, ки аз кормандони буҷавии ноҳия мегиранд, чӣ миқдор аст, аммо як манбаъ бидуни зикри номаш гуфт, маоши якрӯза дар ҳама бахшҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ тақрибан ба ним миллион сомонӣ баробар мешавад.

Давлатманд Боронзода, раҳбари дастгоҳ гуфт, маоши якрӯзаи кормандон дар сохтмони пояи парчами 45-метра ва бозсозии чанд роҳ, ки аз он президенти кишвар бояд гузарад, сарф хоҳад шуд. Бар асоси нақшаи тахминӣ, Эмомалӣ Раҳмон дар ин ноҳия ду мактаб, гармхона ва чанд иншоотеро, ки соҳибкорон сохтаанд, боз мекунад.

Вале ин тасмими мақомот бисёр сокинони маошхӯр ё корманди идораҳои буҷавиро нороҳат кардааст.

Маҷбурӣ ё ихтиёрӣ? Аз омӯзгорону пизишкон маоши якрӯзаро хостанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:35 0:00
Линки мустақим


Зайнаб, омӯзгори яке аз мактабҳои ноҳияи Рӯдакӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, дар чаҳор моҳи охир бори дуюм аст, ки маоши якрӯзии онҳоро гуё ихтиёрӣ, вале дар асл бидуни мувофиқа намедиҳанд.

“Бори аввал “барои ободонӣ” гуфтанд, ҳоло мегӯянд, ки президент меояд, бояд барои пешвози ӯ якрӯза маошамонро бубахшем,” - гуфт Зайнаб, ки номи пуррааш дар ихтиёри идора ҳаст.

Ӯ 900 сомонӣ маош мегирад ва маошаш барои як рӯзи корӣ 45 сомонӣ мешавад. Пуле, ки ба гуфтаи Зайнаб, ба харҷи якмоҳаи равғани хонавода баробар аст. Ин омӯзгор мегӯяд, “аз маоши ночиз инчунин барои ҳаққи аъзогии ҳизб ва обунаи маҷбурӣ ба нашрияҳои расмӣ низ гирифта мешавад”.

Баҳриниссо, омӯзгори дигар мегӯяд, маблағе, ки гуё “ихтиёрӣ” аз онҳо мегиранд, ба дасташон намерасад ва ба корти бонкиашон ба андозаи як рӯзи корӣ камтар пул мегузарад. Ин омӯзгор мегӯяд, эътироз кардан дар ин маврид баробари аз даст додани ҷойи кор аст.

“Моҳи май дар мактаб маҷлис карданд, ки бояд аз маошатон баргардонем. Дигар розигиии моро ҳам напурсиданд. Касе шикоят кунад, таҳдиди аз кор рафтанро мешунавад,” - гуфт ӯ.

Бо ин мазмун ду омӯзгори дигар ва як пизишки минтақавӣ ба Радиои Озодӣ шикоят карданд, ки маоши якрӯзаашон пас гардонида мешавад.

Гулшода Исломова, директори маткаби деҳаи Заркамари ноҳияи Рӯдакӣ гуфт, ҳайати омӯзгорони маткаби онҳо муроҷиати раиси ноҳияро хуб қабул карданд

Ӯ афзуд: “Дар мактаби мо ҳама розӣ шуданд ва ягон нафар барои гузаронидани маош ба ободонӣ норизо нест. Руйхат кардем ва имзо гузоштем, бе ягон мушкил.”

Бисёре аз коршиносон омодагӣ ба сафари президент ба шаҳру навоҳиро, ки дар ниҳоят танҳо бо кушодани чанд иншооти начандон муҳим анҷом меёбад, сарфи беҳудаи вақт медонанд. Аз сӯи дигар, анъана шудани ҷамъоварии маблағ аз сокинон ва соҳибкоронро ҷабр медонанд.

Далер Шарифов, рӯзноманигори тоҷик, мегӯяд, чунин шеваи кор ба обрӯи президент намеафзояд ва имиҷи ҳукуматҳои маҳаллиро дар миёни мардум аз байн мебарад.

Ба гуфтаи ӯ, бо пул ҷамъ кардан аз кисаи мардум ҳатто ободкориҳое, ки шудаанд, зери суол мераванд.

Ӯ гуфт: “Ҳамеша ҳукумат, дар даҳ соли ахир, аз масрафу исроф гап задааст, аз зиёдаравӣ накардани мардум гап задааст, вале мебинем, худашон рафторҳое анҷом медиҳанд, ки саропо исроф аст. Ин шеваи кор оҳиста-оҳиста ба бӯҳрон мебарад. Шояд ин кори ҳукуматҳои маҳал аст, ки мехоҳанд, худро назди президент нишон диҳанд. Дар ниҳоят ба обрӯи президент зарба механад, ки кори хуб нест”.

Ноҳияи Рӯдакӣ наздики 400 ҳазор аҳолӣ дорад ва аз калонтарин ноҳияҳои Тоҷикистон аст. Сафарҳои президент ба навоҳии кишвар ба як кори маъмулӣ табдил ёфтааст. Дар ин сафарҳо маъмулан танҳо саҳнаҳои такрориро дидан мумкин аст. Гурӯҳе аз хонандагон дар васфи президент шеър мехонанд, мансабдорон бо дастони пеши бар ӯро ба иншооти тозабунёд раҳнамоӣ мекунанд. Ин сафарҳо бо буридани лентаи чанд мактабу беморхона, варзишгоҳ ва корхонаҳои хурде, ки умдатан соҳибкорон сохтаанд, анҷом меёбад.

Ҳамасола аз оғози моҳи март то моҳи ноябр сафарҳои президент бо чунин шакл ба шаҳру минтақаҳо давом мекунад. Гузоришҳое низ мерасанд, ки аксари иншооте, ки бо ширкати президент боз мешаванд, пас аз чанд моҳ аз кор мемонанд.

XS
SM
MD
LG