Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ "гуноҳ"-и Аловатшоев. Наздиконаш шикоят карданд, мақомот хонаашро кӯчондаанд. ВИДЕО


Амриддин Аловатшоев солщои охир дар Русия мезист

Наздикони Амриддин Аловатшоев, як чеҳраи шинохта дар миёни ҷавонони Бадахшон, ки ба 18 сол зиндон маҳкум шудааст, бозбинии ҳукми ӯро хостанд. Бародараш Бахтиёр Аловатшоев рӯзи 5-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, аризаи шикоятии онҳо ба Додгоҳи вилояти Бадахшон супурда шуд.

Ҳукми Аловатшоев рӯзи 29-уми апрели имсол паси дарҳои баста дар Боздоштгоҳи рақами яки Душанбе эълон шуд. Додгоҳ тафсилот намедиҳад. Манобеъ мегӯянд, ӯро бар асоси панҷ банди Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла гаравгонгирӣ, айбдор карданд. Пайвандонаш мегӯянд, ҳукм ба ҳадде сангин буд, ки худи Аловатшоев баъд аз шуниданаш ба ҳолати “шок” афтод. Мақомот ба таври расмӣ чизе намегӯянд.

Аз гаравгонгирӣ то ташкили иттиҳоди ҷиноӣ

Наздиконаш мегӯянд, хонаи Амриддин Аловатшоев вайрон карда шудааст
Наздиконаш мегӯянд, хонаи Амриддин Аловатшоев вайрон карда шудааст

Бо гузашти тақрибан чаҳор моҳ аз боздошти Амриддин Аловатшоев, мақомот ба ҷуз аз хабари истирдод (дар фарзияи дигар – бозгашти ихтиёрӣ)-и ӯ аз Русия, ҷузъиёти дигар намедиҳанд.

Вакилони мудофеи Аловатшоев ҳам ҳозир нестанд, дар бораи қазия суҳбат кунанд. Ҷустуҷӯйи хабарнигорони Радиои Озодӣ баъзе аз тафсилоти парвандаи Амриддин Аловатшоевро рӯшан кард.

Кофтукоби мо нишон дод, ки мақомот алайҳи Амриддин Аловатшоев бар асоси панҷ моддаи Кодекси ҷиноӣ парванда кушодаанд:

- Гаравгонгирӣ (қисми 2-и моддаи 181);

- Ғасби бино, иншоот, воситаҳои иттилоот ва алоқа аз ҷониби гурӯҳи созмонёфта (қисми 3-и моддаи 182);

- Ташкили иттиҳоди ҷиноӣ (моддаи 187);

- Барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (моддаи 189);

- Ташкили иттиҳоди экстремистӣ (моддаи 307, иловаи 2).

"Раиси вилоятро гаравгон гирифта буданд"?

Бар асоси иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, як далели асосӣ ба зидди Амриддин Аловатшоев ба воқеаҳои соли 2018 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рабт дорад. Мақомот пештар тасдиқ карда буданд, ки алайҳи Аловатшоев ҳанӯз аз соли 2018 парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда буд.

Шодихони Ҷамшед
Шодихони Ҷамшед

Ба гуфтаи як манбаи огоҳ, Аловатшоевро ба он гунаҳкор кардаанд, ки гуё «соли 2018 ба ҳуҷраи кории Шодихон Ҷамшед, раиси вақти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ворид шуда, худи ӯро гаравгон гирифтаву утоқашро хароб кардаанд.» Толиб Айёмбеков, яке аз лидерони ғайрирасмӣ дар ВМКБ, он вақт ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки баъзе афродро дар зиндон шиканҷа карданд ва онҳо ба назди раиси вилоят рафтанд, то масъаларо таҳқиқ кунад.

Баъди он воқеа, раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хоруғ рафта, аз вазъи тартибот дар Бадахшон сахт танқид кард. Президент дастур дод, ки давоми як моҳ тартиботро дар минтақа барқарор кунанд ва агар лозим шуд, аз нерӯи артиш истифода баранд.

Аловатшоев ё Аловатов?

Далели дигари мақомот алайҳи Аловатшоев як навишта дар Фейсбук будааст. Рӯзи 26-уми ноябри соли гузашта аз номи “Амриддин Аловатов” навиштае бо забони бадахшонӣ нашр шуд. Дар он омадааст, “мо бояд дар паҳлӯи бародаронамон бошем. Агар кӯҳ ба кӯҳ ҳам бошад, мо ба ҷойи лозимӣ рафта мерасем.”

Ин навишта як рӯз баъд аз эътирози зодагони ВМКБ дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав пайдо шуд. Яке аз роҳбарони намоиши эътирозӣ Амриддин Аловатшоев буд. Ин навишта ҳоло дар Фейсбук нест. Яке аз пайвандонаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ин саҳифа аз Амриддин Аловатшоев набуд. “Бинед, ҳатто фамилияашро хато навиштаанд: Аловатов,” -- афзуд мусоҳиби мо.

Гулбиддин Зиёбеков. Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ
Гулбиддин Зиёбеков. Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Манобеи огоҳ аз парванда гуфтанд, иттиҳомҳои ташкили иттиҳоди ҷиноӣ ва ташкили иттиҳоди экстремистӣ ба воқеаҳои латукӯби ёвари додситони ноҳияи Роштқалъа рабт мегирад. Мақомот Аловатшоевро ба он гунаҳкор кардаанд, ки гуё ҳамроҳ бо Гулбиддин Зиёбеков ва зодагони дигари ноҳияи Роштқалъа «як гуруҳи ҷиноӣ ташкил карда буданд.» Гулбиддин Зиёбеков рӯзи 25-уми ноябри соли гузашта дар ҷараёни амалиёти мақомот дар деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа кушта шуд. Марги ӯ боиси эътирози чаҳоррӯзаи сокинон дар маркази Хоруғ гардид. Айни ҳамин эътироз аз сӯи зодагони ВМКБ дар назди сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав сурат гирифт.

“Се бор пурсид"

Мурофиаи Амриддин Аловатшоев аз сӯи як додраси Додгоҳи ВМКБ дар бинои Боздоштгоҳи муваққатии рақами 1-и шаҳри Душанбе баргузор шуд. Мурофиа соати 14 оғоз шуд ва соати 19 ҳукмро эълон карданд. Ба гуфтаи як иштирокдори мурофиа, додситон ё айбдоркунандаи давлатӣ барои Аловатшоев 20 сол зиндон талаб кард. Додгоҳ Аловатшоевро ба 18 сол зиндон маҳкум кард.

“Амриддин баъд аз шунидани ҳукм ба «шок» афтод. Бовар накард. Се дафъа аз додрас (судя) пурсид, ки чанд сол додед?” -- афзуд манбаъ.

Як манбаи огоҳ аз қазия рӯзи 29-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфта буд, пайвандони Амриддин Аловатшоев ба толори додгоҳ роҳ наёфтанд. Баъд аз нашри хабар баъзе саҳифаҳои наздик ба мақомот дар Фейсбук иддао карданд, ки хешовандони Аловатшоевро ба толори мурофиа роҳ додаанд.

Дар саҳифаи “Ватан Ватанон”, наздик ба мақомот, рӯзи 29-уми апрел навиштаанд, “дар мурофиа Бахтиёр Аловатшоев, Анзор Бозоров, Моҳиолам Набиева, амакаш Қодиршоҳ Алибеков, хоҳараш Шукрона Нуриддинова зери ҳимояи адвокатҳо – Наврӯзшоҳ Назаров ва Зайниддин Хайриддинов иштирок карданд.”

Ду манбаи аз ҳам ҷудои Радиои Озодӣ мегӯянд, хешовандони Аловатшоев дар лаҳзаи охири мурофиа ба толор роҳ ёфтанд, на ин ки аз оғоз дар онҷо буданд. Баррасии қазияи Аловатшоев дар бинои Боздоштгоҳи муваққатӣ ё СИЗО баргузор шуд ва ворид шудан ба он мушкил аст. Тасдиқи иддаои ду тараф ҳам.

София Мунимшоева, ҳамсари Амриддин Аловатшоев, ки дар Русия қарор дорад, гуфт, “шавҳарамро бе гуноҳ ба чунин ҳукми сангину ғайриодилона маҳкум карданд. Танҳо ба ҳамин далел паси дарҳои баста гузаронида шуду ҳатто наздикону адвокатҳояш дар лаҳзаҳои охирин ба он роҳ ёфтанд. Мақомот ягон далели қатъӣ барои асоснок кардани ин ҳукм надоранд.”

Хонум Мунимшоева афзуд, ҳатман аз ҳукми додгоҳ ба зинаи болоӣ шикоят мебаранд. Ин иттилоъро яке аз пайвандони Аловатшоев дар Душанбе ҳам тасдиқ кард.

Наворро дар инҷо бинед:

Хешовандон бозбинии ҳукми Аловатшоевро хостанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:46 0:00

Чаро хонаи Аловатшоев тахриб шуд?

Як шикояти дигари пайвандони Амриддин Аловатшоев тахриби манзили ӯ дар ноҳияи Роштқалъа аст. София Мунимшоева, ҳамсари Аловатшоев, ба Радиои Озодӣ иддао кард, ки охири моҳи марти имсол мақомот манзили навбунёди онҳоро вайрон кардаанд.

“Ин хонаро мо давоми ҳафт сол сохтем, тамоми қарорҳои лозимӣ барои сохтанашро дар даст доштем. Баъди гузаштани ин қадар вақт ғайриқонунӣ дониста шудааст. То ин лаҳза на амният, на додгоҳ, ва на ҳукумати маҳаллӣ гуё ин хонаро намедиданду дар як лаҳза ғайриқонунӣ дониста шуд. Магар ин кори одилона аст?” -- мепурсад София Мунимшоева.

Талошҳои мо барои гирифтани назари мақомоти ноҳияи Роштқалъа бенатиҷа буд. Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, мақомот далел овардаанд, ки хонаи Аловатшоев дар ҳудуди як мактаби ноҳияи Роштқалъа ҷой дошт ва як масъули идораи заминсозӣ онро “ғайриқонунӣ фурӯхтааст”. Осмон Алидодов, собиқ масъули идораи заминсозии ноҳияи Роштқалъаро гуё ба ин далел ба 8 сол зиндон маҳкум кардаанд.

Ҳамсояҳои Аловатшоев дар ноҳияи Роштқалъа ҳам тасдиқ карданд, ки мақомот як моҳ пеш манзили Амриддинро хароб карданд.

“Ба Созмони Милал муроҷиат мекунем”

Ба 18 сол зиндон маҳкум шудани Амриддин Аловатшоев вокунишҳои зиёдро ба миён овард. Бисёриҳо бахусус зодагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пурсиданд, ки ба хотири кадом гуноҳаш ӯро солҳои тӯлонии зиндон маҳкум карданд.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон як созмони мухолифини тоҷик дар Аврупо ҳукми Аловатшоевро “золимона, ноодилона ва ғайриқобили қабул” хонд.

Фаромуз Иргашов
Фаромуз Иргашов

Аъзои «Комиссияи 44», иборат аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон ҳам мегӯянд, ният доранд, ба Гуруҳи кории СММ оид ба боздоштҳои худсарона шикоят баранд. Фаромуз Иргашов, як узви ин «Комиссия» гуфт, намояндаи СММ ба онҳо гуфтааст, “аввал зинаҳои додгоҳии дохили кишварро гузаранд ва сипас ариза нависанд.”

Амриддин Аловатшоев моҳи январи имсол дар Русия нопадид ва дар Тоҷикистон “пайдо” шуд. Додситони кулли Тоҷикистон моҳи феврал гуфт, ӯ истирдод шудааст, аммо вазири корҳои дохилӣ гуфт, бо хоҳиши худ баргашту дастгир шуд. Изҳороти гуногуни ду мансабдори баландпояи Тоҷикистон, ки шаффоф будани қазияи ӯро зери суол гузошт.

Шарҳҳоро бинед (14)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG