Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ДОИШ масъулияти ҳамлаи шубҳабарангез ба Тоҷикистонро бар уҳда гирифтааст


Дидбонгоҳи марзӣ дар ноҳияи Панҷ воқеъ дар сарҳади Афғонистон
Дидбонгоҳи марзӣ дар ноҳияи Панҷ воқеъ дар сарҳади Афғонистон

Ҷангҷӯёни гуруҳи террористии ДОИШ бо нашри як баёния масъулияти ҳамлаи мушакӣ ба хоки Тоҷикистонро бар уҳда гирифтаанд, ҳарчанд ҳеч яке аз мақомоти расмӣ вуқуи чунин ҳамларо тасдиқ ва ё рад накардаанд.

Гуруҳи SITE, ки иттилооту баёнияҳои гуруҳҳои тундраву террористиро радёбӣ ва ҷамъоварӣ мекунад, рӯзи 7-уми май баёнияи кутоҳе аз ҳалқаи Хуросони ДОИШ-ро нашр кардааст, ки дар он гуфта мешавад, ҳамлаи мушакӣ кори дасти ин гуруҳ буд.

Дар баёния омадааст, ки аз ноҳияи Хоҷағори вилояти Тахори Афғонистон ба самти Тоҷикистон 7 мушак партоб кардаанд. Ноҳияи Хоҷа Ғори Афғонистон бо ноҳияи Фархор ва Панҷи вилояти Хатлон ҳамсарҳад аст. Рӯзи 7-уми май дар Шуъбаи корҳои дохилии ду ноҳия ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳеч хабаре дар бораи ҳамлаи мушакӣ ба қаламрави ин ноҳияҳо ба онҳо нарасидааст.

Мақомоти ҳукумати Толибон дар Афғонистон ҳам доир ба чунин ҳамлае хабар надодаанд ва ё вокунише ҳам накардаанд. Аз ин пештар хабарҳое нашр шуд, ки аз хоки Афғонистон ба Узбекистон ҳамла сурат гирифтааст. Гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар наворе иддао кард, ки ҳамла кори дасти ҷангҷӯёнаш аст. Толибон ва мақомоти Узбекистон хабарро дурӯғ номиданд.

Ҳалқаи Хуросони гуруҳи ДОИШ, душмани Толибон низ ҳаст, дар баъзе аз манотиқи марзии Афғонистон низ ҳузур дорад. Ин гуруҳ масъулияти чанде аз бомбгузориҳои рузҳои ахир дар Афғонистонро бар уҳда гирифтааст. Моҳи гузашта дар натиҷаи бомбгузории ин гуруҳ дар масҷиде дар шаҳри Мазори Шариф 12 намозгузори шиамазҳаб кушта ва 58 нафар захмӣ шуданд.

Хабари мазкур бо расидани иттилооти тоза дар ҷараёни рӯз такмил мешавад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG