Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кормандони як идора шикоят кардаанд, ки аз "пулситонӣ"-и мудири худ безор шуданд. Раис рад кард


Шаҳноза Наҷмиддинова, раиси Маркази назорати давлатии санитарӣ ва беҳдоштӣ дар минтақаи Кӯлоб
Шаҳноза Наҷмиддинова, раиси Маркази назорати давлатии санитарӣ ва беҳдоштӣ дар минтақаи Кӯлоб

Кормандони як идораи давлатӣ дар Кӯлоб дар номаи камсобиқае ба мақомот шикоят кардаанд, ки аз “пулситонӣ”-и мудири худ “безор” шуданд. Шаҳноза Наҷмиддинова, раиси Маркази назорати давлатии санитарӣ ва беҳдоштӣ дар минтақа, бовар дорад, зердастонаш туҳмат мезананд. Додситонии Кӯлоб парвандаи ӯро ба гумони қаллобӣ тафтиш дорад.

Коргарон тарки пеша кардаанд. Чаро?

Як манбаъ дар Додситонӣ рӯзи 9-уми май гуфт, парвандаро Идораи амният кушода, масъулияти тафтишро ба уҳдаи онҳо гузоштааст. “Нисбати Шаҳноза Наҷмиддинова бар асоси қаллобӣ, моддаи 247-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, парванда боз шудааст,” -- гуфт ҳамсуҳбати мо, вале барои халал нарасондан ба ҷараёни тафтиш ҷузъиёт надод.

Дар номаи шикоятии коргарон, ки бо ҷамъи имзоҳо 6 саҳифа асту нусхаашро дар ихтиёри Радиои Озодӣ низ гузоштанд, асосан аз тарзи “пулситонӣ”-и мудири Маркази беҳдоштӣ шикоят шудааст.

Муаллифони нома гуфтаанд, мудири марказ ҳар дафъа пулҳоро бо даъвои “супурдан ба сардорони ниҳодҳои интизомӣ” мегирифт. Чизе, ки Шаҳноза Наҷмиддинова беасос номид.

Баъзе аз коргарон даъво доранд, ба ҳамин далел тарки пеша кардаву рӯй ба муҳоҷират оварданд. Гуландом Боқиева, корманди пешини Маркази назорати давлатии санитариву эпидемиологии Кӯлоб, рӯзи 9-уми май гуфт, охири моҳи апрели имсол маҷбур ба Русия рафт. Ӯ пештар сардори шуъбаи кадрҳои Маркази беҳдоштӣ буд. Дар номаи шикоятӣ ному имзояш ҳаст.

“Аз ман хоста буд, чанд касро ба кор қабул кунам. Онҳоеро, ки номашон ҳаст, вале худашон кор намекунанд. Напазиаруфтам. Сипас маро аз шуъбаи кадрҳо гирифта, ҳамчун барномасоз гузаронд. Ҳамин ҳолатҳо сабаб шуд, ки ба зидди ӯ шикоят кунем. Дар ҷараёни тафтишот аз 14 нафаре, ки ба кор қабул кардааст, шаш нафарро касе намешинохт”, -- иддао кард хонум Боқиева.

"Коргар ҳаст, вале кор намекунад"

Дар нома аз Шамсиннисо Кабирова ном бурдаанд, ки ба иддаои муаллифон “ҳамчун фаррош ба кор қабул шуда, ягон бор ба кор наомадааст. Ӯ ду сол боз дар хонаи директор кор мекунад. Ҳамчунин домодашро дар ду вазифа ба кор гирифтааст, дар ҳоле ки ягон маълумоти тиббӣ надорад.”

Идораи беҳдоштӣ дар минтақаи Кӯлоб
Идораи беҳдоштӣ дар минтақаи Кӯлоб

Сардори Маркази назорати давлатии санитариву эпидемиологии шаҳри Кӯлоб рӯзи 6-уми май гуфт, зердастонаш ба ӯ туҳмат мезананд. Шаҳноза Наҷмиддинова ҳамзамон тасдиқ кард, ки Додситонии минтақа парвандаи ба зидди ӯро тафтиш дорад.

“Коргарон туҳмат карданд. Ман кори баде накардам ва аз касе пул нахостам. Ман дар сари кор ҳастам ва то замони содир шудани қарори додгоҳ ба фаъолият идома медиҳам,” -- афзуд ӯ.

Ба иттилои дарёфтӣ, соли 2020 ба зидди Шаҳноза Наҷмиддинова ба гумони гирифтани “пора” парванда боз шуда будааст. Наҷмиддинова инро рад кард ва гуфт, дар гузашта ҳеч хатое накарда ва доғи судӣ ҳам надорад.

Ин занро соли 2019 сардори Маркази назорати давлатии санитариву эпидемиологии шаҳри Кӯлоб таъин карданд.

Дар Тоҷикистон додану гирифтани ришва ё пулситонӣ чизи наве нест, вале кам иттифоқ меуфтад, ки коргарон бо ному имзои худ аз рафтори раҳбарони худ шикоят кунанд.

Ҳоло ҳарду тараф худро ҳақ мешуморанд. Чашмҳо ба сӯи Додситонӣ дӯхта шудааст, ки масъаларо чӣ тавр ҳал хоҳад кард.

Дар соли 2021 дар Тоҷикистон беш аз ду ҳазор ҷинояти коррупсионӣ сабт шудааст. Мақомот мегӯянд, дар умум дар ин сол алайҳи 600 нафар парванда кушоданд, ки аз кормандони ҳукуматҳои маҳаллӣ, соҳаи маорифу умури дохилӣ ва замину бонкҳо иборат буданд.

Шаффофияти Байнулмилал ё Transparency International дар гузоришу радабандиҳои худ сатҳи фасоди молиро дар Тоҷикистон хеле баланд баҳогузорӣ мекунад. Созмон дар гузорише моҳи январи имсол Тоҷикистонро дар миёни 30 давлати дорои бадтарин сатҳи фасоди молӣ ҷой дод.

Мақомоти Тоҷикистон будани фасодро рад намекунанд, аммо мизони аз ҳад баланди он ё оммавӣ буданашро “воҳима” мепиндоранд.

XS
SM
MD
LG