Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти сарони СПАД дар Маскав баргузор мешавад


Имрӯз, 16-уми май дар шаҳри Маскав ба муносибати сиюмин солгарди таъсиси Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ нишасти сарони кишварҳои аъзои ин созмони низомии таҳти нуфузи Русия, доир мешавад.

Дмитрий Песков, сухангӯи раёсати ҷумҳури Русия ба расонаҳо гуфтааст, ки нишасти имрӯз таҳти раҳбарии Никола Пашиян, нахуствазири Арманистон, ки кишвараш раҳбарии давраии ин созмонро ба дӯш дорад, оғоз мешавад.

Оқои Песков гуфтааст, ки дар ин нишаст дар робита ба таҳаввулоти минтақа ва масъулияти кишварҳои узви СПАД гуфтугӯ хоҳад шуд. Ин нахустин нишасти сарони кишварҳои СПАД пас аз ҳамлаи низомии Русия ба Украина мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳам субҳи 16-уми май барои ширкат дар ин нишаст ба пойтахти Русия сафар кард. Тоҷикистон ба унвони яке аз аъзои ин созмони марзи тӯлонӣ бо Афғонистон дорад. Нишасти ин созмон дар ҳоле баргузор мешавад, ки гурӯҳи тундрави Толибон бори дувум дар Афғонистон ба қудрат расиданд.

Пас аз ба қудрат расидани Толибон дар моҳи августи соли гузашта, дар моҳи октябри ҳамон сол Тоҷикистону Русия дар наздикии марзи Афғонистон бо ҳузури ҳудуди 5 ҳазор нафар машқҳои низомии муштарак баргузор карданд. Ҳадаф аз ин машқҳо, омодагӣ барои ҳар таҳдиди эҳтимолӣ аз Афғонистон гуфта шуда буд. Дар он замон ҳукумати Толибон гуфта буд, ки Афғонистон барои Осиёи Миёна ва кишварҳои ҳамсоя ҳеҷ таҳдиде нест.

Қабл аз баргузории ин нишаст, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар як суҳбати телефонӣ авзоъи ноороми Афғонистонро баррасӣ кардаанд.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ рӯзи 13-уми май хабар дод, ки сарони ду кишвар ҳангоми суҳбат "ҷараёни рушди ташвишовари вазъият дар Афғонистон ва вазъи марзи Тоҷикистону Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор доданд".

Ба гуфтаи дафтари матбуот, Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин ҳамчунин доир ба масоили байналмилалӣ ва минтақавӣ ва таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи амниятӣ гуфтугу кардаанд.

Суҳбати телефонии ду раҳбар чанд рӯз баъд аз он сурат мегирад, ки ҳалқаи Хуросони гуруҳи ДОИШ эълон кард, ба хоки Тоҷикистон 7 мушак партоб кардааст.

Ҳарчанд мақомоти расмӣ гуфтанд, тирҳо тасодуфан ба хоки Тоҷикистон гузаштаанд, вале бо вуҷуди ин неруҳои марзбониро ба ҳоли омодабоши комили ҷангӣ даровардаанд.

XS
SM
MD
LG