Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ба Тоҷикистон меояд


Раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, генерал-майор Муҳаммад Боқирӣ, рӯзи 16-уми май дар раъси як ҳайати баландпояи низомӣ ба Тоҷикистон меояд.

Ба иттилои расонаҳои эронӣ, сафари Боқирӣ бо даъвати расмии вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо сурат мегирад.

Хабаргузории эронии "Меҳр" навишт, Муҳаммад Боқирӣ дар ростои амалӣ намудани созишномаҳои ҳосилшуда дар аввалин нишасти комиссияи муштараки ҳамкориҳои низомии дуҷонибаи Эрон ва Тоҷикистон, ба Душанбе сафар мекунад.

Бар асоси ин хабар, дидор бо мақомҳои баландпояи низомӣ ва музокира дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақаӣ ва ҳамчунин боздид аз марказҳои низомии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, аз барномаҳои раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG