Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси Додгоҳи Хуҷанд ба "порагирӣ" гумонбар мешавад. ВИДЕО


Ҳомидҷон Муҳаммадзода, додраси Додгоҳи шаҳри Хуҷанд
Ҳомидҷон Муҳаммадзода, додраси Додгоҳи шаҳри Хуҷанд

Раиси Додгоҳи шаҳри Хуҷанд бо як додрас ва як вакили мудофеъ ба гумони ришвагирӣ боздошт шудаанд. Тақрибан як моҳи охир дар бораи Ҳомидҷон Муҳаммадзода хабарҳои зидди ҳам мерасид.

Гоҳе мегуфтанд, нопадид гаштааст, гоҳи дигар ин ки ба коргоҳаш сар задааст ва ҳам ин ки дар Душанбе ба ниҳодҳои гуногун муроҷиат кардааст.

Бар асоси хабари охири тасдиқшуда, раиси Додгоҳи шаҳри Хуҷанд Ҳомидҷон Муҳаммадзода боздошт шудааст. Инро чанд манбаи Радиои Озодӣ дар ниҳодҳои марбута ва додгоҳ тасдиқ карданд. Ҳамроҳи ӯ як додрас (судя) ва як вакили дифоъ низ боздошт шудаанд. Ҳар се ба гирифтани "пора" гумонбар мебошанд.

Талошҳои мо барои тамос бо наздикони Ҳомидҷон Муҳаммадзода ҳанӯз натиҷа надодаанд. Мақомот, ҳамчунин, вакили ӯро ба мо муаррифӣ накарданд. Маълум нест, худи Муҳаммадзодаву вакили дифояш дар бораи ин иттиҳом чӣ назар доранд.

 Ду додрас ва як вакили дифоъро дар Суғд дастгир кардаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:08 0:00

Наздик ба як моҳи охир дар бораи раиси додгоҳи Хуҷанд овозаҳои гуногун паҳн мешуд. Аз ҳама бештар инро мегуфтанд, ки ӯ тавонистааст, аз як амалиёти Оҷонсии зидди коррупсия раҳо ёбад.

Бар асоси бархе гузоришҳо, Муҳаммадзода гуё дар бораи амалиёти гирифтани "пора" пешакӣ огаҳӣ ёфта, гирифтани маблағро ба касони дигар супурда, баъдан аз ҷойи воқеа фирор кардааст. Мақомот ин фарзияро тасдиқ ва ё рад ҳам намекунанд. Танҳо гуфта мешавад, ин амалиёт рӯзи 22-юми апрели имсол барпо шудааст.

Ҳомидҷон Муҳаммадзода 25-уми ноябри соли 2021 раиси Додгоҳи шаҳри Хуҷанд таъин шуд. Аз соли 1996 то 2000 ҳам дар ин мансаб буд. Дар гузашта дар мақомҳои раиси Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, раиси Додгоҳи вилояти Суғд, раиси Додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов ва ноҳияи Спитамен кор кардааст. Судяи тахассуси дараҷаи якум буда, ордени "Шараф" дорад.

Феълан дар Тоҷикистон беш аз чаҳорсад додрас кор мекунанд. Дар даҳ соли охир тақрибан сӣ нафари онҳо боздошт ва ба зиндон маҳкум шудаанд.

Таъину барканории додрасҳо бо фармони президент амалӣ мешавад. Кумисюни байнулмилалии ҳуқуқшиносон моҳи декабри соли 2020 ин нуктаро танқид карда, гуфта буд, ки "додрасҳо дар Тоҷикистон мустақил ва беғаразона ҳукм содир намекунанд". Ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша низоми адлияи худро одилона шумурдааст. Кумисюн кам будани маоши додрасҳоро аз нуктаҳои сусти низоми додгоҳӣ дар Тоҷикистон ном бурда буд.

XS
SM
MD
LG