Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, имдодгарону ҳомиёни ҳуқуқро ба Рӯшон роҳ диҳад


Панҷ созмони байнулмилалӣ аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, ки ба саркӯби хушунатомез ва таъқиби эътирозгарон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон поён дода, имдодгарони Кумитаи Салиби Сурх ва ҳомиёни ҳуқуқи башарро барои назорати вазъ ба ноҳияи Рӯшон роҳ бидиҳад.

Дар Рӯшон чӣ гузашт?

Дар онҷо мақомот рӯзи 18-уми май ба хотири, ба гуфтаашон, ҳифзи амнияти шаҳрвандон ва суботи кишвар "амалиёт” баргузор карда, дар бораи кушта шудани 9 кас, аз ҷумла як афсар хабар доданд.

Сокинон дар бораи гирифтани 21 ҷасад ва баъзе аз манбаъҳо дар бораи кушта шудани 25 кас мегӯянд. Ба иттилои дастикам се мусоҳиби Радиои Озодӣ, дар даромадгоҳи Рӯшон постгоҳ гузоштаанд ва на ҳар касро ба онҷо роҳ медиҳанд.

Мудофеони Ҳуқуқи Маданӣ; Бунёди Ҳелсинкӣ барои дифоъ аз ҳуқуқи инсон дар Лаҳистон; Ҳамкории Байнулмилалӣ барои ҳимоят аз ҳуқуқи башар; Кумитаи Норвежии Ҳелсинкӣ ва Созмони Ҷаҳонии зидди шиканҷа рӯзи 24-уми май, инчунин, хоҳони барқарор шудани хатти интернету телефони мобилӣ дар минтақа шуданд.

Тамос нест, нигаронӣ ҳаст

Панҷ рӯз боз бо сокинон ва мақомот дар ноҳияи Рӯшон ва шаҳри Хоруғ тамос гирифта намешавад ё ба мушкилӣ даст медиҳад. Маълум нест, ин шабу рӯз дар онҷо чӣ мегузарад, ҳарчанд намояндагони ҳукумат тавассути телевизиони "Бадахшон" пайваста дар бораи оромӣ ва зиндагии маъмулии сокинон мегӯянд.

Баъзе аз мардум се рӯз пеш дар бораи кушода шудани бозорҳо дар ноҳияи Рӯшон хабар доданд, аммо аз камчинӣ ва гаронии нархи маҳсулот изҳори нигаронӣ карданд.

Зодагони ВМКБ ва махсусан ноҳияи Рӯшони ин вилоят, ки дар Русия ва кишварҳои дигар ба сар мебаранд, изҳори нигаронӣ мекунанд, ки аз вазъи наздикони худ хабаре надоранд. Дар ин байн Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 46 сокини Рӯшонро аъзои "гуруҳҳои ҷиноятӣ ва экстремистӣ-террористӣ” номид, ки дар тазоҳурот ширкат карда, акнун боздошт шудаанд. Вазорат ном ва акси онҳоро дар торнамои худ ба нашр расонд. Дар сару рӯйи баъзе аз онҳо осори латукӯб дида мешавад.

Панҷ созмони байнулмилалӣ рӯзи сешанбе дар изҳороти худ аз мақомот хостаанд, "роҳҳоро ба Рӯшон ва минтақаҳои дигар боз гузошта, аҳолиро бо ёрии тиббиву маҳсулот ва боздоштшудаҳоро бо вакилони мудофеъ таъмин кунанд."

Даъват ба раҳоии Улфатхоним Мамадшоева

Таҳқиқи ҳамла ба хабарнигорони Радиои Озодӣ ва телевизиони “Настояшее Время” ва ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорон аз талабҳои дигари созмонҳои байнулмилалист. Хабарнигоронро рӯзи 17-уми май пас аз чанд лаҳзаи суҳбат бо журналисту ҳомии ҳуқуқи башар Улфатхоним Мамадшоева дар Душанбе зада, дастгоҳи сабту телефонҳояшонро гирифтанд, аммо то ин дам на ҳамлаваронро ёфтанд ва на дастгоҳҳоро баргардонданд.

Мудофеони Ҳуқуқи Маданӣ; Бунёди Ҳелсинкӣ барои дифоъ аз ҳуқуқи инсон дар Лаҳистон; Ҳамкории Байнулмилалӣ барои ҳимоят аз ҳуқуқи башар; Кумитаи Норвежии Ҳелсинкӣ ва Созмони Ҷаҳонии зидди шиканҷа аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, журналист ва ҳомии ҳуқуқ Улфатхоним Мамадшоеваро низ “фавран ва бидуни ҳеч қайду шарт” озод ва иттиҳомҳои ба зидди ӯро бекор кунад.

Мамадшоеваро 18-уми май ва дар пайванд ба ҳодисаҳои Бадахшон дастгир ва ба даъват ба сарнагунии ҳокимият гумонбар донистанд. Чизе, ки ӯ ҳамагӣ чанд соат пеш аз боздошт беасос номида буд.

Қурбонӣ кист?

Танишҳо дар Бадахшон моҳи ноябри соли гузашта ва баъди он авҷ гирифт, ки дар натиҷаи амалиёти нерӯҳои амниятӣ Гулбиддин Зиёбеков, як сокини Роштқалъа, кушта шуд. Дар ҷараёни тазоҳуроте, ки баъди он бархост, ду нафари дигар ба ҳалокат расиданд ва 17 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Тазоҳуроти рӯзи 16-уми май дар Хоруғ низ бо талаби ҷазо додани онҳое бархост, ки ба гуфтаи сокинон Зиёбековро бегуноҳ куштанд. Мақомот мегӯянд, Зиёбеков ба гаравгонгирӣ, барангехтани маҳалгароӣ муттаҳам мешуд ва ҳангоми муқовимат ба нерӯҳои интизомӣ кушта шуд.

Баъди як рӯзи тазоҳуроти олуда бо хушунат дар Хоруғ, ки бо марги як ҷавон анҷомид, ҳукумати Тоҷикистон ба онҷо нерӯҳои махсусро фиристод, то ба гуфтаи мақомот амалиёт анҷом диҳанд. Дар натиҷа, рӯзи 17-уми май, гуруҳе аз сокинони ноҳияи Рӯшон роҳи Душанбе-Хоруғро бастанд, то ба гуфтаашон аз даргирии бештар дар Хоруғ пешгирӣ кунанд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, тазоҳурот ғайриқонунӣ буд ва тазоҳургаронро аъзои гуруҳҳои ғайриқонуние номидаанд, ки ба гуфтаи онҳо аз хориҷ барои ноором кардани кишвар дастур мегирифтанд. Дар натиҷа, даҳҳо нафар кушта ва беш аз сад нафар дастгир шудаанд.

“Истифода аз зӯр ва ҳолатҳое, ки дар моҳи ноябри 2021 ва майи 2022 боис ба кушта ва захмӣ шудани сокинон дар Бадахшон шуд, фаврӣ ва ҳамаҷониба таҳқиқ шуда, натиҷааш ба ҳама дастрас карда шавад. Мақомот шахсонеро, ки дар ҷараёни ин ду ҳодиса кушта ё захмӣ шудаанд, ҳамчун қурбонӣ эътироф кунад,” – хостаанд панҷ созмон.

Қаблан сафорати чанде аз кишварҳои ғарбӣ ва Созмони Милалу Дидбони Ҳуқуқи Башар низ рафтори мақомоти Тоҷикистонро дар Бадахшон танқид карда, хоҳони таҳқиқи одилонаи вазъ ва оштии тарафҳо шудаанд. Мақомот мегӯянд, ба хотири ҳифзи амнияти шаҳрвандон ва суботи кишвар дар ВМКБ “амалиёт” роҳандозӣ карданд.

XS
SM
MD
LG