Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доналд Лу: Ҳукуматҳо бояд ба садои мардуми худ гӯш диҳанд. ВИДЕО


Доналд Лу, ёвари Котиби давлатии Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ
Доналд Лу, ёвари Котиби давлатӣ ё вазири корҳои хориҷии Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, ҳангоми сафараш ба Тоҷикистон дар бораи вазъи амниятии минтақа, ҳодисаҳои Бадахшон ва мушкили хабарнигорон бо Радиои Озодӣ суҳбат кард.

Радиои Озодӣ: Ба унвони ёвари вазири корҳои хориҷии Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ вазъи амниятии минтақаро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Якуним сол пеш дар Бишкек будам. Онҷо инқилобе рух дод. Баъдан дар Алмато зӯроварӣ сар зад. Чанде пештар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон чунин ҳодисаҳо ба чашм расид. Ҳамаи ин аз чӣ дарак медиҳад?
Доналд Лу

Доналд Лу: "Сипосгузорам, ки маро ба суҳбат бо Радиои Озодӣ даъват кардед. Чанд сол пеш дар Бишкек кор мекардам ва дар онҷо бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ ҳамкории хуб доштам. Ин сафари дуюми ман ба Душанбест. Бори аввал 21 сол пеш омада будам, ки он замон бисёр ҷавон будам. Акнун баъди тақрибан ду даҳа мебинам, ки Душанбе ба пешрафтҳо ноил шуда, комёбиҳои зиёд ба даст овардааст. Вобаста ба масъалаи амниятӣ дар минтақаи Осиё, албатта, нигарон ҳастам. Пеш аз ҳама, нигаронии ман вобаста ба вазъи иқтисодии минтақа аст, чунки дар тамоми ҷаҳон нархи маводу сӯзишвории гуногун баланд меравад. Ин, ба вижа, ба кишварҳои Осиёи Марказӣ барои содир намудани маҳсулоти онҳо мушкили зиёд эҷод мекунад. Чизи дигар, имрӯз ин аст, ки муҳоҷирони меҳнатӣ ба кишварашон баргашта истодаанд, ки барои онҳо ҷойи кор мавҷуд нест. Аз тарафи дигар, якуним сол пеш дар Бишкек будам. Онҷо инқилобе рух дод. Баъдан дар Алматои Қазоқистон ҳам зӯроварӣ сар зад. Чанде пештар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон чунин ҳодисаҳо ба чашм расид. Ҳамаи ин аз чӣ дарак медиҳад? Фикр мекунам, пеш аз ҳама, ҳукуматҳо бояд ба садои мардуми худ гӯш диҳанд, барои таъмин намудани ниёзҳои иқтисодии онҳо чораҳои зарурӣ андешанд. Барои аз байн бурдани фасод ва ҳамин тавр дар умум бояд барои ҷавоб гуфтан ба ниёзҳои мардуми худ кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Радиои Озодӣ: Вазъ дар Афғонистон то кадом андоза метавонад барои кишварҳои минтақа нигаронкунанда бошад? Дурнамои ҳукумати Толибон чӣ хоҳад буд? Оё ҳукумати Толибон дар Афғонистон идома мекунад? Оё Амрико ҳукумати Толибонро эътироф мекунад ва агар не, чаро ва агар бале, бо кадом шарт?

Доналд Лу: "Медонем, ки дар дохили Афғонистон гуруҳҳои бештари террористӣ пайдо мешаванд. Аллакай амалҳои террористӣ онҷо зуд-зуд содир шуда истодааст. Толибоне, ки дар Покистон қарор доранд, ба вазъият дар Афғонистон ҳам таъсири худро мегузоран. Ман фикр мекунам, ин ҳама барои амнияти Осиёи Марказӣ таҳдид эҷод мекунад. Ҳайати мо бо намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ вобаста ба вазъи Афғонистон суҳбатҳо доштем ва мавзӯи таъмини амнияти сарҳадро баррасӣ кардем. Мехостам бори дигар изҳороти ҷонибдории президенти Амрико Ҷо Байденро такрор намоям, ки "..мо ба террористон имкон намедиҳем, ки на ба Иёлоти Муттаҳида ва на ба кишварҳои шарики он зараре расонанд". Дар мавриди ояндаи Толибон. Медонам, ки мардуми Афғонистон ниҳоят қавӣ ва тобоваранд. Дар чанд соли охир онҳо барои озодиҳои худ, барои таъмини ҳуқуқи худ талоши бисёр карда, дастовард ҳам доштанд. Бовар дорам, ки мавқеи худро изҳор мекунанд ва барои озодиву ҳуқуқи худ боз ҳам талоши бештар мекунанд. Мо кӯшиш дорем, бо ҳукумати Толибон гуфтушунид пеш барем, то ба ҳукумати худ намояндагони гуруҳҳои этникӣ, ба монанди ҳазораҳо, тоҷикон, туркманҳо ва узбекҳоро дохил кунанд. Мо ҳамчунин аз онҳо даъват мекунем, ки барои таъмини ҳуқуқи занону духтарон чораҳои зарурӣ андешанд ва духтарони ҷавон ба мактаб баргардонида шаванд. Аз ҷониби дигар, албатта, барои таъмини озодиву ҳуқуқи мардуми афғон бо ҳама шарикӣ хоҳем кард. Умедвор мемонем, ки Толибон як ҳукумати фарогири хубро ташкил хоҳанд кард."

Навори суҳбатро дар инҷо бинед:

Доналд Лу: ИМА барои дастгирии истиқлолияти Тоҷикистон кӯшишҳои зарурӣ ба харҷ додааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:09:34 0:00

Радиои Озодӣ: Дар ҳоле ки вазъи минтақа бинобар таҳаввулот дар Афғонистон шикананда ба назар мерасад аст, амалӣ шудани тарҳҳои минтақаӣ ба монанди CASA-1000 ва TAPI то куҷо воқеӣ ба назар мерасанд?

Доналд Лу: "Ҳамаи он шароитҳое, ки ба афзоиши тиҷорати минтақавии энергетикӣ мусоидат мекунанд, ҳоло ҳам вуҷуд доранд. Покистон ба нерӯ ниёз дорад ва Осиёи Марказӣ мехоҳад онро фурӯшад. Манфиатҳои минтақавӣ барои идома додани ҳам CASA-1000 ва ҳам TAPI (як лоиҳаи лӯлаи гази Туркманистон-Афғонистон-Покистон-Ҳиндустон) вуҷуд доранд ва гуфтугӯҳо идома мекунад. Мо медонем, ки кор дар лоиҳаи интиқоли нерӯи барқи CASA-1000 идома дорад. Дар ҳоле ки баъзе корҳо дар Афғонистон ба таъхир афтодаанд, кор дар се кишвари дигари CASA - Тоҷикистон, Покистон ва Қирғизистон - идома дорад ва интизор меравад, лоиҳа соли 2024 ниҳоӣ шавад. Дар бораи TAPI, мо медонем, ки ин лоиҳа ҳанӯз оғоз нашудааст. Барои маълумоти мушаххас оид ба лоиҳаҳои инфиродӣ, лутфан ба ҷонибҳои манфиатдори минтақавӣ муроҷиат намоед."

Радиои Озодӣ: Дурнамои ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Амрикоро чӣ гуна мебинед? Аз дидори Шумо бо вазири умури хориҷии Тоҷикистон аксҳои пурҳаяҷоне нашр шуд. Мешавад гуфт, ин мулоқот пурсамар буд?

Доналд Лу: "Ҷаноби Сироҷиддин Муҳриддинро бисёр дӯст медорам. Инсони хуб аст ва аз ҷониби дигар давоми чанд даҳаи ахир Тоҷикистонро ҳамчун дипломат ва намояндаи воломақом ба ҷаҳониён муаррифӣ карда истодааст. Дар давоми ду рӯзи сафар мо бо ҳам суҳбатҳои сатҳи олӣ доштем. Дар онҳо ба муносибатҳои миёни Амрико ва Тоҷикистон эътибор додем. Таърихан мо муносибатҳои хеле сатҳи баланд дорем ва дар давоми 30 соли истиқлоли кишвар, мо барои дастгирии истиқлол ва ягонагии ҳудуди Тоҷикистон кӯшишҳои зарурӣ ба харҷ додем. Дар доираи сафар, инчунин, машваратҳои дуҷонибаи солонаро баргузор намудем. Мо масъалаҳои гуногун, аз ҷумла мубориза бо пандемияи COVID-19-ро баррасӣ кардем, ки дар пайи он ба ин кишвар барои пешниҳоди ваксинаҳо, омода кардани беморхонаҳо ёрӣ расонидем. Дигар масъала ин таъмини бехатарии сарҳад буд. Мо бесаброна интизор ҳастем, ки дар ояндаи наздик як лоиҳаи наве оид ба сохтмони як посгоҳи марзӣ дар Чалдовар оғоз мегардад.

Мо, албатта, аз вазъияти имрӯзаи муташаниҷгардида дар ВМКБ нигарон ҳастем ва дар якҷоягӣ бо ҷомеаи байнулмиллалӣ аз ҳукумати кишвар даъват ба амал меорем, то он ки вазъиятро ором созанд.

Дигар лоиҳае, ки мо амалӣ карданӣ ҳастем, аллакай коркарди ҳуҷҷатҳои раводид барои муҳоҷират ба Амрико аст, ки дар шаҳри Душанбе оғоз мегардад ва дигар зарурат намемонад, ки мардум барои ин кор ба кишварҳои дигар раванд. Масъалаи охирин ин аст, ки мо имрӯз мавзӯи ҳамкориро дар соҳаи энергияи бозтавлидшаванда баррасӣ дорем. Кӯшиш мекунем, як кумаки техникӣ пешниҳод шавад, то он ки ба Тоҷикистон барои аз нуқтаи назари энергетикӣ пайдо намудани истиқлоли пурра ва истеҳсоли энергия аз ҳисоби захираҳои бозтавлидшаванда кумаки зарурӣ пешниҳод карда шавад."

Радиои Озодӣ: Барои мо, хабарнигорони Радио Аврупои Озод/Радио Озодӣ дар Тоҷикистон кор кардан бисёр сахт аст. Чанде пеш хабарнигорони мо зарбу лат ва ғорат шуданд. Чанде аз ҳамкорони мо иҷозати кор надоранд. Оё ин масъалаҳо ва, умаман, масъалаи озодии баён низ баррасӣ шуданд?

Доналд Лу: "Албатта барои ҳар кишвари демократӣ озодии сухан, таъмини ҷомеаи шаҳрвандии қавӣ ва расонаҳои озод бисёр муҳим аст. Мо дар доираи машваратҳои солонаи дуҷониба, дар масъалаҳои ВАО ва ҳалли мушкили вобаста ба он суҳбати муфассал доштем. Дар ин муҳокимаҳо ҳамчунин омӯзонидан ва рушди журналистонро мавриди баррасӣ қарор додем. Дигар масъалаи баррасишудаи мо ин вазъияти кормандони Радиои Озодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Умед дорам, ки вазъият боз ҳам беҳтар мешавад. Дар зимн, ман мехоҳам ба Шумо, кормандони Радиои Озодӣ, миннатдории хоси худро баён намоям, ки дар давоми чандин сол дар ин кишвар фаъолияти шуҷоатмандона доред. Ман тамоми изҳороту барномаҳои Шуморо мешунавам ва тамошо мекунам, ки хеле боҷасорат пеш бурда мешаванд. Маҳз ба шарофати Шумо демократия метавонад пойдор шавад."

Радиои Озодӣ: Дар аввали суҳбат ба ҳодисаҳои рухдода дар ВМКБ таъкид кардед. Мақомоти тоҷик дар иттиҳоми баҳсбарангезашон дар робита бо ҳодисаҳои Бадахшон "кишвари ғарбӣ" ва "созмони Интернюс"-ро муттаҳам кардаанд. Оё ба ин иттиҳом вокунише доред?

Доналд Лу: "Ташаккури зиёд. Пеш аз ҳама, аз номи ҳукумати Амрико ҳамдардии худро ба онҳое, ки дар ин ҳодисаҳо наздикони худро аз даст доданд ва шахсоне, ки маҷруҳ шуданд, изҳор менамоям. Мо, албатта, аз вазъи имрӯза дар ВМКБ нигарон ҳастем ва якҷоя бо ҷомеаи байнулмилалӣ аз ҳукумати кишвар даъват ба амал меорем, то онро ором созанд. Ҳамчунин аз истифодаи барзиёди қувва худдорӣ кунанд. Иттиҳомоте, ки гуё ҳукумати Амрико ба навъе бо сабабгорони нооромиҳои Бадахшон иртиботи номуносиб доштааст, аз воқеият дур аст. Мо бо хабарнигорон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва раҳбарон дар саросари кишвар ҳамкорӣ дорем. Ба ҳеч ваҷҳ барои дастгирии ягон амале, ки боиси мушкилот дар Бадахшон шавад, талош надорем."

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG