Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсири ҷанг ба фикру нақшаи муҳоҷирон дар Русия. ВИДЕО


Муҳоҷирони корӣ аз Узбекистон дар Русия
Муҳоҷирони корӣ аз Узбекистон дар Русия
Ҷанги Русия алайҳи Украина ва зарари он ба иқтисоди кишварҳо, то андозае ба фикру нақшаҳои муҳоҷирони корӣ ҳам таъсир кардааст. Баъзе аз муҳаққиқони ин масъала мегӯянд, муҳоҷирон, ки ба кор дар Русия одат карда буданд, ҳамакнун дар фикри тарки ин кишвар ва ҷустуҷӯи кор дар давлатҳои дигар мешаванд. Айни замон таҳлилгарони дигар мегӯянд, бо вуҷуди ҷангу таҳримҳои Ғарб тағйири ҷиддие дар бозори кори муҳоҷирон дар Русия мушоҳида намешавад.

"Зарбаи пандемия ва ҷанг"

Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистону ҷумҳуриҳои дигари Шӯравии собиқ дар се даҳсолаи охир ба макони асосии кору даромад табдил ёфтааст. Дар се соли охир, аввал таъсири пандемияи коронавирус ва сипас ҳамлаи бедалели Русия ба Украина, фазо ва шароити корро то ҷое тағйир дод. Муҳоҷирони корӣ дар бораи кам шудани кору даромад хабар медиҳанд ва дар ҷустуҷӯи роҳҳои расидан ба Аврупову Амрико ҳастанд.

Юлия Флоринская, корманди Пажӯҳишгоҳи таҳлилу ояндабинии иҷтимоии Академияи хоҷагии халқи Русия, ин мавзуъро омӯхтааст. Ӯ дар гузориши наваш мегӯяд, соли 2019, пеш аз пандемия, шумораи коргарони хориҷӣ дар Русия аз 9,6 то 11,2 миллион нафар буд, аммо баъдан (2020-2021) якбора то 5,5 - 7 миллион нафар поин омад.

“То якуми майи соли 2022, яъне баъди беш аз ду моҳи ҷанги Русия дар Украина, шумораи муҳоҷирони кории хориҷӣ дар он кишвар тахминан 6 миллион нафарро ташкил додаанд,” -- мегӯяд Флоринская.

Ӯ афзуд, дар муқоиса ба соли 2021 теъдоди шаҳрвандони Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистон (56%) ва Узбекистон (37%), зиёд шуда, вале ҳамоно ба сатҳи соли 2019 нарасидааст. То 1-уми майи имсол теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистонро дар Русия тақрибан 1 миллиону 263 ҳазор кас шумурдаанд. Дар ҳоле ки як сол пеш аз он зиёда аз 809 ҳазор нафар буданд.

Айни замон ин муҳаққиқи рус мегӯяд, дар баробари як андоза зиёд шудани корҷӯён аз Осиёи Марказӣ, муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои дигар якбора кам шудаанд, аз ҷумла, аз Молдоваю Украина – панҷ баробар, аз Озарбойҷон – ду баробар ва аз Арманистон 40 дарсад.

Наворро дар инҷо бинед:

Муҳоҷирон аз Русия дилсард шудаанд?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:11 0:00

Муҳоҷирон чӣ гуфтанд?

Флоринская мегӯяд, “бо вуҷуди бад шудани вазъи иқтисодии Русия баъди 24-уми феврали соли 2022, мушкили фиристодани пул ва кам шудани даромад, омори ҷорӣ баёнгари он нест, ки коргарони хориҷӣ ба таври дастҷамъӣ Русияро тарк бикунанд.”

Дар посух ба пурсиши Пажӯҳишгоҳи таҳлилу ояндабинии иҷтимоии Академияи хоҷагии халқи Русия, ки як моҳ пас аз шурӯи ҷанг дар маркази “Сахарово”-и Маскав барпо шудааст, 6 дарсади пурсидашудаҳо гуфтаанд, дар ин муддат бекор мондаанд.

Инчунин, дар ин пурсиш 5,5 дарсад гуфтаанд, маошашонро кам карданд ва 8 дарсад гуфтаанд, дар шароити ҳозира имкони ба оилаҳо фиристодани пулро надоранд. Вале 62 дарсад гуфтаанд, ҳеч тағйироте дар кору зиндагиашон пеш наомад.

Гуфтан душвор аст, то куҷо ин омору арзёбиҳо мунсифона ҳастанд, вале ба қавли таҳлилгарони дигар, тамоюлҳои муайяни тағйир дар бозори муҳоҷирати кории Русия тадриҷан мушоҳида мешаванд.

Қазоқистон, Туркия ва Аврупо

Зейнал Ҳоҷиев
Зейнал Ҳоҷиев

Зейнал Ҳоҷиев, мудири дафтари минтақавии Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират дар Қазоқистон, рӯзи гуфт, дар як пурсиши бахши қирғизистонии ин созмон баҳори имсол тахминан 20 дарсади муҳоҷирони қирғиз гуфтаанд, дар вазъи пешомада дар фикри бозгашт ба ватан мебошанд.

Ҳоҷиев гуфт, маълум нест, ки онҳо воқеан ҳам тарки кору кишвар карданд ё на, вале чунин андешаҳо вуҷуд дорад. Ба қавли ӯ, дар шароити феълӣ ду омили дигаре мушоҳида мешавад:

«Ҳар сол дар бозори кор садҳо ҳазор муҳоҷири нав пайдо мешаванд, ки тоза мактабу омӯзишгоҳ ё техникумро хатм мекунанд. Бисёре аз онҳо имсол қарор карданд, ки аз сафар худдорӣ кунанд. Бо назардошти вазъият, бисёриҳо тасмим гирифтанд, ки ба муҳоҷирати корӣ нараванд. Ин ҳолат ба кишварҳои фиристандаи муҳоҷирон мушкилоти муайян эҷод мекунад. Як мушоҳидаи дигар ин аст, ки шумори муҳоҷирони ҷӯёи кор аз Осиёи Марказӣ дар Туркия афзоиш меёбад.»

Ба гуфтаи ӯ, иддае дигар аз муҳоҷирон бозори Русияи таҳти таҳримҳо ва буҳронро тарк карда, рӯ ба Қазоқистон меоранд. Ҳоҷиев афзуд, барои таҳқиқи дурусту ҳамаҷонибаи таъсири ҷангу таҳримҳо ба ҷараёни муҳоҷирати кории шаҳрвандони Осиёи Марказӣ фурсат лозим аст ва ин кор дар ояндаи наздик сурат мегирад.

Ба унвони як падида ё намунаи наву умедворкунанда ин масъули Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират ба майли баъзе аз кишварҳои аврупоӣ ба ҷалби нерӯи корӣ аз Осиёи Марказӣ ба корҳои мавсимии кишоварзӣ таъкид кард. Чизе, ки ҳоло кам асту ҳамагонӣ нест.

XS
SM
MD
LG