Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳодисае шавад, метарсам." Ба захмии ҷанҷоли марзӣ бо Қирғизистон пойи сунъӣ додаанд. ВИДЕО


Темуралӣ Наврӯзов баъди як сол соҳиби пойи сунъӣ шудааст

Намояндагони ҳукумат дар вилояти Суғд танҳо баъди як сол ва пас аз муроҷиатҳои батакрор ба як сокини минтақаи наздимарзӣ бо Қирғизистон пойи сунъӣ додаанд.

Темуралӣ Наврӯзов аз Овчӣ-Қалъача бар асари даргирии соли 2021 дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон аз як пой маҳрум монд. Ӯ мегӯяд, то ин дам рӯйи ҷойгаҳ мехобид ва акнун барои таъмини оила ба Русия ба мардикорӣ хоҳад рафт.

"Протез (пойи сунъӣ) монданд, нағз аст. Бе мушкил роҳ мегардам, мева мечинам, ба хонавода мадад мекунам," – нақл кард Темуралӣ Наврӯзов ду пеш ба Радиои Озодӣ.

Наврӯзов мегӯяд, ҳарчанд пойи сунъӣ ба захмҳояш марҳам шуд ва мушкили роҳ гаштанро аз байн бурд, таъсири ҷанг аз ёду хотирааш нарафтааст.

"Кам-кам тарс дорам. Ҳарчанд ба хобам намедарояд, ягон ҳодиса шавад, боз метарсам. Як бор ба ҳамин ҳол дучор шудам ва баъди он метарсам," – гуфт ӯ.

Дар ҳодисаи моҳи апрел - майи соли 2021 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон танҳо аз пайвандони Наврӯзовҳо дастикам панҷ нафар маҷруҳ шуданд.

Амаку писарамакҳои Темуралӣ Наврӯзов ҷароҳатҳои сабук бардоштаву табобат гирифтаанд, аммо Темуралӣ аз як пой маҳрум шуд.

Ин захм на танҳо ба саломатии Темуралӣ Наврӯзов зиён расонд, балки зиндагии онҳоро ба мушкил гирифтор кард. Ҳамсари ҷавонаш аз тарс бемории қанд шудааст.

Касби асосии Темуралӣ кафшергарӣ аст. Вай замоне аз пояш маҳрум шуд, ки барои сафар ба Русия омодагӣ медид ва бо қарзи бонк билети ҳавопайморо харида буд. Волидонаш як соли охир қарзи билетро пардохтаанд.

Мегӯяд, ният дошт, имсол додари ягонаашро оиладор кунад, вале бо 124 сомонӣ нафақаи маъюбӣ ба чунин кор қодир нест. Акнун мехоҳад, боз ба Русия биравад, то кору пул ёбад.

Ҳоло Темуралӣ ва ҳамсараш ба ҷамъоварии тамашк машғуланд. Тамашк ё малина дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хеле зиёд аст ва рӯзии қисме аз сокинон аз ин ҳисоб ба даст меояд.

“Гелос, олуча, анҷир ва бодом ҳам дорем. Шукри Худо, аз ҳама намудҳояш кам-кам дорем ва ба рӯзгор мерасад,” – мегӯяд Темуралӣ.

Темуралӣ мехоҳад бо пойи сунъӣ барои мардикорӣ ба Русия равад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:03 0:00

Соли гузашта дар баробари чанд минтақаи Исфара, ду ҷамоати калонтарини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – Хистеварз ва Овчӣ-Қалъача, ки бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон беш аз 40 километр сарҳад доранд, низ шоҳиди даргириҳои шадид шуданд. Мақомоти Тоҷикистон гуфта буданд, дар пайи он даҳҳо ҳавливу иншооти давлатӣ осеб дида, қисме аз сокинон зиёни ҷисмию равонӣ диданд.

Тақрибан нисфе аз марзи 970 километрии Тоҷикистону Қирғизистон таъйину аломатгузорӣ нашудааст ва аз ин сабаб байни сокинони ду тарафи марз барои обу замину чарогоҳ муноқиша сар мезанад.

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG