Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мотам, андӯҳ ва умед. Гузориш аз дохили Рӯшону Хоруғ баъди ҳодисаҳои хунин. ВИДЕО, АКС


Даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон

Пайвандони қурбониёни ҳодисаҳои охир дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳанӯз азо доранд. Акбаршо Муборакшоев, сокини Деҳрӯшони ноҳияи Рӯшон, акси бародарашро дар хонааш овехтааст ва ба ёди ӯ ашк мерезад. Бародари ӯ, Некқадам Муборакшоеви 57-сола, рӯзи 18-уми май дар натиҷаи амалиёти нерӯҳои ҳукуматӣ кушта шуд.

Пас аз эътирози рӯзи 16-уми май дар Хоруғ, ҳукумат ба ин шаҳр нерӯи изофӣ фиристод, аммо гурӯҳе аз сокинони Рӯшон 17-уми май роҳи онҳоро бастанд. Ноҳияҳои Бадахшонро танҳо роҳе ба ҳам мепайвандад, ки дар лаби дарёи Панҷ воқеъ аст. Мардуми норозӣ гуфтанд, намехоҳанд, дар Хоруғ хунрезӣ шавад. Мақомот баъди як рӯз эълон карданд, ки “гурӯҳҳои ҷиноии мусаллаҳ” дар маркази Рӯшон як афсарро кушта, 13 касро захмӣ карданд. Инро далели оғози амалиёти зиддитерористӣ номиданд.

Дар ин ҳодиса ва баъди он дар Хоруғу Рӯшон, ба иттилои Ситоди байниидоравии таъмини амнияту тартибот дар Бадахшон, “16 нафар кушта ва беш аз 200 кас дастгир шуданд”. Манобеи мустақил аз кушта шудани беш аз 30 нафар ва боздошту шиканҷаи наздик ба 300 нафар хабар медиҳанд.

“Ҷасадро шинохта намешуд”

Аксар наздикони кушташудаҳо мегӯянд, “онҳо гуноҳ надоштанд”. Мақомот мегӯянд, онҳоеро куштанд, ки “силоҳ доштанд ва ба сӯи корвони низомӣ тир кушоданд”.

Акбаршо Муборакшоев мегӯяд, бародараш субҳи 18-уми май барои дастрас кардани пуле, ки духтараш аз Русия фиристода буд, ба бонк рафта буд. “Аз он тараф ҷасадашро оварданд. Ҷасадашро шинохта намешуд. Ҳамааш сӯхта буд. Ба ӯ мисли одамхӯрҳо рафтор карда буданд,” -- гуфт ӯ.

Муборакшоев бовар дорад, ки бародараш силоҳ надошт ва ҳатто бо худ “корд намегардонд.” Ӯ чаҳор моҳ пеш аз Русия баргашта, дар паҳлӯи хонаи бародараш манзил месохт. Се фарзанди муҳоҷираш дар Русия барояш пул мефиристоданд. Ҳоло хонаи навсохти ӯ холӣ аст ва ҷоест, ки ба гуфтаи Акбаршо Муборакшоев, ӯ менишинаду танҳо мегиряд.

Баъзе аз наздикони кушташудаҳо дар Рӯшон ҳанӯз дар ҳолати “шок” ҳастанд. Онҳо аз суҳбат бо рӯзноманигорон дар бораи ҳодисаҳо ва кушта шудани наздиконашон худдорӣ мекунанд. Ҳарчанд кушта шудани наздиконашонро маҳкум мекунанд, тасмими шикоят бурдан ба додгоҳу додситониро надоранд. Чанд нафари онҳо дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, шикоят “беҳуда аст” ва баръакс, “мушкилро бештар хоҳад кард”.

Шодӣ Зеваршоев, сокини дигари Деҳрӯшон, дар ин ҳодиса писари 22-солаашро аз даст додааст. Писари ӯ, Тоҷиддин Ҳусайниев, рӯзи 18-уми май дар Рӯшон кушта шудааст, аммо намедонад, дар чӣ шароите. “Чӣ даъво кунам. Чиро исбот мекунӣ. Ман аз куҷо медонам, ки чӣ гап шудааст, чӣ гап не. Насиб будааст, ҳамин хел шуд,” -- гуфт ӯ.

“Ҳукумат интихоби дигар надошт”?

Аз ҳодисаи Рӯшон беш аз як моҳ гузашт. Бисёре аз сокинони Рӯшон ҳукуматро ба анҷоми амалиёт ва марги сокинон маҳкум мекунанд. Дар ин миён баъзе аз сокиноне низ ҳастанд, ки назари дигар доранд ва мегӯянд, “ҳукумат интихоби дигар надошт”.

Искандар Айдаров, омӯзгори бознишаста аз деҳаи Пастхуфи ноҳияи Рӯшон, шоҳиди музокироти мақомот бо эътирозгарон будааст. Мо бо ӯ дар канори роҳи Рӯшон-Хоруғ вохӯрдем, ки дар замини картошкааш кор мекард. Айдаров мегӯяд, рӯзи 17-уми май барои харидани заҳрхимикат ба маркази ноҳия рафта буд ва дар он ҷо даҳҳо нафар ҷамъ шуда буданд.

“Монеъ шуданд, ҳамин хел вазъият шуд. Роҳи байнулмилалиро бастанд, итоат накарданд. Не ба раису не ба муовин. Гапи ягон касро нагирифтанд. Агар роҳро намебастанд, ин ҳодиса намешуд. Раиси ноҳия ба пешашон рафт, собиқадорон рафтанд, лекин гапро гӯш накарданд. Намекушоем гуфтанд,” -- гуфт ӯ.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Дар ноҳияи Рӯшон чӣ гузашт? Тафсилоти нооромиҳои ахир
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:36 0:00

Ин мард мутмаин аст, ки акнун “сулҳу оромии комил” ба Бадахшон баргаштааст. Деҳаи Пастхуф аз ҷумлаи деҳаҳои Рӯшон будааст, ки ба гуфтаи Искандар Айдаров ҳеч кас дар эътироз ширкат накард ва касе боздошт ҳам нашуд.

Дар деҳаҳое, ки сокинонаш боздошт ё кушта шудаанд, аксаран бархилофи ин сокини деҳаи Пастхуф андеша доранд. Як марди 45-солаи сокини деҳаи Вамар, маркази Рӯшон, ки нахост номаш ошкор шавад, дар суҳбати садоӣ гуфт, ин ҳодиса нишон дод, ки ҳукумат бо мардумаш музокирот намекунад ва ҳарфи онҳоро намешунавад.

“Мардум сахт рӯҳафтода шуданд. Мардум бо роҳи осоишта мехостанд, ки низомиён ба Хоруғ нараванд ва хун рехта нашавад. Ҳоло дили ҳама аз ҳукумат мондааст,” -- гуфт ӯ. Искандар Айдаров мегӯяд, ин андешаи онҳоест, ки дар деҳаашон нафаре кушта шудааст ва на ҳама мардуми Рӯшон чунин андеша доранд.

17-уми май чӣ шуд?

Ҳамкорони мо бо ҷавоне суҳбат карданд, ки рӯзи 17-уми май дар бастани роҳи Рӯшон ба самти Хоруғ ширкат кард, вале рӯзи дигар бинобар сабаби бемор шудани ҳамсараш ба ҷойи ҳодиса нарафт. Ӯ бо шарти зикр нашудани номаш дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “шаби 16-уми май сокинон аз ҳаракати корвони низомӣ аз самти ноҳияи Дарвоз хабар доданд.”

Ин корвони низомӣ ба сӯйи Хоруғ ҳаракат мекард. Рӯзи 16-уми май эътирози гурӯҳе аз сокинон дар Хоруғ ба хушунат печид ва дар натиҷаи он Замир Назришоев, сокини ин шаҳр кушта шуд. Мақомот гуфтанд, “ӯ ба сӯи кормандони пулис норинҷак партофт, ки се нафар маҷруҳ шуд ва худи ӯ дар ҳамлаи ҷавобӣ кушта шуд.”

Сокинони норозӣ рӯзи 14-уми май истеъфои раиси вилояти Бадахшону раиси шаҳри Хоруғ, таҳқиқи одилонаи ҳодисаҳои моҳи ноябри соли 2021 ва озодии боздоштшудаҳоро тақозо карда, гуфта буданд, дар сурати беэътиноии мақомот дубора тазоҳурот мекунанд. Намояндагони эътирозгарон ба мақомот то соати 16-и 16-уми май муҳлат доданд. Мақомот ин талабҳоро ғайриқонунӣ дониста, гуфтанд, онҳоро баррасӣ накарданд. Пас аз он эътирозгарон ба кӯчаҳо баромаданд, вале саркӯб шуданд.

«Шаб ба ҳар шиносе доштем, занг задем. Хостем, ба назди пули Вамар биоянд, то роҳи мошинҳои низомиро бигирем, ки дар Хоруғ хунрезӣ нашавад. Соати 7-и саҳар омадем ва дар ҳақиқат раиси ноҳияву собиқадорон омада, суҳбат карданд. Ҳамроҳони мо гуфтанд, ба мо кафолат диҳед, ки дар Хоруғ амалиёт намешавад, пароканда мешаем, вале касе чунин кафолат надод,» -- гуфт сокини деҳаи Вамар, ки нахост номаш зикр шавад.

Мусоҳиби мо, ки то нисфирӯзии 17-уми май бо эътирозгарон буд, мегӯяд, дар дасти касе силоҳ набуд, ба ҷуз «чанд чӯбдаст дар дасти ду-се ҷавон.»

Ҳукумат эълон кард, ки гурӯҳи мусаллаҳ рӯзи 17-уми май ба низомиён ҳамла кард.

Як тоҷири бозори марказии Хоруғ
Як тоҷири бозори марказии Хоруғ

Силоҳ буд ё набуд?

Як сокини деҳаи Вамар, ки дар як маркази хидматрасонӣ дар канори роҳи асосӣ кор мекунад ва нахост номашро зикр кунем, вале розӣ шуд, садояшро сабт кунем, гуфт, шоҳиди ҷамъ шудани сокинон буд: «Ҳамагӣ дар дасти ду бачаи ҷавон милтиқи шикорӣ дидам, ки дохили бинои мо шуданд, вале хоҳиш кардам, зуд бароед ва силоҳ нагиред. Намедонам, силоҳҳояшон тир дошт ё на. Лекин дигар дар дасти ягон нафар чизе надидам. Он силоҳҳое, ки дар телевизион нишон доданд, ба Худо ҳайрон шудем, ки аз куҷо омадаанд.»

Пас аз он ҳодисаи хунин дар Вамар зоҳиран зиндагӣ ба маҷрои хеш баргаштааст, ҳарчанд, тарси сокинон бештар шудааст. Дар маркази Вамар бо ҷавоне вохӯрдем, ки ду рӯз пеш аз ҳодиса аз Русия баргаштааст. Ӯ гуфт, муҳоҷирон барои даҳҳо кӯдаки маъюби Рӯшон пул ҷамъ карданд ва бояд ӯ пулро ба онҳо мерасонд.

«Ҳоло метарсам, ки пулро тақсим кунам. Метарсам, ки аз хориҷа пул овардаӣ гуфта, ҳабс накунанд. Хонаҳои моро кофтанд. Пурсиданд, кӣ аз куҷо омадааст ва дар куҷост. Дӯстони маро, ки дар эътироз иштирок надоштанд, вале он рӯз дар Вамар буданд, «барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ» ҷарима бастанд. Қариб 20 шиноси дигарам боздошт шудааст ва панҷ ҳамдеҳаамон кушта шудааст,» -- гуфт ин ҷавон.

Аксҳои бештарро дар инҷо бинед:

"Шаҳри моро бемард карданд"

Корвони низомӣ пас аз ҳодисаи Рӯшон ба самти Хоруғ ҳаракат кард. Сокинон мегӯянд, он рӯзҳо шаҳр пур аз низомиён буд. Рӯзи 22-юми май Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, як чеҳраи путарафдор дар шаҳри Хоруғ, дар шароити мармуз кушта шуд. Дар пай чанд узви «Комиссияи 44», иборат аз намояндагони ҷомеи шаҳрванд, ки моҳи ноябри соли гузашта барои таҳқиқи ҳодисаҳои охири он моҳ таъсис ёфта буд, боздошт шуданд.

Толиб Айёмбеков, полконики мустаъфӣ, Хурсанд Мазоров ва беш аз даҳ чеҳраи таъсиргузор ё боздошт шуданд ва ё кушта шуданд.

Гуланор, як сокини ноҳияи Роштқалъа, ки бо ӯ дар шаҳри Хоруғ вохӯрдем, мегӯяд, «шаҳри моро бемард карданд.» Вақте мо хостем, аксашро бигирем, иҷозат надод ва гуфт, «ҳоло инҷо одамонро танҳо барои дар ҷустуҷӯ додан акс мегиранд.»

Даромадгоҳи Хоруғ
Даромадгоҳи Хоруғ

Сайфиддин, сокини 38-солаи ноҳияи Шуғнон, ки ба гуфтааш, падараш солҳо дар ҳукумати Хоруғ кор мекунад, андешаи баръакс дорад. Ӯ гуфт, ки падараш ҳамеша ин гурӯҳоро танқид мекард ва онҳоро сабаби қафомондагии минтақа медонист. «Бовар дорам, ки акнун вазъият хуб мешавад ва ҳукумат озодона барномаҳои иқтисодиашро дар Бадахшон амалӣ мекунад,» -- гуфт ӯ.

Рӯзи 15-16-уми июн он корвони низомие, ки вориди Бадахшон шуда буд, ин минтақаро тарк кард. Дар дидбонгоҳҳои БДА дигар низомиён дида намешуданд ва дар Хоруғу Рӯшон низ ҳузури онҳо хеле кам буд, ки ба гуфтаи сокинон «чунин ҳолат камсобиқа аст.»

Бо ин вуҷуд, баъзе аз сокинон гуфтанд, ҳанӯз ҳам даъват ба бозпурсӣ ва боздоштҳо давом дорад. Зиндагӣ дар ВМКБ дубора ба маҷрои пешинаи худ бармегардад, вале осори ғаму ғусса ҳанӯз боқист.

Шарҳҳоро бинед (21)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Вобаста

XS
SM
MD
LG