Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бойҳо мехаранд, камбағалҳо тамошо мекунанд" ВИДЕО


Яке аз бозорҳои Душанбе
Яке аз бозорҳои Душанбе

Баъзе аз сокинон шикоят доранд, ки имсол, бо вуҷуди фаровонӣ, нархи мева дар бозорҳои Душанбе гарону дастнорас аст. Деҳқонҳо мегӯянд, ҳосили хуб гирифтанд, аммо маҳсулотро дар бозор на онҳо, балки тоҷирон мефурӯшанд. Масъулон бовар доранд, нарх барои омма муносиб аст.

Далели харидорон, деҳқонҳо ва масъулон

"Зӯри мардуми камбағал намерасад. Бойҳо мехаранду камбағалҳо тамошо мекунанд. Сабабаш инки назорат нест," -- шикоят кард Нусратулло Оқсақолов, сокини шаҳри Душанбе.

Мусоҳиби дигари мо дар пойтахт, Рустам Абдуллоев, низ бовар дорад, ки нархи ҳозираи мева ба ҷайби мардуми оддӣ мувофиқ нест: "Ягон чора бинанд, дар ҳақиқат, имсол мева хуб шудааст, аммо нархро бинед. 60-70 дарсади мардум камбағаланд ва онҳо аз чунин тарзи нархгузорӣ норозиянд."

Боғдорон тасдиқ мекунанд, ки имсол ҳосил хуб шудаасту маҳсули дасташонро дар сари замин ба харидорон арзон медиҳанд. Кишоварз Арбобуддин Қулдошов мегӯяд: "Килои олуро аз мо ба 1 сомонӣ хариданд. Баъд дидем, ки дар бозор ба 4-5 сомонӣ фурӯхтанд. Барои деҳқон ҳам мушкил аст. Маҳсулотро ба бозор мебарем, дар назди дар ғам медиҳанд. Яке "чек" мепурсад, дигаре ҷой намедиҳад."

Масъулони баъзе аз бозорҳои Душанбе иддао доранд, ки барои кишоварзон роҳро ҳамвор кардаанд, то мева бе миёнаравҳо ва ба нархи нисбатан арзон фурӯхта шавад.

"Нозирони мо миёнаравҳоро мешиносанд. Ин афрод пештар дар роҳҳо ва даромадгоҳи бозор маҳсулотро аз деҳқон гирифта, ба болояш ҳаққи худро мегузоштанду ба дигарон мефурӯхтанд. Ҳоло аз байн рафтааст," – нақл кард Мастон Шарипов, муовини мудири бозори "Деҳқон".

Наворро дар инҷо бинед:

"Барои камбизоат гарон аст"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:47 0:00

Нарх чӣ гуна гарон мешавад?

Дар ин бозор дар Душанбе як кило ангурро аз 8 то 30 сомонӣ мефурӯшанд. Як кило шафтолу аз 6 то 15 сомонӣ, анҷир аз 10 то 12 сомонӣ, олу 8 сомонӣ, тарбуз аз 15 то 30 сомонӣ ва себ 12 сомонӣ аст.

Ҳарчанд тоҷирону намояндагони бозор мегӯянд, ин мавсим нархи мева нисбат ба солҳои пеш арзон аст, сокинон бовар надоранд. Тоҷирон дар навбати худ мегӯянд, гоҳе то ба онҳо расидан, маҳсулот аз чанд даст мегузарад ва ҳар яке болои он ҳаққи худро мегузораду эҳтимол ин ба афзоиши қиматҳо сабаб шудааст.

Шаҳноза Иброҳимова ба тиҷорати мева машғул аст. Ӯ як кило гелосро ба 25-30 сомонӣ мефурӯшад. Иддао дорад, ки гелосро аз Суғд ва аз роҳи дур меоранд ва бино бар ин нархаш нисбатан гарон аст, аммо ба гуфтааш меваҳои арзон низ дорад.

"Агар шаб биёӣ, аз дасти деҳқон мегирӣ, лекин мо субҳ, соати 7-8 омада, аз яклухтфурӯшон мегирем. Онҳо аз деҳқонҳо мехаранд ва ҳаққи худро мегузоранд. Мо ҳам ба болои ҳар килои мева як сомонӣ изофа мекунем ва мефурӯшем," – афзуд ӯ.

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон моҳи июли соли гузашта хабар дода буд, ки наздик ба 100 ҳазор тонна мева гирифтаанд. Дар ин ниҳод гуфтанд, ин мавсим ҳосили мева нисбат ба як сол пеш хуб аст, вале омори ҷамъоварии он ниҳоӣ нашуд. Айни замон иттилоъ медиҳанд, ки имсол танҳо аз вилояти Суғд ба Русияву Қазоқистон 5 ҳазор тонна зардолуву шафтолу, себ ва гелосу олу фиристодаанд.

XS
SM
MD
LG