Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои нерӯгоҳи "Роғун" чархаҳои аврупоӣ мехаранд, вале бо кадом пул? ВИДЕО


Маҳалли сохтмони "Роғун"
Маҳалли сохтмони "Роғун"

Тоҷикистон истеҳсоли чор чархаи дигарро барои нерӯгоҳи "Роғун" ба ширкате дар Австрия супориш додааст. Ин тасмим дар ҳоле эълон шуд, ки Иттиҳоди Аврупо ҳафтаи гузашта гуфт, ба хотири коҳиши пойбандии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба сӯзишориву энержии Русия, мехоҳад, сохтмони “Роғун”-ро сармоягузорӣ кунад.

Ду чархаи аввали неругоҳи барқи обии "Роғун"-ро дар Украина сохта буданд, аммо ба сабаби ҳамлаи Русия ба ин кишвар ва идомаи ҷангҳои шадид, дастрас кардани таҷҳизоти дигар мушкил шудааст.

Ҷамшед Шоимзода, муовини аввали вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, рӯзи 12-уми июл дар нишасти матбуотӣ гуфт, "мо ба ширкате дар Австрия супориш додем. Албатта, масъалаи овардани турбинаҳо харҷи бештар мехоҳанд, аммо мутахассисон бояд бо таҷҳизоти аврупоӣ ҳам кор карда тавонанд."

Шоимзода дар идомаи суҳбат ва дар посух ба суоли хабарнигорон гуфт, музокирот барои сармоягузории тарҳи "Роғун" бо созмонҳои гуногун, аз ҷумла, Бонки Ҷаҳонӣ ва кишварҳои шарик ҳамчунон идома дорад.

Видеоро дар инҷо бинед:

Барои неругоҳи Роғун турбинаҳои аврупоӣ мехаранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:58 0:00

Тоҷикистон соли 2008 эълон карда буд, ки барои бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун 3 миллиард доллар зарур аст. Тӯли ин солҳо ҳазинаи бунёди нерӯгоҳ то ба 8 миллиард доллар афзудааст.

Ҷамшед Шоимзода аз эълони арзиши пурраи тарҳ худдорӣ кард, аммо "беқурбшавии пул ва болоравии нархи маҳсулот"-ро сабаби гаронӣ номид.

Пайрав Чоршанбиев, хабарнигору шореҳи иқтисодӣ, мегӯяд, мақомот то ҳол ба сокинон дар ин бора иттилои кофӣ намедиҳанд. Вале ҳамзамон афзуд, "ба фикри ман, раванди табиӣ аст. Натиҷаи беқурбшавии пул ва таваррум. Арзиши семент ва маҳсулоти дигари сохтмонӣ ҳам гарон шуд. Соли гузашта маоши коргарони дирексияи "Роғун" якбора панҷоҳ дарсад афзуд."

Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун", ки сохтмонаш соли 2016 аз сар гирифта шуд, дар сурати такмил метавонад, Тоҷикистонро ба яке аз фурӯшандагони нерӯи барқи обӣ дар минтақа табдил диҳад. Онро ширкати итолиёии "Вибайлд" месозад.

Дафтари матбуотии президент хабар дод, ки Тоҷикистон дар солҳои 2008-2021 ба бунёди "Роғун" беш аз 31 миллиард сомонӣ харҷ кардааст. Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯяд, барои идомаи сохтмон аз бонки олмонии Landesbank Baden ва швейтсарии Credit Suisse 340 миллион евро қарз мегиранд. Баъзе аз сокинону коршиносон ба шаффоф будани раванд бовар надоранд.

Ҳукумат соли 2010-ум 5 миллион саҳмияи нерӯгоҳи "Роғун"-ро ба маблағи 6 миллиард сомонӣ нашр карда, қисме аз онро ба омӯзгорону табибон, донишҷӯён ва кормандони идораҳои давлатӣ ба таври нимамаҷбурӣ фурӯхт. Мансабдорон хариди саҳмияҳоро иқдоми ватандӯстона талқин карданд, вале маърака дар пайи фишори созмонҳои молии байнулмилалӣ бас шуд.

XS
SM
MD
LG