Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабси ҷавони гумонбар ба куштани духтари 17-сола


Додгоҳи ноҳияи Советский дар Новосибирски Русия ҷавони гумонбарро ба қатли дӯстдоштаи 17-солааш ба ду моҳ ҳабс пешакӣ гирифта шудааст.

Ба навиштаи расонаҳои Русия, Хушнуд Ҳамроев “шаҳрванди Тоҷикистон аст”.

Се рӯз пеш расонаҳо навореро нашр карданд, ки дар он ҷавоне як духтарро бо чанд зарби корд зада, аз ҷойи ҳодиса гурехтааст.

Наворро дурбини як мошин сабт кардааст. Гумонбарро дар рӯзи ҳодиса дастгир карданд ва ӯ, ба гуфтаи мақомот, ба гуноҳаш иқрор шуд.

Мақомоти Русия гуфтанд, куштор бар пояи рашк рух додааст.

Раёсати корҳои дохилии ноҳияи Советский гуфт, модари духтар пеш аз ҳодиса чанд бор ба пулис муроҷиат карда, аз таҳдид ба ҷони духтараш хабар додааст, аммо мақомот чорае надидаанд.

Хабаргузории ТАСС рӯзи 28-уми июл аз қавли манобеаш дар ниҳодҳои интизомии Русия навишт, баръакс, зан барои ба ҷавобгарӣ кашидани ҷавон милисаҳо ёрӣ надодааст. “Ӯ гуфтааст, алайҳи ҷавон даъво надорад,” – навишт хабаргузорӣ.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG