Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Маънои сиёсӣ надорад." Чаро мехоҳанд номи Жамакро дигар кунанд?

Ифротгароӣ ба номи қадимаи деҳае дар Язгулом таҳдид мекунад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:21 0:00

Гузориши видеоӣ дар инҷост

Номи деҳаи Жамак (Жамаг) дар ноҳияи Ванҷ солҳои охир ба сабаби боздошти гурӯҳе аз зодагонаш бо иттиҳоми тундгароиву терроризм зиёд расонаӣ мешавад. Ҳоло ҳукумати ноҳия мехоҳад, онро дигар кунад. Ин баҳс дар Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон ҳам бархост.

"Мӯйро аз хамир ҷудо мекунанд"

Сахидод Раҳматуллозода, раиси Кумита, дар нишасти матбуотӣ гуфт: “Ин номро дар маҳал баррасӣ мекунанд. Маҳал пешниҳод мекунад ба вилоят, вилоят аз мо хулоса мегирад. Мо фикру хулосаҳоямонро чуқур ва аниқ омӯхта, баррасӣ карда, баъд хулоса медиҳем, ки номи Жамак иваз шавад ё нашавад.”

Дар чанд иттилои расмӣ, аз ҷумла дар мавриди сафари раиси ноҳияи Ванҷ ба деҳаи Жамак (Жамаг), далели ин тасмим “мутобиқ набудан” ба қонун “Дар бораи забони давлатӣ” гуфта шудааст. Раиси Кумитаи забон мегӯяд, ҳукуматҳои маҳаллӣ аз пеши худ наметавонанд номи деҳаву минтақаеро тағйир диҳанд.

Сахидод Раҳматуллозода
Сахидод Раҳматуллозода

“Мо вақте садҳо номи маҳалро иваз кардем, худамон сафарҳои кории махсус доштем. Бо мардум суҳбат кардем. Мо авестошинос ҳам дорем, бохтаршинос ҳам дорем, ки таърихи забонҳоро хуб медонад. Донишмандоне дорем, ки мӯйро аз хамир ҷудо мекунанд. Кумитаи забон ва истилоҳот имкон намедиҳад, ки номҳои таърихиву қадимие, ки маънои бисёр хубу мусбат доранд ва бо арзишҳои миллии мо ҳеч мухолифате намекунанд, инҳоро дигар кунанд,” – гуфт Сахидод Раҳматуллозода.

"Таърих моро намебахшад"

Жамак (Жамаг) вожаи марбут ба забони язгуломӣ дониста мешавад. Абдулқодир Алавӣ, зодаи ин деҳа ва ягона мутахассиси забони язгуломӣ мегӯяд, набояд номи деҳаву ҷамоату минтақа, балки бояд диду афкори мардумро дигар кард.

Абдулқодир Алавӣ
Абдулқодир Алавӣ

Ӯ афзуд: “Калимаи Жамаг ҳамреша бо калимаи Ҷамшед аст. Чунки дар замонҳои қадим вожаи Жамагро Ҷамаг ҳам мегуфтан. Ҷам ва жам. Ҷам ин шакли ҳамрешаи Ҷамшед аст. Гуё дар замони подшоҳии Ҷамшед ӯ хоҳаре доштааст бо номи Ҷамаг. Аг дар ин ҷо пасванди тасғир аст. Мо бояд ин калимаҳои зебо, номҳои зебоеро, ки ниёгон барои ин минтақа интихоб кардаанд, нигаҳдорӣ кунем. Вагарна таърих моро намебахшад.”

Ҳоло маълум нест бар ивази Жамак (Жамаг) чӣ номе барои ин деҳа пешниҳод шудааст. Қарор аст, 27-уми феврал Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз рӯйи пешниҳоди комиссияи номгузории вилоят сари тағйири номи Жамак тасмим бигирад.

Ҳукумати ноҳияи Ванҷ сабаби ин тасмимро шарҳ намедиҳад, вале сару садоҳое бархостааст, ки номи деҳа дар пайи кирдори баъзе аз зодагони деҳа тағйир дода мешавад. Абдулқодир Алавӣ гуфт: “Номи деҳа ё номи шаҳр чӣ гуноҳе дорад, ки иваз карда шавад. Агар ду бадахлоқ бошанд, ин маънии онро надорад, ки номи он иваз карда шавад. Дигар ин ки калимаи Жамаг ягон маънои сиёсӣ ва инқилобӣ надорад, баръакс номи зебо ва макони зебост”.

Язгулом
Язгулом

Жамак яке аз деҳаҳои дурдасттарини Язгулом аст, ки дар 87-километрии маркази ноҳияи Ванҷ қарор дорад. Дар чанд соли охир баъзе аз бошандагони деҳа бо иттиҳоми экстремизму терроризм боздошту зиндонӣ шудаанд.

Аз ҷумла, моҳи майи соли 2024 даҳҳо сокини деҳаро ба гуфтаи муовини вазири корҳои дохил барои робита ва узвият дар гуруҳи ифротгарои “Ансоруллоҳ” дастгир кардаанд. Худи сокинон баъзе иттиҳомҳоро рад мекунанд.

XS
SM
MD
LG