Баъди якуним моҳи бедарак шудан, ҷасади як сарбози нерӯҳои сарҳадии Тоҷикистонро пайдо карда ба наздиконаш додаанд. Шоҳдил Ҷӯразода 8-уми декабри соли гузашта аз дидбонгоҳи деҳаи Шоҳон дар марзи Тоҷикистону Афғонистон нопадид шуд ва Радиои Озодӣ рӯзи 22-юми январ дар ин бора гузориш дод.
Пайвандони Шоҳдил Ҷӯразода 24-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҷасади ин сарбозро аз бемористони ҳарбӣ ё "госпитал"-и Душанбе гирифта, ба зодгоҳаш шаҳри Панҷакент бурда, дафн карданд.
Ба наздикони ин сарбоз гуфтанд, ӯ дар дарёи Панҷ ғарқ шуда, ҷасадаш дар тарафи Афғонистон пайдо шудааст.
"Ба мо гуфтанд, ки Шоҳдил гӯё худкушӣ кардааст. Аммо мо ба ин бовар надорем. Додари ман ин корро намекунад, ӯ бо хоҳиши худаш ба хидмат рафта буд. Мо ҳатман ба мақомот шикоят мекунем то сабабҳои марги Шоҳдилро санҷида, гунаҳкоронро ҷазо диҳанд", - гуфт яке аз бародарони ин сарбози фавтида.
Мақомот дар бораи пайдо шудани ҷасади ин сарбоз ва сабабҳои фавти ӯ чизе нагуфтаанд.
Як манбаи огоҳ аз мақомоти интизомии вилояти Хатлон ҳафтаи равон ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи ҳодиса Шоҳдил бо ду-се сарбоз лаби дарё обгирӣ рафтаанд ва баъди гирифтани об Шоҳдил ба ҳамхидматонаш гуфтааст, ки шумо равед ман аз пас меоям, аммо барнагаштааст.
Ин бори аввал нест, ки дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон сарбозон бенишон мешаванд. Соли 2013 Аскаралӣ Саидов дар охирин рӯзҳои хидматаш дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон нопадид шуд. Мақомот парванда боз карда аз пайи ҷустуҷӯи ӯ шуданд. Сарнавишти ин сарбоз барои Радиои Озодӣ то ҳол маълум нест.