Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чиниҳо барнагаштанд ва роҳсозӣ дар Дарвоз қатъ шудааст


Чиниҳо рӯзи якуми декабр Тоҷикистонро тарк карда буданд.
Чиниҳо рӯзи якуми декабр Тоҷикистонро тарк карда буданд.

Роҳсозӣ дар бахше аз роҳи байналмилалии Душанбе-Чин дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз қатъ шудааст.

Ин қитъаи роҳ аз ҷониби роҳсозони чинӣ ва коргарони маҳаллӣ сохта мешуд, ки онҳо рӯзи якуми декабр пас аз як ҳамлаи мусаллаҳона аз хоки Афғонистон маҳали кори худро тарк карданд ва то ҳанӯз барнагаштаанд.

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар як посухи катбӣ рӯзи 5-уми январи соли 2026 ба Радиои Озодӣ қатъ шудани корҳоро тасдиқ кард. Ба гуфтаи Вазорат, бо ҳадафи “таъмини амнияти кормандони чинӣ” ва то “барқарор шудани амнияти пурра” муваққатан корҳои роҳсозӣ боздошта шудааст. Ҳоло дар ин мавзеъ танҳо коргарони маҳалӣ ба иҷрои корҳои ҳошияӣ машғуланд.

Дар ҳамлае ба роҳсозони чинӣ рӯзи 30-юми ноябри соли 2025 дар деҳаи Шодаки ноҳияи Дарвози ВМКБ ду роҳсози ширкати “China Road and Bridge Corporation” кушта ва ду тани дигар захмӣ шуда буданд. Ин роҳсозони чинӣ ҳамроҳ бо ширкатҳои маҳаллӣ қитъаи Қалъаи Хумб – Ванҷи шоҳроҳи Душанбе-Кулмаро месозанд.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар як изҳороте пас аз ин ҳамла онро "кори аъзои гурӯҳи мусаллаҳи террористӣ" номид, вале аз ҳеч созмоне ном набурд.

Сафири Чин дар Тоҷикистон Го Чжизюн, дар пайи ин ҳамла аз мақомоти Тоҷикистон хост, ки барои таъмини амнияти ширкат ва шаҳрвандони чинӣ “тамоми чораҳои заруриро биандешанд”.

Баъдан сафорати Чин дар Душанбе аз ҳамаи шаҳрвандонаш дар Тоҷикистон хост, ки марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро тарк кунанд.

Аз ин пештар, шаби 26-уми ноябри соли гузашта дар ҳамлаи дигаре аз қаламрави Афғонистон се шаҳрванди Чин дар қароргоҳи ширкати заршӯии "Шоҳин СМ" дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин кушта шуда буданд.

Дар пайи ду ҳодисаи кушта шудани шаҳрвандони Чин дар марз бо Афғонистон, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Амирхон Муттақӣ, вазири умури хориҷаи Толибон суҳбати телефонӣ анҷом дод ва ҷониби Толибон аз оғози таҳқиқи ҳодиса ва боздошт шудани чанд тан хабар доданд, вале то кунун маълум нест, ки таҳқиқ ба куҷо расидааст.

Қитъаи Қалъаихумб – Ванҷ, ки ҳоло кори сохтмониаш қатъ шудааст, бахше аз роҳи байналмилалии Душанбе-Кулма аст, ки Тоҷикистонро бо Чин мепайвандад. Ин роҳ аз ноҳияи Дарвоз то ноҳияи Рӯшон мерасад ва 109 километр тӯл дорад.

Вазорати нақлиёт ин қитъаро “яке аз душворгузартарин масирҳо дар ҷумҳурӣ” медонад, ки “солҳои тӯлонӣ таъмири асосӣ” нашуда буд.

Сохтомони ин роҳ моҳи сентябри соли 2022 оғоз ёфт ва масъулони Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе – Чанок, ки ин тарҳро татбиқ мекунад, мегӯяд, ки корҳои сохтмонӣ бояд 20-уми сентябри 2026 ба поён бирасанд. Аммо моҳи июни соли 2025 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ин роҳро ба баҳрабардорӣ супурд, ҳарчанд сохтмони ин роҳ то кунун идома дорад.

Бино ба иттилои расмӣ, бо сохтмони ду нақб ин роҳи 109 километрӣ то 92 километр кутоҳ мешавад. Бар асоси тарҳ дар ин қитъаи роҳ 14 пул ва 5 долони зидди тарма сохта мешавад.

Шуморе аз ронандагони нақлиёти мусофиркаш ба самти ВМКБ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки бино ба мушоҳидаи онҳо ба кор барнагаштани роҳсозони чинӣ нигаронии онҳоро бештар кардааст, ки шояд соли 2026 низ сохтмони роҳ ба поён нарасад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG