Ҷузъиёти ҳамлаи маргбор ба коргарони чинӣ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ошкор шуд. Дар натиҷаи ҳамлаи афроди мусаллаҳ аз кишвари ҳамсоя дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар шаби 26-уми ноябр 3 шаҳрванди Чин кушта шуданд.
Се манбаи алоҳида дар мақомот ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки як шаҳрванди дигари Чин дар ҷараёни тирандозӣ сахт захмӣ шудааст ва дар шифохонаи марказии шаҳри Кӯлоб бистарист. Ба қавли мақомот, ки нахостанд, номашон бурда шавад, сафири Чин дар Тоҷикистон рӯзи 27-уми ноябр ба аёдати шаҳрванди кишвараш омадааст. Ҷасади қурбониёни ҳамларо аз Кӯлоб ба Душанбе бурдаанд, то аз онҷо ба ватанашон интиқол диҳанд.
Қурбониёни ҳамла аз 30 то 45-сола будаанд ва ба қавли мусоҳибони Радиои Озодӣ тири зиёде хӯрдаанд. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 27-уми ноябр гуфт, ҳамла шаби 26-уми ноябр аз қаламрави Афғонистон ба қароргоҳи кормандони ширкати заршӯии "Шоҳин СМ" дар сурат гирифт.
Ба қавли вазорат, ҳамла бо аслиҳаи оташфишон ва зоҳиран паҳпод ё дронҳои хурди қотил сурат гирифтааст. Вазорат ҳамларо қотеона маҳкум карда аз Толибони ҳоким дар Афғонистон хостааст, ҷиҳати таъмини суботу амният дар сарҳад “тадбирҳои муассир биандешад.”
Таҳқиқи ҳодиса идома дорад ва ба гуфтаи манбаъҳо, ки баъди ҳодиса бо дастури сафири Чин коргарони боқимондаи чинӣ дар корхонаи “Шоҳин СМ” воқеъ дар дараи Зарбуз дар соҳили рӯдхонаи Панҷ ба Душанбе баргаштаанд.
Ин маҳал бо вилояти Бадахшони Афғонистон ҳаммарз аст. Моҳи ноябри соли гузашта ҳам дар натиҷаи ҳамла афроди мусаллаҳ ба ин корхонаи заршӯӣ як шаҳрванди Чин кушта ва чаҳор каси дигарашон ва як шаҳрванди Тоҷикистон захмӣ шуда буданд.
Гуфтугӯ