Дар ҳамлае дар марзи Тоҷикистону Афғонистон се шаҳрванди Чин кушта шудаанд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 27-уми ноябр дар баёнияе гуфт, ҳамла шаби 26-уми ноябр аз қаламрави Афғонистон ба қароргоҳи кормандони як ширкати истихроҷи тило бо номи "Шоҳин СМ" дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин сурат гирифт.
Дар баёнияи вазорат омадааст: "Ҳамлаи мазкур бо истифода аз силоҳҳои оташфишон ва дастгоҳи парвозкунандаи бесарнишини муҷаҳҳаз бо нориҷак амалӣ гаштааст. Дар натиҷаи он се корманди ҶДММ "Шоҳин СМ" - шаҳрвандони Чин - ба ҳалокат расиданд."
Вазорати умури хориҷӣ ҳамла ба қаламрави Тоҷикистон ва марги се шаҳрванди Чинро қотеона маҳкум карда, аз "Толибон"-и ҳоким дар Афғонистон хостааст, ҷиҳати таъмини суботу амният дар сарҳад “тадбирҳои муассир биандешад.”
Дар баёнияи вазорат омадааст, бо "вуҷуди талошҳои мунтазами ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзи амният ва эҷоди фазои ҳамкории мутақобилан судманд дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон, амалҳои гурӯҳҳои ҷинояткори воқеъ дар қаламрави он кишвар барои халалдор намудани вазъи сарҳадӣ идома доранд."
Як сол аз ин пеш, рӯзи 18-уми ноябри 2024, маҳз дар ҳамин минтақа гурӯҳҳои мусаллаҳ дар сарҳад ба шаҳрвандони Чину Тоҷикистон ҳамла карданд. Дар натиҷа як шаҳрванди Чин кушта, панҷ тани дигар захмӣ шуданд, ки фақат яке аз онҳо шаҳрванди Тоҷикистон аст.
Дар айни замон Вазорати умури дохилии “Толибон” дар Афғонистон дар як баёнияи расмӣ рӯзи 27-уми ноябр хабар додааст, ки ҳайате аз ин кишвар бо раҳбарии волии вилояти Бадахшони Афғонистон ва Мавлавӣ Абдулманнон Ҳасан, яке аз фармондеҳони нерӯҳои марзбонии Афғонистон ба Тоҷикистон сафар кардаанд.
Дар ин баёния омадааст, ки ҳангоми сафар ба Вилояти Бадахшони Тоҷикистон ва мулоқот бо ҳайати мақомоти расмиву марзбонӣ масоили ҳамкорӣ дар посбонии марз баррасӣ шудааст. Дар аксҳое, ки ҳукумати “Толибон” нашр кардааст, ҳайатҳои калоне аз ду тараф нишастаанд, аз ҷумла Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ ва ҳам афроди зиёди низомипӯши дигар. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ин бора ҳеч хабаре надодааст.
Баъди ба сари қудрат омадани "Толибон" заршӯӣ ва истихроҷи тило дар соҳили дарёи Панҷ зиёд шуд. Дар баробари шаҳрвандони Афғонистон чиниҳо ҳам дар он ҷо тило меҷӯянд ва гурӯҳе аз онҳоро ба далели убури ғайриқонунии марз боздошт ҳам кардаанд.