Фу Кунг, намояндаи Чин дар Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 10 декабр дар нишасти Шӯрои Амнияти СММ дар мавриди Афғонистон, аз ҳукумати Толибон хостааст, ки дар бораи кушта шудани шаҳрвандони ин кишвар дар марз бо Тоҷикистон, таҳқиқ кунад. Чин ҳамчунин аз Тоҷикистон ва Толибон талаб кардааст, ки назорат дар марзро тақвият намоянд.
Рӯзҳои 26 ва 30 ноябр аз хоки Афғонистон ба ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистон ду ҳамла анҷом шуда, панҷ шаҳрванди Чин кушта ва панҷ тани дигар захмӣ гаштаанд. Онҳо дар як корхонаи заршӯйӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва ширкати роҳсозӣ дар ноҳияи Дарвоз кор мекарданд.
Намояндаи Чин дар нишасти Шӯрои Амният гуфтааст, ки ҳарчанд бар асоси гузориши Созмони Милали Муттаҳид талошҳое барои мубориза бо ДОИШ дар Афғонистон сурат гирифтааст, аммо гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ ва Таҳрики Толибони Покистон ҳамчунон дар ин кишвар фаъол ҳастанд ва ҳамлаҳоеро алайҳи кишварҳои ҳамсоя тартиб дода ва иҷро мекунанд.
Ӯ гуфтааст, ки Толибон бояд мавзуи терроризмро ҷиддӣ бигирад ва терроризмро аз хоки Афғонистон решакан кунад.
Аз ин қабл, сафири Чин дар Тоҷикистон, Го Чжизюн, аз мақомоти Тоҷикистон хоста буд, ки барои таъмини амнияти ширкат ва шаҳрвандони чинӣ "тамоми чораҳои заруриро биандешанд".
Сафири Чин дар Кобул ҳам бо масъулони Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати "Толибон" дар пайванд ба кушта шудани шаҳрвандони ин кишвар дар марзи Тоҷикистону Афғонистон сӯҳбат карда ва гуфта буд, "омилони ин ҳодиса мехоҳанд, робитаҳоро байни Чин ва Афғонистон халалдор кунанд".
Рӯзи 2-юми декабр Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷии ҳукумати "Толибон" дар тамос бо Сироҷиддин Муҳриддин, ҳамтои тоҷикаш гуфт, ки "баъзе ҳалқаҳо" талош доранд ба робитаҳои рӯ ба рушди ду тараф осеб бизананд.
Муттақӣ афзуд, Толибон омодааст дар таҳқиқоти муштарак дар бораи раванди кушта шудани шаҳрвандони Чин дар хоки Тоҷикистон бо ин кишвар ҳамкорӣ кунанд.
Гурӯҳи "Толибон" дар пайи ҳамлаи шоми 30-юми ноябр ба роҳсозони чинӣ дар ҳудуди ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гуфт, ки ду танро дар пайванд ба ин ҳодиса дар ноҳияи Моймайи Бадахшони Афғонистон боздошт кардаанд. Ин гурӯҳ иддао кардааст, ки таҳқиқот дар ин бора оғоз шудааст.
Боз гузашти беш аз ду ҳафта ин ҳамлаҳо, то кунун ҳеч гурӯҳе масъулияти онҳоро ба дӯш нагирифтааст. "Толибон" ҳам ҳарчанд ваъда додаанд, ки ҳодисаро таҳқиқ мекунанд, аммо то кунун аз натиҷаҳои он хабаре нашр накардаанд.
Гуфтугӯ